Тоҷикистон дар садри кишварҳое қарор гирифтааст, ки сокинонаш аз ҳама бештар оила барпо мекунанд. Бунёди нуфуси Созмони Милал мегӯяд, ки ҳар сол аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тақрибан 14 нафарашон издивоҷ мекунанд. Мизони баланди "хонадоршавӣ" дар Қирғизистону Миср ҳам мушоҳида шудааст.
Фарзанд, ки 18-сола шуд, падару модар сари калобаи худро гум мекунанд, то чигуна барои писарашон келин оранду духтарашонро ба шавҳар диҳанд.
Бархе аз сокинон мегӯянд, издивоҷ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон масъалаи бисёр муҳим аст ва падару модар бар сари издивоҷи фарзандони худ ҳанӯз аз замони наврасии онҳо меандешанд. Барои намуна фикри издивоҷ бисёр барвақт дар зеҳни духтарону писарҳо ҷой мегирад ва ҷиҳози арӯсии онҳо низ аз хурдӣ ҷамъоварӣ мешавад.
Пул ҳаст? Тӯй ҳаст.
Афзоиши шумори издивоҷҳо дар Тоҷикистон ба гунае "барометр"-и вазъи иқтисоди кишвар низ ҳаст. Хатти симоб дар ин барометр ба дастмузди муҳоҷирони корӣ вобаста аст, ки бо боло рафтани он издивоҷҳо ҳам афзоиш меёбанд. Мақомоти тоҷик дар заминаи омори раддабандии Бунёди нуфуси Созмони Милал эътироф мекунанд, ки мизони издивоҷҳо аз 2010 то 2014 боло буд. Дар он солҳое, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 4 миллиарддолларӣ интиқол медоданд. Ба гуфтаи созмонҳои маҳалии муҳоҷират, аксари хонаводаҳо маблағи муҳоҷирони кориро барои издивоҷ ва бунёди манзил барои навхонадорон сарф кардаанд.
Омили дигар муҳим будани синну соли арӯс аст. Хонаводаҳое, ки барои писарони худ ҳамсари оняда ҷустуҷӯ мекунанд, мехоҳанд, синни арӯс аз 18 то 20-сола бошад. Бо ин ҳол, бисёр духтарҳои аз синни 25 боло, махсусан онҳое, ки таҳсил кардаанд, ҳамсарҳои ҳамсоли худро пайдо намекунанд.
"35-солагӣ ҳанӯз дер нест"
Муназзам 35-сола аст ва то ҳол издивоҷ накардааст, чун фурсатеро синну солаш харидор дошт, аз даст дод. Ӯ мегӯяд, ки акнун натанҳо аз хешовандони наздик, балки аз занони маҳалла низ "гап"-у "маслиҳат" мешунавад. "Мегӯянд, ки бояд зудтар хонадор шавам, ҳама механдад. Вале мехоҳам, бо нафари муносиб ба худам зиндагӣ кунам. Фикр мекунам, 35-солагӣ ҳанӯз дер нест", - мегӯяд Муназзам.
Музаффар Олимов, раиси Маркази омӯзиши афкори умум – "Шарқ" мегӯяд, Тоҷикистон дар ин масъала бо хусусияти ба худ хосаш фарқ мекунад ва аз миёни кишварҳои минтақа танҳо Узбакистон метавонад бо Тоҷикистон рақобат кунад. Ӯ рӯзи 5 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "оиладорӣ яке аз арзишҳои хеле болои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад. Ҳар падару модар оиладор кардани фарзандашро дар мадди аввал мегузорад. Барои ҳамин, синну соли оиладоршавӣ дар мо хеле поин аст. Яъне, фарзанд, ки 18-сола шуд, падару модар сари калобаи худро гум мекунанд, то чигуна барои писарашон келин оранду духтарашонро ба кӣ ба шавҳар диҳанд."
"Аз ҳазор нафар 11-12 нафар издивоҷ мекунанд"
Раиси маркази омӯзиши афкори умум - "Шарқ" мегӯяд, аз нигоҳи издивоҷҳои зиёд дар раддаи аввал қарор гирифтани Тоҷикистон ҳам табиист. "Чунки мардум ба оиладорӣ арзиши хеле баланд қоиланд. Дар баробари фарзанду тарбияи онҳо, хонадоркунӣ яке аз масъалаи асосӣ барои волидон ҳисоб мешавад."
Вале мақомоти Оҷонсии омор мегӯянд, ки мизони издивоҷ ё никоҳҳо дар кишвар дар чанд соли охир рӯ ба камшавӣ овардааст. Абдувалӣ Қулов, раҳбари раёсати омори иҷтимоӣ ва демографияи Оҷонсии омори Тоҷикистон, рӯзи 5 декабр гуфт, агар теъдоди издивоҷҳо дар соли 2010 ба беш аз сад ҳазор мерасид, ин рақам дар соли гузашта ба каме бештар аз 76 ҳазор баробар шудааст. "Омори Созмони Милал ба ҳисобҳои шаш соли пеш рост меояд", - гуфт Абдувалӣ Қулов. Ба қавли ӯ, бинобар ҳисобҳои феълӣ ҳоло аз ҳазор нафар 11-12 нафар издивоҷ мекунанд.
"Издивоҷ камтар шуд"
Музаффар Олимов низ рӯ ба камшавӣ ниҳодани издивоҷҳо дар Тоҷикистонро дуруст шумурд ва далелашро "қабули чанд қонун, ба мисли манъи издивоҷи то 18-солаҳо, манъи издивоҷи хешутаборҳо, ташхсиси тиббӣ" ва, инчунин, дар пайи буҳрони иқтисодӣ зарба дидани ҷайби сокинон донист.
Дар Тоҷикистон, бар асоси қонун, издивоҷ аз 18-солагӣ иҷоза дода шудааст ва додгоҳ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ дорад, ба духтарон иҷоза диҳад, ки ба ҳаждаҳсолагӣ нарасида шавҳар кунанд. Бар асоси омори расмӣ, соли гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон ба 791 духтари то ҳаждаҳсола иҷозаи издивоҷ додаанд.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, аз аввали сол то кунун ҳудуди шаст ҳазор никоҳ сабт шудааст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи занон мегӯянд, дар баробари афзоиши издивоҷ дар Тоҷикистон сафи азҳампошии хонаводаҳо низ зиёд шуда, бархе мардон ҳамсарони худро бо кӯдаконашон дар ҳоли дастнигарӣ қарор додаанд.