Пайвандҳои дастрасӣ

Барои тағйири зиндагӣ атфол ва риояи ҳуқуқи онҳо, дар Тоҷикистон стратегия ё дурнамои нав таҳия мешавад. Мақомоти кишвар мегӯянд, ин бори аввал аст, ки чунин як стратегияи махсус барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии кӯдакон ва наврасон махсус қабул карда мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз таҳияи стратегия ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва наврасон аст. Раҷабмоҳ Бадриддинова, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳияи ин стратегия моҳҳои наздик шурӯъ шуда, то 4-5 соли ояндаро дар бар хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, “мақсад аз таҳияи стратегия мусоидат барои беҳтар шудани вазъи риояи ҳуқуқи озодиҳои кӯдакон дар Тоҷикистон ва бештар аҳамият додан ба самтҳое аст, ки дар он мушкилотҳо мавҷуданд. Мо ҳоло муайян карда истодаем, ки дар ин стратегия кадом самтҳоро афзалиятнок мешуморем. Ба кӯдаконе, ки аз гурӯҳҳои осебпазир ҳастанд, аз ҷумла кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда ва кӯдакони маъюбиятдошта, бештар афзалият медиҳем.”

Раҷабмоҳ Баҳриддинова.
Раҷабмоҳ Баҳриддинова.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мегӯяд, аз замони таъсиси ин ниҳод дар соли 2016, то ҳол дар Тоҷикистон ҳолатҳои дағалона вайрон кардани ҳуқуқи кӯдакон ба қайд гирифта нашудааст. Аммо коршиносон ва волидайн ба иддаои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак розӣ нестанд ва мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳолатҳои зиёди вайрон кардани ҳуқуқи кӯдакон ба чашм мерасад.

Коршиносон ва ҳуқуқдонҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои кӯдакон, аз ҷумла ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил ва манзил дағалона вайрон карда мешавад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, ҳатто боздошти кӯдакон ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдани онҳо нодуруст ва ба равони онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Зафар Абдуллоев, яке аз падароне мебошад, ки мегӯяд, ҳуқуқи фарзандони ӯ қаблан аз сӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дағалона вайрон шуда буд.

-Ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон дар бисёр ҷой нақз мешавад. Барои мисол, 2 сол қабл фарзандони маро, ки ҳамчун волонтёр ё ихтиёрӣ бархе эълонҳоро дар кӯчаҳо паҳн мекарданд, аз сӯи кормандони милитсия боздошт шуда буданд. Ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул шудани ноболиғон манъ аст, аммо дар ҳеҷ куҷо фаъолияти волонтёрии онҳо манъ нашудаст. Аз ин рӯ боздошти онҳо ғайриқонунӣ буд. Дар идораи ба ҷойи узр пурсиданд, дар нисбати ман ба ҳайси як падари “бемасъулият” мехостанд санад тартиб диҳанд, аммо пас аз дахолати роҳбарият онҳо маро бо фарзандонам раҳо карданд,”

Зафар Абдуллоев.
Зафар Абдуллоев.

Ба андешаи бархе аз ҳуқуқдонҳо, қонунгузорӣ дар самти риояи ҳуқуқи кӯдакон ҳамаи муқарраротро пешбинӣ кардааст, аммо мушкил дар иҷроиши қонун мебошад.

Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои тоҷик аз нақзи ҳуқуқи кӯдакони тоҷик чанд мисол овард ва гуфт, ки масалан дар вақти ҷудошавии зану фарзанд кӯдак ҳатман бо модаре, ки бехонаву дар аст, мемонад. Талабаҳое, ки мактабро тамом мекунанд, мушкили идомаи таҳсил ва пайдо кардани ҷойи кор доранд. Падару модар ба андозаи тавони худ барои фарзандонашон шароитро муҳайё мекунанд, вале дар шароити кунунӣ, талабот ва дархости онҳоро бароварда намекунад.

Таҳлилгарон махсусан аз нақз шудани ҳуқуқӣ кӯдакон барои дастрасӣ ба таҳсил таъкид мекунанд. Аммо Раҷабмоҳ Бадриддинова, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳолатҳои дастрасӣ ба таҳсил надоштани кӯдакон мушоҳида нашудааст.

Ҳафтае қабл "Мемориал" -- як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, дар як гузориши тозаи худ гуфта буд, ба далели муҳоҷирати волидон, кӯдакони тоҷик аз дидори онҳо барои моҳҳо ваё солҳо маҳрум буда, "аз таҳсил дур мешаванд", "хушунат мебинанд" ва гоҳо аз тангдастии аъзои дигари хонавода, ба хона-интернат меафтанд.

Тасмими таҳияи стратегияи нав аз ҷониби Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки масъалаи ҳуқуқи кӯдак ҳамвора яке аз масоили доғ дар Тоҷикистон будааст. Созмонҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи маданӣ ҳамеша аз мавориди хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон, истифода аз нерӯи кории онҳо ва ҳамчуни камбуди ғизои атфоли тоҷик, нигаронӣ кардаанд.

Бино бар охирин пажӯҳише, ки аз сӯи кумитаи омори Cозмони ҷаҳонии меҳнат анҷом шудааст, аз 2, 2 миллион кӯдаки аз 5 то 17- сола, 23 дар сад ё 552 ҳазор нафараш вориди бозори кор шуданд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, вазъи кӯдакон дар солҳои ахир вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ ва бозгашти муҳоҷирон, бадтар шудааст.

Дар доираи мубориза бо кори кӯдакон, ҳамасола дар кишвар миёни кӯдакони оворагарду коргар рейдҳо гузаронида мешавад. Кӯдакон аз бозору хиёбонҳо аз ҷониби пулис боздошт ва волидони онҳо барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷарима мешванд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG