Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи издивоҷ бо фарзандони амаку тағо ва аммаву хола


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асоси иловаҳое, ки рӯзи 13 январ ба Кодекси оила ворид гардид, аз ин ба баъд фарзандони амаку тағо ва холаву амма ҳаққи бо якдигар издивоҷ карданро надоранд.

Парлумони Тоҷикистон издивоҷи хешутабориро, ба унвони яке аз сабабҳои аслии ба дунё омадани кӯдакони маъюб, манъ карда ва муоинаи тиббии пеш аз ақди никоҳро ҳатмӣ намуд.

Бар асоси иловаҳое, ки рӯзи 13 январ ба Кодекси оила ворид гардид, аз ин ба баъд фарзандони амаку тағо ва холаву амма ҳаққи бо якдигар издивоҷ карданро надоранд. Мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки дар сурати издивоҷи хешутаборон онҳоро чӣ интизор аст? Аммо афроди огоҳ мегӯянд, ки муоинаи пеш аз издивоҷ дар баробари маризиҳо наздикии навхонадоронро низ мушаххас карда, дар сурати хешутабор будан ба никоҳи онҳо иҷоза нахоҳад дод.

Манъи издивоҷ бо фарзандони амаку тағо ва аммаву хола
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Нусратулло Салимзода -- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар баромадаш дар рӯбарӯи вакилони парлумон гуфт, ки то 1 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди кишвар беш аз 25 ҳазор кӯдаки маъюб сабт шуда, аз ин ҳисоб 30-35 дарсадашон "ҳосил"-и никоҳҳои хешутаборӣ будаанд. Ӯ аз издивоҷҳои зиёди хешутаборӣ дар Суғд нигаронӣ карда, аз майли рӯ ба болои теъдоди чунин никоҳҳо дар Хатлону ноҳияҳои тобеи пойтахт ҳам изҳори ташвиш кард.

Нусратулло Салимзода
Нусратулло Салимзода

Вазири тандурустӣ гуфт, "ба ҳисоби мо дар соли 2014-ум дар Суғд 440 кӯдаки маъюб ба дунё омад, ки волидони 154 нафарашон бо якдигар хешу таборанд." Нусратулло Салимзода афзуд, манъи никоҳҳои хешутаборӣ ба кам таваллуд шудани кӯдакони маъюбу маслуқ дар кишвар сабаб хоҳад шуд ва ин, албатта, фурсат мехоҳад.

Манъи никоҳҳои хешутаборӣ дар Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталиф мувоҷеҳ шудааст. Агар иддае мухолифи чунин тасмим бошанд, баъзеи дигар аз он ҷонибдорӣ мекунанд. Тарафдорони ин тарҳ мегӯянд, бар замми он ки никоҳҳои хешутаборӣ боиси ба дунё омадани кӯдакони маълул мешаванд, ҳатто дар пайи як баҳс метавонанд ду хеши наздикро ба душман табдил диҳанд.

Шукуфа, як сокини ҷавони Бадахшон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, “ин беҳтар аст, ки аз қабл ба никоҳи хешутаборӣ иҷозат надиҳанд, то ин ки баъдан дар ин хонавода кӯдакони маълул таваллуд шуда, боиси ба ғаму андӯҳ нишондани волидон гарданд. Ин, албатта, ба манфиат аст.”

Аммо Қобилҷон Боев, раҳбари собиқи шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, дар дини мубини Ислом, ки аксари кулли сокинони кишвар пайрави онанд, издивоҷи хешутаборон манъ нашудааст. Ӯ мегӯяд, “дар Қуръон омадааст, ки писару духтари холаву тағову аммаву амак ба якдигар никоҳрасанд. Ҳатто пайғамбари Худо фарзандашро ба писари амакаш никоҳ карда буд. Яъне, агар ягон мушкил вуҷуд медошт, пайғамбар чунин корро раво намедид.”

Қобилҷон Боев ҳамчунин аз вуҷуди хонаводаҳое мисол овард, ки никоҳи хешутаборӣ доранд, аммо фарзандонашон солиманд. “Оилаҳое ҳастанд, ки падару модар аз минтақаҳои мухталифанд, аммо кӯдакон маълул ба дунё омадаанд. Ҳама бо хости Худо аст, зеро Худованд мегӯяд, хоҳам фарзанд медиҳам, хоҳам не. Ва ё агар хоҳам носолим ба дунё меоянд,” – афзуд Қобилҷон Боев ва аммо гуфт, “дар ҳоле ки акнун қонун никоҳи хешутабориро манъ кардааст, пас, ҷомеа низ ҳаракат хоҳад кард, ки тибқи он амал кунад.”

Пешниҳоди манъи никоҳҳои хешутаборӣ нахуст аз сӯи собиқ вакили парлумон Саодат Амиршоева садо дод. Аммо он замон мақомот ба ин пешниҳод чандон вокуниш нишон надоданд. Вале баъд аз он ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузаштааш ба парлумон аз саҳнаҳои дидааш дар мактаб-интернати кӯдакони маъюби Чаҳорбоғ қисса кард ва гуфт, ки аксарияти ин атфол аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд, мақомот масъаларо ҷиддӣ гирифтанд.

Пас аз ин паёми раиси ҷумҳур ва интиқодаш аз никоҳҳои хешутаборӣ мақомот ва телевизиони давлатӣ як маъракаи иттилоотии зидди никоҳи хешутабориро пиёда карданд. Ба дунболи он як комиссияи вижаи ҳукуматӣ низ таъсис ёфт, ки ӯҳдадор шуд, масъалаи қонунан манъ кардани никоҳи хешутабориро омӯзад.

​Никоҳҳои хешутаборӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон таърихи дерина доранд ва дар ҳоле ки дар миёни қавмҳои ҳамсоя, мисли қирғизҳову қазоқҳо, ки пеш аз издивоҷ пайвандҳои хешигарии арӯсу домодро то ҳафт пушти онҳо меомӯзанд ва агар чунин пайванд вуҷуд дошт, никоҳро манъ мекунанд, дар миёни тоҷикону узбакҳо густариши зиёд дорад. Бо вуҷуди он ки ҳанӯз дар давраи шӯравӣ талқин мешуд, ки издивоҷи наздикон натиҷаи бад медиҳад, аксари аҳолӣ онро як суннати қадимии мардумӣ медонанд ва пайравӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG