Пайвандҳои дастрасӣ

Ситора: "Раҳбаладии зан дар ҷомеаи мардсолори тоҷик кори осон нест"


Ситорабону Набиева

Ситора Набиеваи 33-сола, яке аз камтарин занҳои тоҷик аст, ки унвони "Беҳтарин роҳбалади Тоҷикистон"-ро дорад. Вале то расидан ба ин мартаба дар 11 соли гузашта тамоми мушкилу хатарҳои як роҳбалади воқеиро паси сар кардааст. Борҳо аз тарма худро халос карда, сайёҳони хориҷиро дар пушташ аз дарё гузарондааст, ё аз садамаи автомобилӣ ҷон ба саломат бурда, ба саволҳои ноҷои мардон дар бораи машғулияташ посухҳо додааст.

Бисёр таҳқир мешунидам, ҳарфҳои бад мегуфтанд. Ҳатто ҷое буд, бо ангушт ишора карда, гуфтанд, чӣ гуна падару модараш иҷозат медиҳанд, ки дар миёни мардҳои зиёд худаш танҳо бошад

Вале мегӯяд, тамоми ин муддат меҳри ӯ ба машғулияташ бештар шудаасту кам – не. Вай қаблан дар чандин созмони байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба ҳайси тарҷумони забони англисӣ кор кардааст. Ситора мегӯяд, тамоми ин муддат падару модараш аз кори ӯ пуштибонӣ кардаанд ва ҳамин дастгирӣ ӯро дар баробари танқидҳои бархе афроди суннатӣ, ки мегӯянд, кори роҳбаладӣ "ба як духтари тоҷики хона" зебанда нест, устувор кардааст.

Ситорабону Набиева
Ситорабону Набиева

"Бисёр таҳқир мешунидам, ҳарфҳои бад мегуфтанд. Ҳатто ҷое буд, бо ангушт ишора карда, гуфтанд, чӣ гуна падару модараш иҷозат медиҳанд, ки дар миёни мардҳои зиёд худаш танҳо бошад", - афзуд ӯ.

Ба нақли Ситора, чунин бархӯрд ӯро нороҳат ва рӯҳафтода мекард. Зиёд мегирист ва мехост аз машғулияташ даст бикашад. Вале, ба гуфтаи ӯ, "модарам, ки аълочии маориф аст, насиҳат мекард, ки агар имрӯз саратро хам кардӣ ва даст аз орзуҳоят кашидӣ, дар зиндагӣ ҳаргиз муваффақ намешавӣ."

Ӯ мегӯяд, дар гузашта ба таэквандову футбол ва бозии теннис шавқи зиёд дошт ва омодагии ҷисмонӣ барояш дар убури саддҳои зиёд хеле ёрӣ мекунад.

Ситора гуфт, тӯли ин солҳо тамоми гӯшаву канори Тоҷикистонро давр зада, ба гурӯҳҳои бешумори сайёҳони хориҷӣ роҳбаладӣ кардааст. Дар баландтарин кӯҳҳои Помир буда ва дар сардтарин мавзеъҳои Мурғоб шабро рӯз намудааст. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ махсусан барои роҳҳои пурхатари манотиқи куҳии Тоҷикистон ба ин кишвар сафар мекунанд. Дар чунин роҳҳо аксаран мошинҳо вайрон шуда, Ситора гоҳе чандин шабро дар кӯҳҳои сард низ паси сар намудааст.

​Вай нақл мекунад, ки дар яке аз чунин сафарҳо дар ноҳияи Мурғоб ӯ бо бабри барфӣ ҳам рӯбарӯ шудааст. "Вақте ронанда барои пайдо кардани қисматҳои шикастаи мошин ба маркази ноҳия рафт, танҳо мондам. Шабонгоҳ садои харошидани тиреза баланд шуд ва вақте ки фурӯзонакро равшан кардам, ду бабри барфиро дидам. Аз тарс дар борхалата ҳар хӯрдание, ки доштам аз тирезаи пушти мошин ба берун ҳаво додам."

Ситора мегӯяд, дар тӯли 11 соли кори роҳбаладиаш ҳеҷ мушкили усулие дар кори худ эҳсос накардааст. Танҳо аз назари кор дар шаҳр ва манотиқи кӯҳӣ шароити кору ҳаракаташ бо ҷаҳонгардон фарқ мекунад. "Сафар ба манотиқи берун аз шаҳру кӯҳистонҳои кишвар табиатан сангинтар аст, омодагии хос талаб мекунад, вале то ҳол ҳеҷ мушкили хосе нашудааст", - гуфт ӯ. Вай афзуд, ҳоло худро як устоди соҳаи туризм ҳам эҳсос мекунад ва метавонад, ки аз пайи тарбияи шогирдон бошад. Вале медонад, ҳамоно духтарони шавқманди кор дар соҳаи роҳбаладии туристӣ ангуштшуморанд.

Ситорабону Набиева
Ситорабону Набиева

Як сирри дигари муваффақияти Ситора дар варзишгар буданаш аст. Ӯ мегӯяд, дар гузашта ба таэквандову футбол ва бозии теннис шавқи зиёд дошт ва омодагии ҷисмонӣ барояш дар убури саддҳои зиёд хеле ёрӣ мекунад.

Ба қавли ин мусоҳиби мо, барои он сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, ҷинси роҳбалад муҳим нест. Фақат гоҳо бонувони ҷаҳонгард аз кишварҳои исломӣ тарҷеҳ медиҳанд, ки роҳбаладашон зан бошад. Вай ёд меорад, ки соле пеш як маҷаллаи австралиягӣ дар муқовааш акси Ситораро нашр карда, ду саҳифаро ба кори ӯ бахшидааст. "Барои ман ин хабар ғайриинтизор буд. Ҳатто тасаввур намекардам, ки дар ҳайати яке аз гурӯҳҳои сайёҳон хабарнигори австралиягӣ ҳам будааст ва дар бораи ман мавод чоп мекунад", - афзуд ӯ.

Ситора бо ин вуҷуд ноумед нест ва мегӯяд, дари дилашро барои он номзаде боз мекунад, ки ишқи ӯро ба кору ҷаҳонгардӣ дарк ва қабул намояд.

Ҳоло Ситора Набиева ширкати сайёҳии худро дорад, вале ба фаъолияти роҳбаладияш идома медиҳад. Ӯ мегӯяд, бо шурӯи мавсими саёҳат дар Тоҷикистон, ки аз баҳор то тирамоҳ идома мекунад, вақти зиёдаш берун аз хона ва дур аз падару модар мегузарад.

Ба гуфтаи Ситора, ӯ то ҳадде зиндагии шахсии худро қурбони фаъолияти роҳбаладияш кардааст: "Нафарони зиёде мехоҳанд, бо ман оила барпо кунанд, вале дар назди ман ваё падару модарам шарт мегузоранд, ки бояд кори худро тарк намоям. Аммо ман машғулиятамро хеле дӯст медорам ва тарки он хеле мушкил аст." ​Ситора бо ин вуҷуд ноумед нест ва мегӯяд, дари дилашро барои он номзаде боз мекунад, ки ишқи ӯро ба кору ҷаҳонгардӣ дарк ва қабул намояд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG