Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иртибот бо ҷаҳон тавассути VPN. Интернетро кӣ масдуд мекунад? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Сокинони Тоҷикистон ба пайваста масдуд шудани вебсайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ одат кардаанд, вале кайҳо ҳалли мушкилро ҳам дар истифодаи VPN ва ё қуфлшиканҳо ёфтаанд.

Ягона камбудӣ ин аст, ки дар ин ҳолат харҷи Интернет зиёдтар ва суръаташ ҳам суст мешавад.

Яке аз онҳое, ки ҳамин василаро барои роҳ ёфтан ба вебсайтҳои баста ба кор мебарад, гуфт: “Дӯстам гуфт, ки қуфлшикан насб кун ва ман кардам. Инстаграм бе мушкил кор мекард. Баъдан Инстаграм худ ба худ боз шуд.

"Ин як кори маъмулӣ шудааст"

На фақат писарони ҷавон, балки духтарон ҳам роҳи вуруд ба вебсайту шабакаҳои бастаро ёфтаанд. “Ман намедонам, ҳама тариқи VPN ворид мешаванд. Даромадан имкон дорад” - мегӯяд яке аз ин духтарон.

Аммо моҳҳои ахир дар Тоҷикистон на танҳо вебсайтҳо балки, худи қуфлшиканҳоро низ масдуд мекунанд. Барномасозони тоҷик мегӯянд, ин маҳдудсозиҳо таъсири кӯтоҳмуддат дорад, зеро бастани ҳамаи роҳҳо имконнопазир аст ва сокинон дар пайдо кардани барномаҳои нави қуфлшикан озмуда шудаанд.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

«Ин як кори маъмулӣ шудааст. Ман ҳайрон намешавам агар 70-80 дар сади аҳолӣ бемушкил ва бо истифодаи қуфлшиканҳо ба вебсайтҳои баста ворид шаванд”, - мегӯяд Рустам Гулов, блогнависи тоҷик.

Ҳарчанд вебсайтҳо ба таври мудавом масдуд мешаванд, аммо касе масъулияти ин корро ба ӯҳда намегирад. Чанд моҳ пеш Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, ки чунин ташаббус бо пешниҳоди ширкатҳои мобилӣ ва фароҳамкунандаҳои Интернет сурат мегирад, аммо ширкатҳо ин гуфтаҳоро рад карданд. Дигар касе ин мавзӯъро шарҳ надод.

Масъули бастану истифодаи қуфлшиканҳо кист?

«Мо борҳо бо чунин суол муроҷиат кардем, вале, мутаассифона, ягон посухи мушаххас нагирифтем. Дар Тоҷикистон Маркази ягонаи коммуникатсиониро таъсис доданд. Манбаъҳои мо аз ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, маҳдудият тариқи ҳамин марказ сурат мегирад», -мегуяд Зулфия Голубева, хабарнигори тоҷик.

Корбарон:"Интернет ҳам гарон аст ва ҳам дастнорас"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Маркази ягонаи коммутатсионӣ тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст. Аз ин бармеояд, ки дар паси маҳдудиятҳо мақомот меистанд. Блогнависҳо ва рӯзноманигорони тоҷик мегӯянд, мақомот бо ин кор ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрасӣ ба маълумотро поймол мекунанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

«Яъне маълум мешавад, ки дар зинаҳои болоӣ дар бораи гуногунандешиву демократия ҳарф мезананд, аммо мақомдорони алоҳида онро маҳдуд менамоянд. Мардум чунин амалро хуб намепазиранд", - мегӯяд Зулфия Гулова.

Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, "мақомот намегузоранд, корбарон аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд. Ҳарчанд феълан ин ягона пойгоҳ барои расонидани ҳарф ба гӯши мақомот аст. Бубинед, мардум наворҳоеро мегузоранд, ки бадрафторӣ ба занонро нишон медиҳад ва вазорати корҳои дохилӣ ҳам фавран ба он вокуниш мекунад."

Бештари тоҷикистониҳо аз қуфлшиканҳои ройгон истифода мекунанд. Корбарон намехоҳанд, барои истифодаи Интернет пули барзиёд бидиҳанд. Нархи Интернет дар Тоҷикистон баландтарин дар минтақа маҳсуб меёбад. Ба ҳисоби миёна як гигабайти он ду доллар аст, аммо айни замон суръати интернет аз заифтаринҳо дар ҷаҳон аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG