Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобудии сад ёдгории таърихии Тоҷикистон


Бозмондаҳои қалъаи қадимае дар Ямчун, Бадахшон
Бозмондаҳои қалъаи қадимае дар Ямчун, Бадахшон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст, дар солҳои пас аз эълони истиқлоли ин кишвар беш аз 100 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ аз байн рафтаанд.

Музаффар Азизов, раиси шӯъбаи осори фарҳангӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабаби тахрибу нобуд шудани теъдоде аз ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихиро ба тасарруфи ғайриқонунии замин дар манотиқи мухталиф дар қаламрави ин кишвар марбут донист.

Ҳамакнун, дар ин мавзеъҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва нигаронии Азизов аз он аст, ки бештари ин ёдгориҳо шаҳрҳои қадимие аст, ки таърихи зиндаи мардуми тоҷикро бозгӯ мекунанд. Ба ин далел, вай пешниҳод дорад, то замини мавзеъҳои таърихие, ки дар он воқеъ аст, ба Вазорати фарҳанг вогузор шавад, то аз мавориди нобудшавии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҷилавгирӣ ба амал оварда шавад.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди Музаффар Азизов, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба хотири ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ таҳияи феҳрасти ёдгориҳои таърихиро рӯи даст гирифта ва ҳоло беш аз 2 ҳазор ёдгорӣ вориди он шудааст. Нахустин маврид аз таҳияи феҳрасти ёдгориҳои таърихӣ ҳанӯз соли 1972 дар замони Шӯравии пешин сурат гирифта буд. Замоне, ки таваҷҷуҳ ба арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ камтар буд.

Аммо Азизов бар он аст, ки танҳо бо таҳияи феҳраст, наметавон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар қаламрави кишварро ҳифз кард. Ба андешаи ин масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, беҳтар аст, то ҳама ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дар ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ талош кунанд, дар канори муайян кардани қаламрави ҳифзи ёдгории таърихӣ барои эминии он иқдомҳои зарурӣ иттихоз намоянд.

Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ҳифз, тармим ва бозсозии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ имкон хоҳад дод, то бархе аз ин мавзеъҳо, ки дар Шоҳроҳи Абрешим қарор доранд, вориди феҳрасти ЮНЕСКО ё Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ гардида ва ҳимояти ин созмонро пайдо кунанд.

Зимнан, ҳашт ёдгории таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихии Тахти Сангин, Қалъаи Ямгун, дайри буддоии Аҷинатеппа, Саразм ва қалъаҳои Ҳисору Ҳулбук ва Хоҷамашҳад ба феҳрасти муқаддамотии ЮНЕСКО шомил шудаанд. Ҳамакнун, дайри буддоии Аҷинатеппа, 12 км дуртар аз шаҳри Қурғонтеппа, дар ҷануби Тоҷикистон дар чаҳорчуби тарҳи ЮНЕСКО мавриди тармиму бозсозӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG