Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрмитаж гуфт, ёдгориҳои таърихии Тоҷикистонро намедиҳад


Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Деворнигораҳои машҳури Саразму Ҳулбук, ҳайкалчаи гург ва ду тифл, кандакориҳои рӯйи санг ва чӯб, сиккаҳои давраи Ҳахоманишиён ва Кӯшониён, пайкараҳои Буддо аз Аҷинетеппа дар Эрмитажи Санкт-Петербург нигоҳдорӣ мешаванд.

Маскав барои бозпас додани бозёфтҳои таърихие, ки замони Шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон пайдо ва баъдан барои нигоҳдорӣ ба осорхонаҳои Русия бурда шудаанд, ризоият надодааст.

Онҳо мегӯянд, ин осор гӯиё дар ҳамон давра бо хоҳиши мо бурда шудаанд. То чанд соли пеш мегуфтанд, шароити нигаҳдории ин осорро надоред...

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон борҳо барои баргардондани деворнигораҳо, дастхатҳои қадим ва тангаҳои тиллоиву биринҷӣ, ки арзиши нодири таърихӣ дошта, аксаран дар эрмитажи Санкт-Петербург нигаҳдорӣ мешаванд, муроҷиат кардааст. Аммо мақомоти масъули Русия дар посух ба муроҷиатҳои ба такрори Тоҷикистон гуфтаанд, “ҳеч заминаи қонуние барои бозпас додани ин осор вуҷуд надорад”.

Вазир: "Осори таърихиро аз Русия бармегардонем"

Ин осор, ки нимаҳои асри гузашта аз мавзеъҳои таърихии Ҳулбук, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Деваштич ва Бунчикат зимни кофтукоби бостоншиносӣ пайдо шуданд, арзиши баланди таърихӣ доранд. Он вақт, ки Тоҷикистон узви Шӯравӣ буд, ин осор ба маркази ин Иттиҳод - Русия интиқол ёфтанд.

Шамсиддин Орумбекзода
Шамсиддин Орумбекзода

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин посух онҳоро қонеъ накардааст ва ҳоло тасмим доранд, дубора барои баргардондани ин осори таърихӣ муроҷиат кунанд. Ӯ гуфт, “тибқи қарордоде, ки миёни кишварҳо ҳаст, минбаъд низ масъалагузорӣ мекунем. Чанд бор мактуб кардем. Боз ҳам бо омӯзиши паҳлӯҳои ҳуқуқии масъала мактуб мекунем. На танҳо барои баргардондани осори таърихӣ аз Русия, балки аз кишварҳои дигар низ кӯшиш дорем”.

Музаффар Азизӣ, бостоншиноси тоҷик ва корманди Муассисаи тармими ёдгориҳои таърихӣ, рӯзи 20-уми апрел гуфт, русҳо дар сӯҳбатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ мегӯянд, конвенсияҳоеро, ки кишварро барои баргардондани осори таърихӣ масъул мекунад, имзо накардаанд.

"Осорхонаҳои нав сохтем. Боз чӣ баҳона доранд?"

Ин бостоншиноси тоҷик мегӯяд, даҳҳо номгӯ ва садҳо бозёфтҳои нодири таърихӣ дар Русия нигаҳдорӣ мешаванд. Ба қавли ӯ, ин бозёфтҳо муваққатан бо баҳонаи “мавҷуд набудани шароити нигаҳдорӣ” ба Русия интиқол ёфтанд.

Музаффар Азизӣ
Музаффар Азизӣ

"Онҳо мегӯянд, ин осор гӯиё дар ҳамон давра бо хоҳиши мо бурда шудааст. То чанд соли пеш мегуфтанд, шароити нигаҳдории ин осорро надоред. Ҳоло осорхонаҳое сохтаем, ки шароиташон аз осорхонаҳои онҳо кам нест. Вақте ин масъала аз ҷониби Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта шуд, гуфтанд, дар ин бора дар қонунгузории Русия чизе гуфта нашудааст", - гуфт Музаффар Азизӣ.

Ин бостоншиноси тоҷик мегӯяд, бояд талош шавад, то ин осор баргардонда шавад. “Тамоми ҳуҷҷатҳое, ки аз бойгонии Деваштич ёфт шуданд, ба Русия бурда шуданд ва аз ҷониби олимони тоҷик ноомӯхта боқӣ монданд”, - афзуд ин бостоншинос.

Ӯ гуфт, “ин таърихи 1300-солаи мо ҳаст. Бойгонии Деваштич дастхатҳои зиёд бо забони суғдӣ дошт. Масалан, соли 1932 зиёда аз сад ашё аз ҳудуди ноҳияи Айнӣ пайдо шуда буд”.

Бинои Эрмитаж дар Санкт-Петербург
Бинои Эрмитаж дар Санкт-Петербург

Бритониё "Хазинаи Ому"-ро надод

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, осорҳои таърихие, ки ба Тоҷикистон таалуқ доранд, вале дар хориҷи кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, рӯйхат шудаанд. Моҳи декабри соли гузашта порлумони Тоҷикистон зимни баррасии “Рафти иҷрои барномаи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ барои солҳои 2012-2020” ин мавзуъро матраҳ карда буд.

Вакилони порлумон аз намояндагони Вазорати фарҳанг дархости баргардондани осрои таърихӣ аз хориҷи кишварро карда буданд.

Тоҷикистон қаблан аз Бритониёи Кабир низ хоста буд, “Хазинаи Ому”-ро, ки асри 19 аз ҳудуди Тоҷикистон пайдо шудааст, баргардонад. Дар посух Бритониё танҳо аксҳое аз ин хазинаи тиллоиро ба Тоҷикистон ва аз баргардондани асли онҳо худдорӣ кард.

Деворнигораҳои Панҷакенти қадимӣ, ёдгории садаи VIII
Деворнигораҳои Панҷакенти қадимӣ, ёдгории садаи VIII

​Дар Тоҷикистони Шӯравӣ ковишҳои бостоншиносӣ аз солҳои 30-уми асри гузашта сар шуд. Ҳамаи бозёфтҳои экпедитсияҳо аз ёдгориҳои Қалъаи Муғ, Панҷакенти қадима, Бунҷикат, Хуттали бостонӣ, Аҷинатеппа, Ҳулбук, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Муғтеппа ба Эрмитаж ва Осорхонаи таърихи мардумони Шарқ дар Маскав интиқол ёфтаанд. Аз соли 2009 Эрмитаж ин бозёфтҳои нодирро ба намоиш мегузорад.

XS
SM
MD
LG