Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳқонон мегӯянд, хуб аст, агар ваъдаи президент иҷро шавад. ВИДЕО


Деҳқонон мегӯянд, хуб аст, агар ваъдаи президент иҷро шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Видеоро дар инҷо тамошо кунед

Бисёре аз кишоварзони тоҷик бекор кардани андоз ё молиёти ягонаи заминро муҳим медонанд, аммо мегӯянд, ин фурсат хеле кӯтоҳ аст. Таҳлилгарон мегӯянд, андози ягона аз замин маблағи чандон бузурге барои буҷаи кишвар нест ва кумаке ба кишоварзон аст, агар аз роҳҳои дигар ва иҷборан ситонида нашавад.

Ҳикматуллоҳ Солеҳов, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, хоҷагии деҳқонӣ ва беш аз 7 гектар замин дорад. Дар се гектари он зироатҳои гармхонаӣ парвариш мекунад ва боқӣ барои шоликорӣ истифода мешавад.

Ӯ рӯзи 28-уми январ гуфт, ҳар сол барои ин заминҳо ҳудуди шаш ҳазор сомонӣ андоз ё молиёт медиҳад ва тақрибан 30 дарсади он андози ягона аз замин аст. "Дар гармхона асосан помидору бодиринг мепарварем. Тухмии онҳоро аз Ҳолланд мехарем, ки гарон аст. Баъдан барои хубу бозоргир шудан, аз пору ва доруҳои гарон истифода мебарем", -- нақл кард ӯ.

Хабари дар соли 2021 озод кардани кишоварзон аз андози ягонаи замин Ҳикматуллоҳ Солеҳов ва деҳқонони дигарро хушҳол кардаанд. Солеҳов акнун ният дорад, ин маблағро барои харидани дору сарф кунад.

Тоҷикистон бо молиёт ё андозҳои баланди худ аз сӯйи созмонҳои байнулмилалӣ ҳамеша танқид мешавад. Андозсупорандагон аз зиёд будани навъу миқдор ва печидагиҳои молиётдиҳӣ ва тафтишҳои пайиҳами нозирон шиква мекунанд. Беш аз як сол аст, ки ваъдаи ислоҳи Кодекси андоз ва сабукӣ ба андоздиҳандагон садо медиҳад, аммо ҳанӯз амалӣ нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар паёми солонааш гуфт, имсол кишоварзонро аз андози ягонаи замин озод мекунанд ва ҳадаф аз ин тасмимро "дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ" шарҳ дод.

Маблағи андози замин дар Тоҷикистон солона ҳудуди 200 миллион сомонӣ ё муодили тақрибан 20 миллион доллар аст. Ба назари Каримҷон Ахмедов, иқтисоддон ва муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон, ки ҳоло дар Канада кору зиндагӣ мекунад, агар ҳадаф афви андозӣ аст, пас, бояд ин меъёрҳо иҷро шаванд ва набояд ба соҳибкорон фишор овард.

"Ин андоз нисбатан маблағи калоне нест. Аз ҳисоби он ба буҷаи давлат 200 миллион сомонӣ ворид мешавад. Вале, дар ҳақиқат, иқдоми хуб ҳам ҳаст. Агар ин кор воқеан ҳам анҷом шаваду мақомоти маҳаллӣ ин андозро иҷборан аз кишоварзон наситонанд, дастгирии хубе хоҳад буд", -- гуфт ӯ дар суҳбат бо телевизиони "Настоящее Время".

Таҳлилгарон мегӯянд, агар пардохт аз андози ягонаи замин на барои як сол, балки дастикам барои панҷ сол бекор карда мешуд, шояд дар танзими нархи маҳсулот ва афзоиши тавлидоти кишоварзӣ воқеан мусоидат мекард.

Соли 2020 дар Тоҷикистон дар сояи ҳамагирии коронавирус болоравии бесобиқаи нархҳо, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ба мушоҳида расид, ки ба буҷаи хонаводаҳо зарбаи сангине ворид кард.

Низоми андозбандии Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дар садро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

XS
SM
MD
LG