Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогерҳои тоҷикро андоз мебанданд, вале ҳоло маълум нест чӣ гуна. ВИДЕО


Молиёт аз блогерони тоҷик, вале чӣ гуна?

Чанде аз блогерҳои тоҷик мегӯянд, мақомот аз онҳо дар бораи чӣ қадар пул кор кардан пурсида ва гуфтаанд, ҳар шаҳрванд бар асоси қонун бояд аз даромадаш андоз супорад.

Эҳтимоли ситондани молиёт аз блогерон дар Тоҷикистон, онҳоеро, ки аз Инстаграму Ютуб ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ пул ба даст меоранд, нигарон кардааст.

Аз мо пурсиданд, ки аз куҷо ва чӣ миқдор даромад дорем. Дар бораи Youtube ва Instagram пурсиданд.
Рафаэл Гулов

Дар Кумитаи андоз ҳоло ин иттилоъро тасдиқ намекунанд ва расман ҳам эълон нашудааст, ки блогерон бояд андоз супоранд. Вале чанде пеш дар Тоҷикистон андоз аз хадамоти электронӣ ҳукми қонунӣ гирифт. Тибқи он ширкатҳои байнулмилалие, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, уҳдадор мешаванд, аз даромади худ 18 дарсад андоз аз арзиши иловашуда ё НДС супоранд.

Рафаел Гулов, блогери шинохтаи тоҷик, чанде пеш барои машварат дар бораи молиётситонӣ аз блогерон ба Кумитаи андоз даъват шудааст. Ба қавли ӯ, мақомоти андоз гуфтаанд, мехоҳанд, блогерҳоро ба супурдани 6 дарсад андоз аз даромад муваззаф кунанд, вале мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.

"Сӯҳбат кардем. Аз мо пурсиданд, ки аз куҷо ва чӣ миқдор даромад дорем. Дар бораи Youtube ва Instagram пурсиданд. Фаҳмонданд, ҳар шаҳрванде, ки даромад дорад, бояд ба давлат андоз супорад. Фикр мекунам, ин дуруст аст", -- афзуд ӯ.

Блогери дигар, Шоира Пӯлодова, мегӯяд, сарусадо дар бораи эҳтимоли андозситонӣ аз блогерон аз чанд сол пеш миёни ӯ ва ҳамкасбонаш вуҷуд дошт. Ба гуфтаи ӯ, касе намехоҳад пулашро аз даст бидиҳад, вале агар ин тартиб қонунӣ шавад, бояд онро риоя кунанд.

Блогери тоҷик ба ин бовар аст, ки тасмими мақомот махсусан ба кисаи блогерони навкор зарба мезанад. Вале онҳое низ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуначӣ ё пайравон (подписчик)-и зиёд ва даромади муайян доранд, зарар мебинанд.

“Барномаву тарҳҳои зиёдеро ба шакли хайрия баргузор мекунем. Аз сӯйи дигар, дар як шаҳри хурд зиндагӣ мекунем. Хешовандону дӯстони зиёде дорем, ки аз мо хоҳиш мекунанд, моли мағозаҳои онҳоро дар саҳифаҳои худамон бепул тарғиб кунем. Мо аксаран барои ин корҳо пул намегирем ва намедонам, ин ҳама чӣ гуна андозбандӣ мешавад", – таъкид кард Шоира Пӯлодова.

Масъулони соҳаи андоз ҳоло дар бораи молиётситонӣ аз блогерон суҳбат намекунанд. Вале масъалаи андозбандӣ барои фаъолиятҳои интернетӣ хеле боз дар баррасии мақомот қарор дорад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Блогерҳои тоҷикро андоз мебанданд, ҳоло маълум нест чӣ гуна
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, дар таҳия ва тасвиби ин тарҳ мушкиле намебинад, вале ба гуфтаи ӯ, қонуни андоз аз хадамоти электронӣ”, ки чанде пеш дар кишвар ҳукми қонун гирифт, коромад нест.

Бар пояи он, ба гуфтаи коршинос, ширкатҳои байналмилалӣ, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, уҳдадор мешаванд, худро дар Кумитаи андоз сабт карда, аз даромади худ ҳисобот ва андоз супоранд. "Дар YouTube, масалан, навҳаи тиҷоратӣ кардани шабакаҳо аз Тоҷикистон вуҷуд надорад. Бинобар ин, тоҷикистониён аз роҳҳои дигар истифода мекунанд. Масалан, саҳифаи худро аз кишварҳои дигар, масалан, Русия сабти ном мекунанд. Аз ин нигоҳ, ин бозор ҳанӯз дар он сатҳе нест, ки аз он андоз ситонида шавад", -- афзуд Рустам Гулов.

70 дарсади даромади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз ё молиёт аст. Ба фарқ аз соли пеш, имсол хароҷоти буҷаи кишвар 140 миллион доллар афзоиш ёфт. Барои пур кардани буҷа, ба гуфтаи Гулов, ба Кумитаи андоз супориш шудааст, роҳҳои нави андозситониро ёбанд.

Дар шароите, ки вазъи молӣ дар кишвар хуб нест (баъзе аз ширкатҳо баста ва даромади мардум кам шудааст) талош мешавад, ин пул аз блогерону ширкатҳои хориҷӣ ба даст оварда шавад.

Дар Тоҷикистон соли 2020-ум 24 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ карданд, вале дар ҳамин ҳол ҳукумат 15 корхонаи бузургро дар кишвар аз супурдани андоз дар соли 2021 озод кард. Номи муассисони ширкатҳо фош намешавад, вале расонаҳо иттилоеро ёфтаанд, ки баъзе аз ин ширкатҳо ба мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ва ё пайвандони онҳо тааллуқ доранд.

XS
SM
MD
LG