Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости "Тоҷикфилм" аз YouTube барои назорати блогерони тоҷик


"Тоҷикфилм" кӯшиш дорад, ки муҳтавои видеои блогерони тоҷикро дар Ютуб назорат кунад. Мақомоти андоз мегӯянд, онҳо мисли ҳар шаҳрванди дигари Тоҷикистон бояд молиёт супоранд. Баъзе аз видеоблогерон бо ҳарду ақидаи мақомот розӣ нестанд ва онро навъе фишор ва кӯшиши ҷорӣ кардани сензура медонанд.

Идораи давлатии "Тоҷикфилм" ба унвонии маъмурияти шабакаи YouTube нома навишта, дархост кардааст, ки бе мувофиқа бо онҳо видеоҳои блогерони тоҷикро нашр накунанд. Масъулони “Тоҷикфилм” мегӯянд, аз муҳтавои видеоҳои бархе аз блогерҳо "шармашон меояд".

Иддаое, ки худи блогерон қабул надоранд ва мегӯянд, он чизеро сабту нашр мекунанд, ки бештар ба худу муштариёнашон писанд ​аст.

Носир Раҳмон
Носир Раҳмон

Мақомот: Зидди фаъолияти блогерҳо нестем, аммо...

Носир Раҳмон, мудири муассисаи давлатии "Тоҷикфилм", охири ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи қонунгузории кишвар барои истеҳсол ва нашри маводи аудиовизуалӣ, яъне видеороликҳо таҳиягарон бояд иҷозатнома бигиранд. Ӯ гуфт, зидди фаъолияти видеоблогерҳо нестанд, аммо аз муҳтавои пасти бархе аз видеоҳо нигаронанд.

“Мо муҳтавои видеоҳои онҳоро бояд бинем. Баъзан видеоҳои онҳоро тамошо карда, кас шарм медорад. Видеоҳое, ки аз ҷумҳуриҳои дигар дар Ютуб мегузоранд, мебинед ва роҳат мекунед. Аммо аз мо “колхоз шуда рафтааст”, -- иброз дошт ӯ.

Ютуб дар Тоҷикистон марказ надорад. Носир Раҳмон гуфт, намояндагони Ютубро гӯё дар Қазоқистону Русия пайдо карда ва ба онҳо нома фиристодаанд, ки баъзе аз маводро бе иҷозати онҳо нашр накунанд.

Файзалӣ Сафаров, блогери тоҷик дар Ютюб. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Файзалӣ Сафаров, блогери тоҷик дар Ютюб. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Аз нархи гову гӯсфанд то ҷанҷолҳои лафзӣ

Солҳои охир дар шабакаи Ютуб даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон саҳифаи худро боз карда, дар онҷо навору барномаҳо мегузоранд. Мавзуъҳое, ки блогерони тоҷик даст мезананд, гуногун аст. Аз нархи мошин гирифта, то нархи гӯсфанд ва хонаҳои фурӯшӣ дар Тоҷикистон.

Инчунин блогерҳое ҳастанд, ки дар бораи табиати кишвар барнома омода мекунанд ва навидҳои охиринро аз олами шоу-бизнес баррасӣ менамоянд. Ҷанҷолҳои лафзӣ ва баҳси байни блогерҳо бахши дигаре аз кори онҳост.

"Чаро бояд иҷоза пурсам?"

Саидҷон Юсуфзод, ҷавони тоҷик, дар YouTube саҳифа дорад ва мегӯяд, сабту нашри видеоҳо як шуғли дӯстдоштааш аст. Вай мегӯяд, “ин саҳифаро худам таъсис додам, навору маводе, ки ба ман писанд аст, ҳамонро нашр мекунам. Ягон қонунро вайрон намекунам, чаро бояд аз касе ё идорае барои ин кор иҷоза пурсам?”

Саидҷон эътироф мекунад, баъзе аз навору видеоҳое, ки блогерон дар шабака нашр мекунанд, меъёрҳои ахлоқро нақз мекунад. Аммо мегӯяд, ин баҳонае барои назорати комили блогерон буд наметавонад.

