Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз блогерони тоҷик мехоҳанд, барои бозӣ дар Ютуб иҷозатнома бигиранд


Рамзи Ютуб
Рамзи Ютуб

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, лото ва бозиҳои дигари бурдноке, ки блогерони тоҷик дар YouTube ташкил кардаанд, "ғайриқонунӣ аст". Ба иддаои онҳо, ташаббускорон барои ташкили лото ва бозиҳои дигари бурднок дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз иҷозатнома (литсензия) надоранд.

Пас аз чанд вақт ҳамсояашро ғолиби озмун гуфта, мошини худашро дар навор ба ӯ туҳфа мекунад ва шояд дар ивази ин кор ба ӯ як миқдор пул медиҳад.
Файзалӣ Сафаров

Блогерони тоҷик гуфтанд, ташкили лотову озмунҳо як сарчашмаи даромади онҳост, аммо айни замон таъкид карданд, ки аксар билетҳо дар хориҷ, аз ҷумла Русия, фурӯхта мешавад, на дар Тоҷикистон.

Шарҳи расмӣ

Дар Раёсати ҳуқуқи Вазорати молияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "барои ташкили лото, лоторея ва бозиҳои бурднок дар Тоҷикистон бояд аз Вазорати молия иҷозатнома бигиранд." Вагарна, ба таъкиди онҳо, "фаъолияташон ғайриқонунист ва ҷаримаву ҷазоро дар пай дорад."

Мусоҳиби мо дар Раёсати ҳуқуқи Вазорати молия афзуд, ба зудӣ ба қонуни марбут ба ин соҳа тағйиру иловаҳо ворид карда, блогерону ташаббускорони дигари бозиҳои бурднокро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ютуб, "ба фаъолияти қонунӣ" водор мекунанд.

Вазорати молияи Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ташкили лоторо бе муҷаввиз ғайриқонунӣ мешуморанд, маъмурияти YouTube дар қоидаҳои худ марбут ба ташкили озмунҳо гуфтааст, "ширкат бояд ройгон бошад" ва ба қоидаҳои ташкили лото дар кишвари иқомат мутобиқат кунад.

Билет дар хориҷа, ҷоиза дар Тоҷикистон

Моҳҳои охир ташкили лото ва бозиҳои дигари бурдноки молӣ тавассути шабакаи YouTube ва аз сӯи блогерони тоҷик афзоиш ёфтааст. "Борода.тҷ", "Барон", "Авлод-Медиа", "Замонавӣ Медиа" ва даҳҳо блогеру саҳифаҳои дигар дар YouTube бозиҳои бурдноку лото ташкил кардаанд.

Онҳо маъмулан мошинҳои дасти дувум, ҷоизаҳои пулӣ ва телефони мобил ва ҳатто хонаи истиқоматиро ба ҳайси ҷоиза эълон мекунанд. Баъдан билетҳоро бо нархи аз 100 то 200 сомонӣ ва ё аз 1 ҳазор то 3 ҳазор рубл ба фурӯш мегузоранд.

Зоҳиран харидорони билети ин гуна озмунҳо муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳастанд ва, бино бар ин, дар аксар маврид нархи билет бо рубли русӣ муайян карда мешавад. Аммо барандагони лото дар Тоҷикистон эълон шуда, ҷоизаҳоро низ дар инҷо месупоранд.

Файзалӣ Сафаров, блогери собиқадори тоҷик аз ноҳияи Сангвор, гуфт, ташкилкунандагони лото баъзан корбаронро "фиреб медиҳанд".

"Масалан, блогер метавонад мошини худ ва ё ҳамсояашро ба навор гирифта, бозии бурднок ташкил кунад. Баъд ҳама билет мехаранд. Фарз кардем, бо нархи 50 рубл. Пас аз чанд вақт ҳамсояашро ғолиби озмун гуфта, мошини худашро дар навор ба ӯ туҳфа мекунад ва шояд дар ивази ин кор ба ӯ як миқдор пул медиҳад", -- гуфт мусоҳиби мо рӯзи 16-уми апрел.

Блогери тоҷик афзуд, маъмурияти YouTube озмунҳоеро, ки барои ширкат дар он пул талаб мешавад, манъ кардааст, аммо ба қавли ӯ алгоритм ва ё зеҳни сунъӣ дар ҳама ҳолат пай намебарад, ки озмун пулакӣ аст: "Аз ин рӯ, саҳифаҳои лотову бозиҳои бурднокро намебандад."

"Чаро бояд дар Тоҷикистон иҷозатнома гирем?"

Аммо созмондиҳандаҳои бозиҳои бурднок дар Ютуб мегӯянд, бозиҳояшон шаффоф ва бидуни фиреб аст ва тамоми равандро ба навор гирифта, дар пахши мустақим ба тамошобинон намоиш медиҳанд.

Масъулони саҳифаи Tajmix, ки низ бозиҳои бурднок ташкил мекунанд, гуфтанд, танҳо аз роҳи бозиҳои ростин ва бидуни фанду фиреб боварии тамошбинонро ба даст овардаанд. Онҳо нахостанд, номашон бурда шавад, вале гуфтанд, аксар харидорони онҳо дар хориҷа ҳастанд ва мепурсанд, "чаро бояд дар Тоҷикистон иҷозатнома гиранд?"

Талаби иҷозатнома аз блогерон барои ташкили бозиҳои бурднок аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан чанде аз блогерони шинохтаро ба супурдани андоз ё молиёт уҳдадор карданд.

Масъулини Кумитаи андоз моҳи феврали имсол ва ҳангоми нишасти хабарӣ гуфтанд, фаъолияти 29 саҳифаи марбут ба блогерҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкор кардаанд, ки матлабҳои онҳоро аз 3 то 19 миллион бор тамошо кардаанд.

Кумита ба соҳибони ин саҳифаҳо то моҳи апрел муҳлат дод, ки аз даромади худ андоз супоранд.

Баъзе аз блогерон гуфтанд, тасмими мақомот ба кисаи блогерони навкор зарба мезанад. Онҳое низ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуначӣ ё пайрав (подписчик)-и зиёд ва даромади муайян доранд, зарар мебинанд.

XS
SM
MD
LG