Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯй дар 9-солагӣ. "Намедонистам, издивоҷ чӣ ҳаст..."


Дар саросари ҷаҳон дар ҳар ҳафт сония як духтари то 15-соларо ба шавҳар медиҳанд. Як хонуми 22-солаи эронӣ, ки дар 10-солагиаш бо амри волидон издивоҷ кардааст, азобҳои равонии издивоҷ дар хурдсолиро ба Радиои Озодӣ нақл кард.

Дар саросари ҷаҳон дар ҳар ҳафт сония як духтари то 15-соларо ба шавҳар медиҳанд. Як хонуми 22-солаи эронӣ, ки дар 10-солагиаш бо амри волидон издивоҷ кардааст, азобҳои равонии издивоҷ дар хурдсолиро ба Радиои Озодӣ нақл кард.

Лайло гуфт, аз рӯзи ҷашни арӯсӣ хотироти каме дорад, вале маросим барояш мисли бозӣ ба назар мерасид. Бо хатми ҷашни арӯсӣ, фақат чизе, ки мехост, ин буд, ки ба хонаашон пеши падару модар баргардад.

Дар назари аввал зиндагии Лайло ва Алӣ як достони зебои ишқӣ аст. Ду хурдсоле, ки дар як русто дар Эрон бузург шудаанд, ошиқи ҳам мешаванд ва издивоҷ мекунанд. Вақте Лайлову Алӣ домоду арӯс шуданд, аввалӣ 10 сол дошт ва дувумӣ 15 сол. “Хоб будам, нисфи шаб буд. Ҳамсояамон дарро зад, омад, ҳалқа овард ва ба ангуштам кард. Издивоҷи ман ҳамингуна буд”, – гуфт Лайло дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Лайло номи воқеиаш нест, чун намехоҳад, барои ҷомеа ошкор шавад.

Лайло 12 сол боз аст, ки шавҳар дорад ва духтарони мисли ӯ дар Эрон кам нестанд. Дар Эрон ҳазорон домоду арӯси ноболиғ ҳаст, чун қонун иҷоза медиҳад, ки духтарон бо ризояти волидон дар 13-солагӣ шавҳар кунанд. Агар додгоҳ иҷоза диҳад, ба 13-солагӣ нарасида метавонанд, ба шавҳар бароянд. Ҷавонон ҳақ доранд, аз 15-солагӣ зан гиранд.

"70 ҳазор духтари ноболиғ ҳангоми таваллуд мемиранд":

"70 ҳазор духтари ноболиғ ҳангоми таваллуд мемиранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

Созмони миллии сабти ақди никоҳ дар Эрон дар як соли гузаштаи хуршедӣ, ки моҳи март ба поён расид, 37 ҳазор ақди никоҳи хурдсолонро сабт кардааст. Шумораи воқеии арӯсу домодҳои хурдсол мумкин аст, зиёдтар бошад, зеро хонаводаҳо, никоҳҳои хурдсолонро дар идораи ақди никоҳ сабт намекунанд. Лайло, ки дар хонаи волидони Алӣ зиндагӣ мекунад, гуфт, дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ, духтарони зиёди хурдсол ва тақрибан 10-соларо волидонашон маҷбур ба шавҳар медиҳанд. Муҳим нест, ки духтарон ба издивоҷ омодаанд, ё не.

“Ман намедонистам, издивоҷ чӣ ҳаст, хонавода чӣ ҳаст, вазифаи ман чӣ ҳаст. Дастонам меларзид”, – мегӯяд Лайло ва меафзояд, домоди 15-сола “хеле эътимод ба нафс дошт” ва мисли ӯ натарсида буд. Лайло гуфт, аз рӯзи ҷашни арӯсӣ хотироти каме дорад, вале маросим барояш мисли бозӣ ба назар мерасид. Бо хатми ҷашни арӯсӣ, фақат чизе, ки мехост, ин буд, ки ба хонаашон пеши падару модар баргардад.

