Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дигарон мардумро дастгирӣ мекунанд, дар мо – баръакс." Баҳси соҳибкорон бо моликони бозори Истаравшан. ВИДЕО


Бозори марказии шаҳри Истаравшан
Бозори марказии шаҳри Истаравшан

Тоҷирони бозори марказии шаҳри Истаравшан аз гарон шудани қимати иҷораи дӯкону растаҳо шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, бозор ягона ҷойи кор ва сарчашмаи даромади онҳост, вале дар се моҳи охир моликони бозор ду дафъа қарордодро иваз кардаанд. Раиси бозор гуфт, дар ин ҷо ҳеч қонуншикание нест.

Бурҳон Махсумов, ошпазе дар бозори марказии Истаравшан, мегӯяд, тибқи шартнома ҳар моҳ 650 сомонӣ ба иҷора медод, аммо дар се моҳи охир ба он 70 сомонии дигар зам шудааст. "Мавсими сармо асту савдо чандон пурравнақ нест. Кори бозор низ фоидаи зиёд намеорад. Обро мехарем, ҳаққи посбону пули кашондани партовро медиҳем", -- мегӯяд ӯ.

Меъёри Хадамоти зиддимонополӣ?

Пеш ҳар моҳ 350 сомонӣ ҳаққи иҷора месупоридам, акнун 500 сомонӣ талаб доранд.

Раиси нави бозор Бахтиёр Саидзода рӯзи 19-уми январ афзоиши қимати иҷораи дӯкону растаҳоро қонунӣ донист. Ӯ афзуд, се моҳ пеш ба кор сар кард ва дид, ки нарх бо меъёрҳои таъйинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон (аз соли 2013) мувофиқ набудааст. "Барои ҳар як метри мураббаъ на кам аз 30 сомонӣ муайян гардидааст. Пештар соҳибони ягон нуқта ин талаботро риоя намекарданд", -- ҷавоб дод ӯ.

Аммо фурӯшандагон баланд шудани нархи иҷора ва хадамоти бозорро "худсарии раиси нав" номида ва мепурсанд, агар талаботи Хадамоти зиддимонополӣ дуруст буд, чаро дар шаш ё ҳафт соли гузашта риоя нашудааст? Бахтиёр Саидзода мегӯяд, намедонад, чаро дар гузашта ин талабот риоя нашудааст, вале ба дурустии тасмимаш пофишорӣ дорад.

Азизҷон Раҷабов дар бозор нонпаз аст. Ӯ мегӯяд, ба илати бемории саратон ҳафт дафъа кимиёдармонӣ шуда, ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм 108 сомонӣ нафақа мегирад, вале ҳар моҳ барои дӯкони нонпазиаш 120 сомонӣ молиёт ё андоз медиҳад. Маъмурони бозор аз ӯ низ хостаанд, барои ҷойи ба иҷорагирифтаи худ пули бештар пардозад.

"Пеш ҳар моҳ 350 сомонӣ ҳаққи иҷора месупоридам, акнун 500 сомонӣ талаб доранд. Ман маъюб ҳастам ва ин пулро супорида наметавонам. Ҳар рӯз ду халта ордро нон карда, мефурӯшам. Орд ва ангишт гарон аст, аммо дар ин бора ҳеч кас гап намезанад. Як кило ангишт 2 сомонӣ аст", -- гуфт ӯ.

Навори баҳси соҳибкоронро дар инҷо бинед:

"Гуфт, пул медиҳӣ, гуфтам, не намедиҳам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Растаҳои хусусӣ ё аз "Тоҷикматлубот"?

Фурӯшандагон мегӯянд, дар ҳоле ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 ва баста будани марзҳо мол ба кишвар кам меояд ва мардум ҳам қудрати пешинаи харид надоранд, давлат бояд ба онҳо мадад кунад ва аз варшикастагӣ ҳифзашон намояд.

Зайниддин Аҳмадҷонов, гӯштфурӯше дар бозори Истаравшан, мегӯяд, "дар шароити ҳозира ин нархҳо вазнинӣ мекунад. Ҳоло ҳама давлатҳо мардумашро дастгирӣ мекунанд, дар мо баръакс аст".

"Ба куҷо муроҷиат кунем ва моро кӣ дастгирӣ мекунад? Ҳозир бозор аз они худашон аст ва чанд пул хоҳанд, нарх мегузоранд. Вақте мардум наояд ва савдо набошад, аз куҷо пули иҷора диҳем?” – мепурсад Бурҳон Махсумов, ошпази бозор.

Бозори марказии Истаравшан тобеи идораи "Тоҷикматлубот" аст ва беш аз 450 дӯкону растаро дар бар мегирад. Масъулони бозор мегӯянд, қисми зиёди дӯконҳо хусусӣ шудаанд ва дар бозор наздик ба 30 дӯкон ва чанд раста тобеи "Тоҷикматлубот" асту бас.

XS
SM
MD
LG