“Вақтҳои охир видеоҳое ба мисли “зани шавҳардорро ҳангоми зино қапиданд”, “келинро бо марди бегона ёфтанд” зиёд шудааст. Баъзеҳо ба хотири чанд сум ҳамин хел видеоҳои беобрӯкунандаро мегузоранд. Ман ҷонибдорам, ки ҳамин хел саҳифаҳоро танзим кунанд. Барои он шикоят ба Ютуб кофист, то баъди баррасӣ видеоро гузорад ё ин ки ҳазф кунад”, -- мегӯяд Юсуфзод.

Коршинос: "Бо чунин талаб бори дигар кишварро шарманда мекунем"

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, афзоиши шумори блогерҳо дар YouTube падидаи нек аст ва талоши “Тоҷикфилм” ҷиҳати зери назорат гирифтани ин раванд, як навъ кӯшиши ҷорӣ кардани сензура аст.

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, видеоблогерҳо маводи касбӣ намесозанд ва аз нуқтаи назари расонавӣ ё меъёрҳои синамо баҳогузорӣ ба кори онҳо хато аст.

“Аз ҷиҳати дигар, бо зиёд шудани блогерони тоҷик сифати корашон низ беҳтар мешавад. Ҳоҷат нест, ки мақомот бори дигар бо чунин амалҳои ғайримантиқӣ кишварро дар назди олам шарманда кунанд”, -- хулоса кард ӯ.

"Ҳоло андоз намесупоранд"

Завқибек Шодиён
Завқибек Шодиён

Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтанд, видеоблогерҳои тоҷик дар Ютуб мисли ҳар шаҳрванди дигари кишвар бояд аз даромади худ андоз супоранд. Завқибек Шодиён, як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, қонуни андоз махсус барои блогерҳо тарҳи алоҳидаи пардохти андозро надорад, аммо онҳо мисли ҳар шаҳрванди дигаре, ки даромад мегиранд, “бояд молиёт супоранд”.

“Ҳама гуна даромади шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохилу хориҷ андозбандӣ мешавад. Пинҳон кардани даромад ва сарпечӣ аз пардохти андоз ҷавобгарӣ дорад”, -- гуфт ӯ.

Ин масъули кумита мегӯяд, блогерҳо ба мисли соҳибкорони дигар шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва ё патент гирифта, андозро месупоранд. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз видеоблогерҳои тоҷик дар Русия ҳастанд ва даромади худро аз Ютуб асосан тавассути кортҳои бонкии ин кишвар мегиранд. Ҳанӯз маълум нест, мақомот даромади онҳоро чӣ гуна ҳисоб мекунанд ва чӣ гуна молиёт мегиранд.

Чигуна сафи блогерҳои тоҷик дар Ютуб афзуд?

Соли 2018 маъмурияти YouTube тасмим гирифт, тақрибан 60 дарсади даромаде, ки аз ҳисоби реклама ё таблиғ дар саҳифаҳои офарандагони контент ба даст меорад, ба соҳибони он пардозад. Овозаи имконияти пул кордан анбуҳи блогерҳои тоҷикро ба YouTube кашонд.

Ҳоло дар ин шабакаи иҷтимоӣ садҳо ҷавони тоҷик саҳифаҳои худро доранд ва пайваста дар он видео нашр мекунанд ва бинандагонро беист ба обуна шудан ба саҳифаи худ ва “лайк” гузоштан ташвиқ мекунанд.

Саҳифае, ки дар YouTube беш аз ҳазор обуначӣ ва дар як соли охир тамошобинон видеоҳои ӯро на кам аз 4 ҳазор соат тамошо кардаанд, имкони даромад гирифтанро дорад. Дар ҳавзаи пасошӯравӣ айни замон маъмурияти YouTube барои ҳазор тамошо (просмотр) аз 20 то 50 сент медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG