Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тахти cангин" бо 1 млн сомонӣ бозсозӣ мешавад. АКС


Ҳукумати ноҳияи Қубодиён талош дорад, яке аз ёдгориҳои маъруфи таърихӣ бо номи “Тахти сангин”-ро бозсозӣ ва ба феҳрасти ҷаҳонгардӣ шомил кунанд. Маконе, ки ба осорхонаи маъруфи Бритониё дар соли 1877 маъруфтарин “Хазинаи Амударё”-ро ато карда яке аз намунаҳои барҷастаи фарҳанги қадимаи тамаддуни тоҷик дар соҳилҳои Ому ба ҳисоб меравад, ба тармиму таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад.

Бостоншиносон мегӯянд, барои барқарор кардани ин макони таърихӣ ҳазинаи ҳангуфте лозим аст. Дар 200-километрии ҷануби Душанбе дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ва дуруст дар муқобили соҳилҳои

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён талош дорад, яке аз ёдгориҳои маъруфи таърихӣ бо номи “Тахти сангин”-ро бозсозӣ ва ба феҳрасти ҷаҳонгардӣ шомил кунанд.

шимолии Афғонистон шаҳраки қадимае мавҷуд аст, ки аввалин асрори онро ҳанӯз дар охири қарни 19 кишоварзони маҳаллӣ кашф карда, вале тоҷирону донишмандони бритониёӣ ба он маъруфият ато карданд.

Дар ҳудуди харобаҳои шаҳркадаи мансуб ба асрҳои IV то мелод ва III мелодӣ, “Хазинаи Амударё” -- маҷмӯаи ҷавоҳироту сиккаву ашёҳои сохташуда аз тиллову нуқраи марбут ба даврони шоҳаншоҳии Ҳахоманишҳо ошкор шуд. Ҳоло ин хазина дар осорхонаи маъруфи Бритониё маҳфуз аст, вале “Тахти сангин” мунтазири тармиму бозсозӣ мебошад.

Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодидиён.
Бинои ҳукумати ноҳияи Қубодидиён.

Ахиран мақомоти ноҳияи Қубодиён -- маҳалли ҷойгиршавии “Тахти сангин” эълон карданд, ки дар андешаи марҳала ба марҳала бозсозӣ кардани ёдгории таърихии “Тахти Сангин” ҳастанд. Шаҳло Абдусаломова, мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Қубодиён гуфт: “Дар чорчӯби Барномаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар марҳилаи аввал 500 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Дар марҳилаи дувум низ ҳамин миқдор маблағ ва дар маҷмӯъ як миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.”

Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, масъулин мунтазири маблағ барои умури бозсозӣ ҳастанд. Ҳадафи ниҳоӣ барқарору бозсозӣ ва ҳатто шомили харитаи ҷаҳонгардӣ кардани ин макони муҳими таърихӣ аст. Ҳанӯз мушаххас нест, ки барои пурра барқарор ва ба як макони ҷаҳонгардӣ табдил додани ин осори таърихӣ чӣ миқдор пул лозим аст. Бостоншиносон мегӯянд, ки вазъи шаҳркадаи қадима хароб аст ва сол аз сол девораҳои боқимондаи он тахриб мешавад.

Муҳаббати Бахтовар, як ҷавоне, ки ахиран аз мавзеи “Тахти сангин” дидан кардааст, мегӯяд, роҳ ба самти ин ёдгорӣ харобу душворгузар ва

"Тахти сангин" яке аз намунаҳои барҷастаи фарҳанги қадимаи тамаддуни тоҷик дар соҳилҳои Омударё ба ҳисоб меравад ва ҳоло ба тармиму таъмир ниёз дорад.

ваъзи феълии ин шаҳри қадима нигаронкунанда мебошад: “Ин мавзеъ хело муҳим аст, вале агар ҷаҳонгардон хоҳанд, ки аз он дидан кунад шароити хубе надорад. Деворҳои қадимааш солҳо зери барфу борон мондааст. Ҳамин тавр рафтан гирад, ин ёдгорӣ аз байн меравад. Бояд тадобире андешида шавад”.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, бостоншиносону таърихдонон мегӯянд, ба ҳар қимате, ки бошад, бояд аз харобазор гаштани ёдгории “Тахти сангин” ҷилавгирӣ карда шавад. Хушвахт Абдуназаров, доктори илҳмҳои таърих дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки корҳои бостоншиносӣ дар солҳои 1970 оғоз гардида буд, аммо нотамом монд ва баъдан бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ, имкони бозсозии “Тахти сангин” аз даст рафт.