“Ин чизҳо иттифоқ меафтанд”

Дар Тоҷикистон никоҳ аз 18-солагӣ иҷоза ҳаст
Дар Тоҷикистон никоҳ аз 18-солагӣ иҷоза ҳаст

“Мехостам ба Алӣ бигӯям, ки ба хонаатон омадам, акнун бозӣ тамом шуд. Бихобем, ман фардо биравам ва ба модарам дар дӯхтанаш кумак кунам”, - нақл кард ӯ. Аммо кобуси Лайло нав шурӯъ шуда буд. Алӣ азм дошт, вазифаи шавҳариашро иҷро кунад. Лайло, ки 10 сол дошт ва ба балоғат нарасида ва ба гуфтаи худаш “моҳона” нашуда буд, шаби аввал барояш як таҷрибаи дардноке буд: “Ҳар вақт, ки ёдам меояд, дастонам меларзад. Шумо намедонед, ки чӣ қадар сахт буд.”

Рӯзи дигар Лайлоро назди табиб бурданд, ки оромаш кунад, вале барои муҳофизати ӯ аз табъиз ҳеҷ коре анҷом надод: “Муоина рафтам, як хонуме буд ва гуфт, ки одат мекунӣ. Дилбардориам мекард мегуфт, ки вақти ҳамхобагӣ бо шавҳар агар хунрезӣ такрор шуд, натарс, одат мекунӣ”.

“Ин чизҳо иттифоқ меафтанд”, - гуфтааст, табиб ба Лайло. Дар воқеъ ингуна ҳодисаҳо зиёд сурат мегирад ва Созмони Милал мехоҳад, ба ин тамоюл хотима диҳад. Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Созмони Милал имсол гуфт, ки издивоҷ дар байни кӯдакон дар Эрон афзудааст ва аз Ҷумҳурии Исломӣ хост, қонунеро, ки ба издивоҷи духтарон аз 9-солагӣ иҷоза медиҳад, ислоҳ кунад.

Мутахассисони мустақил, ки қонунҳои Эрон ва дигар кишварҳоро барои кумитаи Созмони Милал арзёбӣ кардаанд, навиштанд, Эрон “ба иртиботи ҷинсии духтарони 9-сола иҷоза медиҳад ва барои дигар навъҳои табъизи ҷинсии кӯдакон ҷазо муқаррар накардааст.”

Ҳушдори Созмони Милал

Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Созмони Милал аз Эрон хостааст, “тамоми қонунҳоеро, ки ба табъизи ҷинсии кӯдакон иҷоза медиҳанд, беэътибор кунад” ва синни иртиботи ҷинсии бо ризоиятро аз 9-солагӣ то ба 16-солагӣ боло барад. Дар саросари ҷаҳон бино ба як гузориши Созмони Милал, ки моҳи октябр нашр шуд, дар ҳар ҳафт сония як духтари то 15-сола шавҳар мекунад ва духтарони зиёди 10-соларо ҳам ба шавҳар медиҳанд.

Мустафо Иқлима, ҷомеашиноси муқими Теҳрон мегӯяд, расму одатҳои қадимӣ ва адами пешрафти иҷтимоӣ сабаби баланд будани издивоҷи хурдсолон аст. “Дар шаҳрҳои кӯчаки фақир мардум ба ин таваҷҷӯҳ намекунанд, ки духтарашон 8-сола аст, ё 9-сола. Онҳоро ба шавҳар медиҳанд. Маъмулан шавҳарҳо ҳам 15, 16 ё 18-солаанд”, – мегӯяд ӯ.

Мижгон Коҳин, равоншиноси муқими Белгия, гуфт, онҳое, ки дар хурдсолӣ издивоҷ мекунанд, ғолибан аз мушкилоти равонӣ ранҷ мекашанд. Ӯ гуфт, “шумо вақте як кӯдак, як навҷавонро дар кӯдакӣ зан ё шавҳар медиҳед, дар воқеъ ӯро аз кӯдакӣ ва аз навҷавониаш маҳрум мекунед. Фард бояд аз лиҳози равонӣ ва ҷисмӣ ва фикрӣ ба рушди лозим бирасад.”

Ба қавли Мижгон Коҳин, таҷрибаи шаби аввал барои духтароне, ки маҷбур издивоҷ кардаанд, ваҳшатангез аст ва ин ваҳшат тамоми умр онҳоро дунболагирӣ хоҳад кард. Дар Тоҷикистон, бар асоси қонун, издивоҷ аз 18 солагӣ иҷоза дода шудааст ва додгоҳ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ дорад, ба духтарон иҷоза бидиҳад, ба 18 солагӣ нарасида шавҳар кунанд. Бар асоси омори расмӣ, соли 2015 додгоҳҳои Тоҷикистон ба 791 духтари то 18-сола иҷозаи издивоҷ додаанд.

XS
SM
MD
LG