Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаҳои "порнографӣ" ва динӣ - лонаи вирусҳои интернетӣ дар Тоҷикистон


Аксар ташкилоту идораҳо дар Тоҷикистон аз барномаҳои компютерии бидуни муҷаввиз истифода мебаранд, ки дар забони оддӣ инро "дуздӣ" ҳам мегӯянд. Коршинсон мегӯянд, истифодаи барномаву нармафзорҳои ғайрирасмӣ кишварро аз ҷиҳати амнияти иттилоотӣ осебпазир мекунад.

Тоҷикистон дар феҳристи "нигарониҳои хос"

Палатаи савдои Амрико Тоҷикистонро дубора ба феҳристи 24 кишвари дунё ва Whatch list ворид кардааст, ки дар он ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ риоят намешавад ва ба ҳамин хотир ҳам онҳо мавриди нигаронии хос боқӣ мемонанд. Дар гузориши тозаи Палатаи савдои Амрико, ки вазъи риояи ҳуқуқ ба моликияти зеҳниро дар кишварҳои ҷаҳон баррасӣ мекунад, гуфта шудааст, ки исми Тоҷикистон соли 2017 шартан аз ин рӯйхат берун шуда буд.

Коршиносони фанновариҳои нав мегӯянд, ин ки аксар идораву ташкилотҳои Тоҷикистон, чӣ хусусӣ ва чӣ давлатӣ аз барномаҳои тақаллубӣ - ба истилоҳ "пиратский" истифода мекунанд, ҷои пинҳон надорад.

Ин ниҳоди амрикоӣ бо ваъдаи мақомоти Тоҷикистон, ки дар давоми соли 2017 назорат ва ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳниро пурзӯр мекунанд, номи кишварро аз қатори кишварҳои поймолкунандаи моликияти зеҳнӣ пок кард. Аммо муаллифони гузориши тозаи Палатаи савдои Амрико навиштаанд, Тоҷикистон дар давоми соли 2017 ислоҳоти заруриро барои ҳимояи моликияти зеҳнӣ роҳандозӣ накард ва номи кишвар дубора ба қатори кишварҳои "мавриди нигаронӣ" ворид шуд.

Дар гузориши Палатаи савдои Амрико гуфта мешавад, Тоҷикистон аз чораҳои муассире кор намегирад, ки "аз истифодаи барномаҳои дуздӣ дар идораву оҷонсиҳои давлатӣ пешгирӣ кунад". Зимнан солҳои тӯлонӣ дар Whatch list ва ё кишварҳои поймолкунадаи ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ боқӣ мондани Тоҷикистон хатари зери таҳрим қарор гирифтани кишварро бештар мекунад.

Вазорати фарҳанг: "Ҳуқуқи муаллиф риоят мешавад"

Бар иловаи Эъломияи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ки Тоҷикистон онро тасвиб кардааст, кишвар соли 2013 ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат пайваст ва бори дигар ӯҳдадор шуд, ки моликияти зеҳниро ҳимоят ва аз мавридҳои дуздӣ шудани он ҷилавгирӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон Вазорати фарҳанг ба ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ машғул аст. Нӯъмон Набизода, роҳбари шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои муаллиф ва моликияти зеҳни ҳимоят мешаванд". Набизода нахост аз ин бештар сӯҳбат кунад.

Коршинос: "Баъзе масъулон ба мушкил "аз паси панҷа" менигаранд"

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

Бархе коршиносон мегӯянд, дар асл масъулони кишвар ба ин мушкил "аз паси панҷа" нигариста, паймадҳои онро ҷиддӣ намегиранд. Рустам Гулов, коршиносони фанновариҳои нав мегӯяд, ин ки аксар идораву ташкилотҳо, чи хусусӣ ва чӣ давлатӣ аз барномаҳои тақаллубӣ - ба истилоҳ "пиратский" истифода мекунанд, ҷои пинҳон надорад.

"Дар таҷрибаи корӣ ман то ба ҳол надидаам, ки дар ягон идораи давлатӣ ва ё ташкилоти ғайридавлатӣ аз барномаҳои литсензионӣ ва ё қонунӣ истифода кунанд. Ҳамагӣ барномаҳои ғайриқонунӣ ҳастанд ва ин паёмади ногувор дорад",-афзуд Гулов.

Гулов мегӯяд, ҳама гуна барномаҳои ғайрирасмиро, ки дар интернет ва дискҳо бо қимати 10-15 сомонӣ фурӯхта мешаванд, ҳаккерҳо (рахнагарони компютерӣ) бо ҳадафи дуздии иттилоъ паҳн мекунанд. Рахнагарон, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, калиди рамзии барномаи летсензиониро шикаста, аз он даҳҳо нусха месозанд ва пул кор мекунанд. Гулов мегӯяд, рабудани иттилоъ аз компютерҳое, ки барномаи литсензионӣ надоранд, кори бисёр осон аст.

Чигуна маълумот ба дасти ҳаккерҳо меафтад?

"Дар идораҳо аксар компютерҳо барномаҳои зиддивирусӣ надоранд. Бар замми ин, бархе аз кормандон гоҳо ба сайтҳои порнографӣ ва ё мазҳабӣ ворид мешаванд, ки лонаи вирусҳо аст. Дар натиҷа компютерҳо ба вирус олуда шуда, иттилооти муҳим, аз ҷумла сиррӣ ба дасти ҳаккерҳо меафтад"-, гуфт Гулов.

Ин мутахассиси тоҷик мегӯяд, ҳангоми тақсимоти будҷа дар аксар ташкилотҳо барои харидории барномаҳои компютерӣ, ки аксаран нархи гарон доранд, пул ҷудо намешавад ва аз ин, рӯ аксарият аз барномаҳои тақаллубӣ истифода мекунанд.

Гулов мегӯяд, барномаҳои литсензионӣ, ба мисли Microsoft office, як барномаи антивирус ва як архиватор барои як сол ҳадди аққал 3 ҳазор сомонӣ нарх дорад. Аксари сокинон ва ташкилотҳо чунин имконияти молӣ надоранд.

Аммо Рустам Гулов мегӯяд дар паҳнои интернет як зумра барномаҳои ройгоне ва ё бе литсензионии ройгон низ вуҷуд доранд, ки корбарон дар Тоҷикистон метавонанд онро насб ва бидуни нақзи қонун аз онҳо истифода намоянд.

XS
SM
MD
LG