Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 3 марзбонеро, ки қирғизҳо "асир" гирифтанд, танбеҳ дод


Тоҷикистон се марзбонро, ки аввали моҳи июн натавонистанд аз худ дифоъ кунанд ва ба дасти сарҳадбонҳои Қирғизистон "асир" афтида, халъи силоҳ шуданд, муҷозот кард. Ҳодиса дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бо Лайлаки Қирғизистон рух дода буд.

Агар ҳатто марзбонон ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаранд, тартиби дурусташ чунин аст: бояд зуд ба тарафи муқобил расонда шавад, ки фалон марзбон хатти сарҳадро гузашт

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 3-юми июл ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "сарҳадбонҳои тоҷик набояд ба "асорат"-и худ иҷозат медоданд". "Ин тасмим пас аз санҷиши қазия дар марз гирифта шуд. Суоли аслӣ аз се марзбон ин буд, ки чаро иҷоза доданд, сарҳадбонони қирғиз онҳоро гирифта бо худ бубаранд?" - гуфт ӯ.

"Сарбозонро латту кӯб ҳам кардаанд"

Санҷиши мақомоти тоҷик нишон додааст, ки се сарҳадбони тоҷик баъди дастгир ё “асир” афтодан аз тарафи ҳамтоёни қирғизи худ латту кӯб низ шудаанд. Манбаъ гуфт, марзбонони тоҷик танҳо пас аз гузашти тақрибан 5 соат ва дахолати мақомоти баландпояи марзбонии кишвар аз боздошт раҳо шуданд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, бо сабаби халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ироаи ному насаби сарбозон худдорӣ мекунад. Ӯ танҳо гуфт, онҳо як сол боз дар хидмати сарбозӣ ҳастанд.

  • Тафтиши қазияи "асир афтодан"-и марзбонони тоҷик феълан аз сӯи Додситонии низомии Тоҷикистон идома дорад.

Вокунишҳо ба боздошт ва бастани дасту даҳони марзбонон

Моҷарои дастгир шудани марзбонони тоҷик аз тарафи сарҳадбонони қирғиз 4-уми июн сурат гирифт. Дар пайи як муноқиша дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати “Калашников” ба ҳудуди худ бурданд.

Ҳодиса дар минтақае рух додааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳудуди худ мешуморад. Мақомот гуфтанд, рӯзи 4-уми июн ду шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шуда, молу колояшонро ба фурӯш гузоранд ва онҳо монеъ гардиданд. Аммо тарафи Қирғизистон иддао дорад, ки марзбонҳои тоҷик сарҳадро ғайриқонунӣ убур карданд.

Дастгир шудан ва бастани дасту даҳони марзбонони тоҷик ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд. Бахусус навор ва акси ба рӯи замин бо дастони баста хобонидани се марзбони тоҷик вокунишҳои тундро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва бисёр корбарон онро “шармандагӣ” унвон карданд.

Тартиби дуруст кадом аст?

Мусоҳиби мо дар мақомоти интизомии Тоҷикистон иддао кард, ки ҷониби Қирғизистон барои амалкарди сарҳадбононаш узр пурсидааст. Радиои Озодӣ дар ин бора ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон муроҷиат кард, аммо дафтари матбуоти ин ниҳод бо далели ҳозир набудани раҳбари идора аз шарҳи хабар худдорӣ кард.

Се марзбони тоҷик дар ҳоле муҷозот шуданд, ки мутахассисони соҳаи ҳарбӣ мегӯянд, марзбон дар ҳеч ҳолат ҳақ надорад, сарбози кишвари ҳамсояро латту кӯб кунад.

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

Нуралишо Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, аз рӯи қоидаи низомӣ ҳар касе, ки марзро ғайриқонунӣ убур кард, дастгир мешавад. Аммо Назаров таъкид кард, агар минтақаи марзӣ аломатгузорӣ нашуда бошад, пас бояд сардорони дастаҳои сарҳадӣ қаблан барои убури марзбонон мувофиқа кунанд.

"Агар ҳатто марзбонон ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаранд, тартиби дурусташ чунин аст: бояд зуд ба тарафи муқобил расонда шавад, ки фалон марзбон хатти сарҳадро гузашт ва дастгир шуд", - шарҳ дод ӯ.

Мушкили марзҳои номуайян

Ҳарчанд муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чаҳор соли охир зиёд сар мезананд, аммо ин аз аввалин мавридҳоест, ки марзбонони тоҷик аз тарафи ҳамтоҳи қирғиз боздошт шуданд. Пеш аз ҳодисаи дастгир шудани марзбонони тоҷик наворе ҳам ба Интернет роҳ ёфт, ки дар он дида мешуд чанд сокини Қирғизистон талош мекунанд яроқи марзбонони тоҷикро аз дасташон кашида бигиранд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйинуаломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинонбарои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд. Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG