Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаи Ҳасанро дар Хоҷаи Ғорбобо вайрон карданд


Дар наздикии манзили Ҳасан Ҳасанов чанд бошишгоҳи саҳроӣ низ мавҷуд будааст.

Манзили Ҳасан Ҳасанов, сокини Исфара, дар марз бо Қирғизистон баъд аз гуфтугӯи масъулони ду кишвар тахриб шудааст. Ин манзил дар мавзеи Кулик, дар минтақаи мавриди баҳси мавсум ба “Хоҷаи Ғорбобо” ҷойгир буд. Манобеи огоҳ гуфтанд, ки манзили навбунёдро ҷониби Қирғизистон “манбаи ихтилоф” номидааст.

Масъулони вилояти Бодканд гуфтанд, ки теъдоди зиёде аз шаҳрвандон ба бунёди ин манзил эътироз доранд. Онҳо гуфтанд, агар кӯчонда нашавад, эҳтимол як ихтилофи дигар ба вуҷуд биояд.

Як манбаъ дар ҳукумати Исфара рӯзи 30-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Қирғизистон хостанд, то дақиқ шудани аломатгузорӣ дар марз ин манзил кӯчонда шавад. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, Ҳасан Ҳасанов ду соли пеш аз ҳукумати шаҳри Исфара барои манзили зисташ дар ин мавзеъ иҷозаи сохтмон дарёфт карда буд. Ҳамзамон барои корҳои хоҷагӣ ба ӯ панҷ гектар замин дода буданд. Ҳоло ӯро розӣ кардаанд, то муваққатан аз онҷо ба деҳаи Қалъача бикӯчад.

“Масъулони вилояти Бодканд гуфтанд, ки теъдоди зиёде аз шаҳрвандон ба бунёди ин манзили зист эътироз доранд. Онҳо гуфтанд, агар ин манзил кӯчонда нашавад, эҳтимол ихтилофи дигаре миёни сокинон ба вуҷуд биояд. Миёни ҷонибҳо машварат шуд, ки ба хотири нофаҳмӣ нашудан бояд ин манзил муваққатан кӯчонда шавад”, - гуфт ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, ба хотири рух надодани нофаҳмӣ ҷониби Тоҷикистон низ ба кӯч додани ин манзил розӣ шуданд, вале ин маънои онро надорад, ки мавзеъ ба қирғизҳо тааллуқ дорад. Соҳиби ин манзил ҳоло охирин ҷиҳозашро аз ин мавзеъ ба деҳаи Қалъача, ба хонаи падариаш мебарад.

Собир Толибов, яке аз ҳамдеҳагони ӯ, рӯзи 30-юми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Ҳасан ба пешниҳоди мақомоти Исфара, ки то аломатгузорӣ шудани марз аз он ҷо бикӯчад, розӣ шудааст. “Вай ба хотири чарогоҳ дар он ҷо зиндагиро интихоб карда буд. То ҳамин вақт қирғизҳо ҳеҷ эътирозе ба ин замин надоштанд. Вақте онҷо хона ва як ду хонаи саҳроии муваққатӣ бунёд шуд, эътирозу шикояташон сар шуд”, - гуфт Толибов.

Дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара ин иттилоъро тасдиқ карданд, аммо аз шарҳи расмии он худдорӣ намуданд. Дилшод Расулзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 28-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накарда, гуфта буд, ки посухро аз котиби матбуотӣ бигиред.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати Исфара, рӯзи 30-юми ноябр гуфт, “то ҷое иттилоъ дорем, иншооте, ки дар назар аст, манзили истиқоматӣ набуда, балки бошишгоҳи саҳроист. Ин бошишгоҳ ҳеҷ рабте ба Ҳасан Ҳасанов надоштааст. Мувофиқи қарорҳои протоколии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон сохтмони ҳамагуна иншоот дар мавзеъҳои баҳсӣ ва хатти муайянашудаи марз манъ карда шудааст. Масъулини мақомоти маҳаллӣ танҳо ба хотири инки ҷониби Тоҷикистонро барои вайрон кардани қарор гунаҳкор наҳисобанд, кӯчондани он иншооти худсохтро зарур донистанд."

Оқои Илёсзода ҳамзамон гуфт, замини атрофи иншоот мавриди истифодаи шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дорад ва изҳори умед кард, ки «дар мавриди мушаххас намунадани ҳудуд ва аломатгузории марз адолати таърихӣ пирӯз хоҳад омад.»

Бори аввал аст, ки ду ҷониб сари кӯч додани як манзили зист дар минтақаи мавриди баҳс зуд ба хулоса мерасанд. Қаблан, сари чарогоҳ ва бунёди манзили зист дар ин марз задухӯрдҳои хунин сурат гирифта буд.

Кӯч додани манзили зисти як сокини шаҳри Исфара аз минтақаи «Хоҷаи Ғорбобо» дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта мақомоти Қирғизистон аз кумисюни ташхис ва аломатгузории марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хостаанд, то дақиқ кунанд, ин минтақа ба кадоме аз ҳамсояҳо тааллуқ дорад.

Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

“Хоҷаи Ғорбобо”, ки ба қавли сокинон аз доманакӯҳҳо иборат аст, дар ҳудуди ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара воқеъ мебошад. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар доманакӯҳҳои “Хоҷаи Ғорбобо” асосан чорвои сокинони ин кишвар мечаранд. Аммо тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ин мавзеъ аз қадим дар ҳудуди ҷамоати Ворух буд. Онҳо мегӯянд, дар ин маҳал мазори Хоҷаи Ғорбобо ҳам ҷойгир аст, ки аз маконҳои зиёрати сокинони Исфара ба ҳисоб меравад.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, то кунун аз 970 километр марзи муштарак 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст. Борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода буд. Соли гузашта дар чунин танишҳои марзӣ дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG