Мақомоти Арабистони Саудӣ мегуянд, Тоҷикистон баъди Ямани ҷангзада дуввумин кишвари бузурги кӯмакгиранда аз як созмони имдодии Шоҳи Саудӣ аст.
Абдулло ал-Робия, раиси Маркази Имдодӣ Ва Кӯмакҳои Башарии Шоҳ Салмон ҳафтаи гузашта дар Душанбе гуфтааст, ин марказ аз замони таъсисаш дар соли 2015 дар 42 кишвари ҷаҳон барномаҳои хайрия амалӣ кардааст ва Тоҷикистон дар ин миён ба истиснои Яман аз ҳама бештар кӯмак гирифтааст.
Дар се ин сол маркази имдодии Шоҳи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 9 миллиону 500 ҳазор доллар барнома иҷро карда ва ё кӯмаки башарӣ тақсим кардааст.
Раҳбарони ин созмон ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон буданд ва ҷараёни иҷрои баъзе аз барномаҳоро назорат кардаанд. Абдулло Робия аз ҷумла дар маросими ифтитоҳи Маркази омӯзишиии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар Душанбе ширкат кард, ки бо харҷи бештар аз 1 миллион доллар аз ҳисоби Арабистони Саудӣ тармим ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.
Зимни сафар ҳайати бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон, дар маросими оғози тарҳи 6 миллион долларӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ширкат кард. Бо кӯмаки Маркази Имдодӣ Ва Кӯмакҳои Башарии Шоҳ Салмон 20 километр аз соҳили рӯдхонаи Панҷро мустаҳкам мекунанд, то 135 ҳазор нафар аз сокинони ноҳия ва бештар аз 14 ҳазор гектар киштзори мардум аз хатари селу обхезӣ эмин бошанд.
Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон ҳамкориҳои наздики иқтисодӣ ва ё тиҷоратӣ надоранд, ҳарчанд ин кишвари арабӣ ба Душанбе аз замони барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ аз тариқи бунёдҳои дигари хайрияи арабӣ ва Бонки Исломии Рушд бештар аз 110 миллион доллар кумак кардааст.
Кӯмакҳои башарӣ ва молии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон соли 2015 ва баъди сард шудани муносибатҳои Тоҷикистон бо яке аз шарикони дерина ва наздикаш Эрон зиёдтар шуд.
Робитаҳои ду тараф соли 2015, баъди моҷарои пули Бобаки Занҷонӣ, миллардери боздоштшудаи эронӣ, ва ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси Теҳрон ба сардӣ гароид.
Дар се соли охир Тоҷикистон фаъолияти тақрибан ҳамаи намояндагиҳои тиҷоративу фарҳангии Эронро масдуд карда ва бо рақиби аслии Эрон дар Халиҷи Форс – Арабистони Саудӣ – риштаи дӯстӣ баст.
Арабистони Саудӣ, Эронро рақиби асосии худ дар Ховари Миёна мешуморад. Ду тараф дар ҷангҳои Сурияву Ироқ аз ҷонибҳои мухолиф ҳимоят мекунанд.