Баъди ин солҳои 2000-2001-ум корҳо дар ин мавзеъ идома карданд, вале боз ҳам бо сабабҳои номаълум умури ҳафриёт ва бозсозии ин макони таърихӣ қатъ гардид. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 аз мавзеи таърихии “Тахти сангин” дидан карда ва ба ҳукумат низ дастур дода шуд, то ҷиҳати барқарории ин ёдгорӣ иқдомоти лозим рӯи даст гирифта шавад. Аммо бо гузашти ҳудуди 14 сол ҳеҷ кори муассире дар ин макон сурат нагирфт.

Доктори илмҳои таърих Хушвахт Абдуназаров мегӯяд, ин шаҳр ба хотири он, ки ҳама аз санг будааст, номаш низ «Тахти сангин» шудааст ва аз нодиртарин ёдгориҳои таърихӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб меёбад: “Дар инҷо маданияти Неолитӣ, яъне асри сангӣ кашф шудааст. Пораҳои олотҳои сангӣ пайдо шудааст ва маълум шудааст, ки мардум дар давраи Неолитӣ зиндагӣ кардаанд. Онҳо дар соҳили дарё зиндагӣ ва шикор мекардаанд. Меъмороне, ки шаҳри «Тахти сангин»-ро сохтаанд, аз илмҳои математика ва геометрия дар сохтмони сангу биноҳо хуб истифода кардаанд.”

Шаҳркадаи “Тахти сангин” аз маркази ноҳияи Қубодиён 100 километр дуртар ҷойгир аст ва роҳ ба самти ин шаҳри қадима душворгузар ва хароб мебошад. Дар пайи умури бостоншиносӣ дар солҳои 70-уми асри гузашта, ёдгориҳои таърихӣ, назири олоти шикорӣ, табақҳои сафолӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор кашф шуда ва ҳоло дар осорхонаи воқеъ дар маркази ноҳияи Қубодиён нигаҳдорӣ мешавад. Бостоншиносон дар ин шаҳри қадима устохона, ибодатгоҳ ва қасрҳои иқоматиро низ ошкор карда буданд.

Бостоншиносон ба ҳунари сохтмони сутуну сангҳои зербиноҳо дар ин шаҳри қадима баҳои баланд додаанд, ки бо гузашти беш аз 2000 сол ҳанӯз мавҷуданд. Шакли маъбад ё шаҳри «Тахти сангин» чоркунҷа буда, ҳар як қитъаи он 51 метр дарозӣ дорад.

Намунае аз "Хазинаи Омударё"
Намунае аз "Хазинаи Омударё"

Аммо бузургтарин кашфиёт, ки ба мавзеи “Тахти сангин” марбут аст, "Хазинаи Амударё" аст, ки дар соли 1877, аз ҷониби як гурӯҳ аз кишоварзони тоҷик ёфт ва ба бозаргонони ҳиндӣ фурӯхта шудааст. Ин бозаргонон дар навбати худ бозёфтҳои гаронарзиши таърихиро ба сайёҳони бритониёӣ фурӯхта будаанд.

Ҳамин тариқ, ин бозёфтҳои таърихӣ, ки мураккаб аз 200 ашёи нодири нуқраву тилоии садаҳои 6 то 3-и пеш аз милод ҳастанд, аз гаронарзиштарин маҷмӯаҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва ҳоло ҷаҳонгардон аз саросари ҷаҳон ба осорхонаи Бритониёи Кабир рафта онро бо чашми сар дида метавонанд.

Дар чанд соли пеш ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи бозпас гардонидани “Хазинаи Амударё” аз осорхонаи Бритониёро матраҳ карда буд. Аммо баъди ин шуморе аз нусхаҳои ин ёдгориҳо ба Тоҷикистон оварда шуданду халос.

XS
SM
MD
LG