Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сокинон хабари низоъҳои марзиро аз Озодӣ ва Азаттик мегиранд” ВИДЕО


Сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар онҷо сари чанд вақт барои тақсими замину об ҷанҷол мехезад, дар як назарпурсӣ гуфтаанд, хабарҳои марбут ба низоъҳои сарҳадиро аз куҷо дастрас мекунанд.

  • Дар тарафи Тоҷикистон аз радиову сомонаи "Озодӣ", "Азия-Плюс", телевизиону нашрияҳои маҳаллӣ ва дар тарафи Қирғизистон аз "Салам радио", "Биринчи радио" ва "Азаттик" ҳамчун манбаъҳои аслии хабар ном бурдаанд.
Таъкид шуд, аз пахши наворҳои носанҷида, ки вазъро мушкил мекунад ва ба муноқиша доман мезанад, худдорӣ шавад

Ин назарпурсиро Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон якҷо Бунёди ҷамъиятии рушди расонаҳо дар Қирғизистон анҷом додааст. Созмонҳо гуфтанд, дар назарпурсии "face to face" 60 сокини навоҳии наздисарҳадӣ иштирок карда, ба суолҳо ҷавоб гуфтанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, рӯзи 29-уми июн гуфт, "баъзе сокинон хабарҳоро аз сарчашмаҳои дигар, ба мисли ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дарёфт мекунанд. Аммо, дар маҷмуъ, гуфтанд, ки эътимодашон ба хабару гузориши расонаҳо бештар аст."

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Ба қавли Қаршибоев, мардум аз шабакаҳои телевизонӣ низ иттилои бештар мегиранд ва шабакаи телевизони Исфара аз ҷумлаи онҳост. "Дар ҷойи дигар аз радиоҳои "Диёр" ва "Исфара" ҳам ном бурданд", - афзуд ӯ.

Пурсиш асосан дар ду ноҳияи марзии Тоҷикистон – Исфара ва Бобоҷон Ғафуров – ва дар се ноҳияи Қирғизистон – Лайлак, Бодканд ва Қадамҷо – сурат гирифтааст.

Ҳангоми пурсиш сокинони наздимарзӣ, инчунин, хостаанд, дар бораи қоидаҳои равуо, гузаргоҳҳо ва хатти марз низ маълумот ба даст оранд. Онҳо гуфтаанд, намояндагони васоити ахбори умум дар ин мавзуъҳо бештар бинависанд, "зеро надонистани тартиби равуо бештар боис ба моҷарову муноқишаҳо мешавад".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мардум хабари низоъҳои марзиро аз кӣ мефаҳманд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Дар вақти муаррифии назарпурсӣ дар ноҳияи марзии Бодканди Қирғизистон, намояндагони расонаҳо ба таҳияи хабару гузоришҳои ҳирфаӣ ва дақиқ таъкид кардаанд.

Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух дод

Қаршибоев гуфт, дар ин маърака ба муноқишаи охир дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳам ишора шудааст, ки ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати “Калашников” ба ҳудуди худ бурда буд. Ҳодиса рӯзи 4-уми июни имсол, пас аз он рух дод, ки ду шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, молу колояшонро ба фурӯш гузоранд.

"Таъкид шуд, аз пахши наворҳои носанҷида, ки вазъро мушкил мекунад ва ба муноқиша доман мезанад, худдорӣ шавад. Беҳтар аст, аз ҳама гуна хабарҳои носанҷида ва шитобзадагӣ парҳез кунанд", - гуфт раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

Аз ҷумла, соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух дод, ки бар асари он чанд нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG