Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нави марзӣ. Кӯчаи Баҳор аз они кист – Тоҷикҳо ё қирғизҳо?


Дар пайи гуфтугӯ миёни мақомоти маҳаллии Тоҷикистон ва Қирғизистон, марзбонони қирғиз роҳи ягона барои ҳудуди 40 хонаводаи кӯчаи Баҳори ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боз карданд. Аммо манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки алорағми боз шудани ин роҳ, ҳанӯз заминаи муноқиша ба таври комил аз байн нарафтааст. Ба гуфтаи онҳо, ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, баъд аз омӯзиши мушкил дар ним моҳи дигар сари ҳалли он бармегарданд.

Эргашбой Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчи-Қалъача рӯзи 2-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 31-уми июл як гурӯҳ аз марзбонони қирғиз дар як зиреҳпӯш ба маҳалли канори деҳаи Овчи Қалъача ҳозир шуда, хостанд як қисмати роҳро бубанданд.

Мушаххас набудани хати марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин борҳо ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Дар он маҳал сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду канори роҳ зиндагӣ мекунанд ва баста шудани ин масир, ҳудуди 40 хонаводаи тоҷикро аз роҳ ба сӯи маркази ноҳия маҳрум менамояд. Вале Эргашбой Ҷӯраев гуфт, мақомоти маҳаллии ду кишвар сари ин масъала ба созиш расиданд, зеро ҷониби Қирғизистон розӣ шуд, ки роҳро набандад.

Ба таъкиди Ҷӯраев, ин созиш барои доимӣ нест ва ҳалли масоили марзӣ ба салоҳияти Комиссияи муштараки марзбандӣ байни ду кишвар марбут аст: "Ҳозир роҳ боз аст ва сари он сад нагузоштанд. Мо маслиҳат кардем, ки ҳар ду ҷониб ба комиссияи муштараки марзбандии байни Тоҷикистону Қирғизистон муроҷиат кунем ва тасмими ниҳоӣ аз ҷониби ин ниҳод гирифта шавад."

Дар маҳалли муноқиша, дар кӯчаи Баҳори канори шарқии ҷамоати Овчӣ Қалъа, даҳҳо хонаводаи тоҷик ва дар канори дигари роҳ сокинони қирғизи деҳаи Мақсад зиндагӣ мекунанд. Ҳар ду ҷониб ҳам ин пораи заминро аз они худ медонад.

Намояндаи қирғизҳо: "Замин аз мост"

Сафаралӣ Одинаев, раиси маҳаллаи Мақсади ҷамоати Қулундии Қирғизистон рӯзи 2-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замини роҳи маҳаллаи тоҷикон аз чанд сол ба ин тараф, ба як сокини қирғизи деҳаи Мақсад тааллуқ дорад. Ӯ нав аз муҳоҷирати кории Русия баргашта ва ҳоло мақомоти маҳаллӣ мехоҳад, он заминро дар ихтиёраш гузорад.

"Он шаҳрванди мо ҳуҷҷатҳои соҳибӣ ба он 30 сотих қитъаи заминро дар даст дорад, ки давлати Қирғизистон ба ӯ додааст. Аммо ӯ пештар соҳибӣ накард ва то ҳол як қисм заминашро тоҷикон аз худ карданд. Акнун мо хостем боқимондаашро ба ӯ баргардонем. Дар вохӯрии раисони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак рӯзи 31-уми июл гуфтанд, ки мутахассисонро даъват мекунанд, то аз рӯи харита ба кадом тараф мансуб будани он заминро муайян мекунанд. Баъд масъаларо бо сулҳу салоҳ ҳал мекунем", - афзуд ӯ.

Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки дар ҳоли дар роҳи ягона хона сохтани шаҳрванди қирғиз даҳҳо шаҳрванди тоҷики он кӯча чӣ тавр ба маркази ҷамоат ва ноҳияи худ равуо мекунанд, гуфт, як роҳи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки метавонад истифода шавад.

"Қирғизҳо мехоҳанд заминро аз худ кунанд"

Вале сокинони кӯчаи Баҳори деҳаи Овчӣ Қалъача мегӯянд, он роҳи дигар аз байни деҳаи Мақсади қирғизҳо мегузарад ва мумкин аст дар оянда барои равуои озодани онҳо монеа эҷод кунад. Ҳамин тавр, мушкили муайян кардани ба кадом ҷониб тааллуқ доштани қитъаи замини баҳс миёни деҳаҳои Овчӣ Қалъача ва Мақсад ба ду ҳафтаи оянда гузошта шуд.

Як сокини маҳалли муноқиша, ки худро Давлат Воҳидов муаррифӣ кард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бори дувум аст, ки мақомоти маҳаллии қирғиз бо ёрии марзбонон мехоҳанд роҳи маҳаллро аз худ кунанд.

Ба гуфтаи вай, рӯзи 31-уми август вақте гурӯҳи марзбонони қирғиз хостанд пеши ин роҳро бо симчӯбҳо банданд, даҳҳо тан аз сокинони тоҷик ба ин кори онҳо монеъ шуданд. Ба дунбол бегоҳи он рӯз раисони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ва масъулони деҳаҳои Овчӣ Қалъачаву Мақсад мулоқот намуда, аз густариши муноқиша ҷилавгирӣ карданд.

Як минтақаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон.
Як минтақаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Соли ҷорӣ бори сеюм аст, ки сари қитъаҳои замини баҳснок дар мавзеи байни Овчӣ Қалъача баҳсу муноқиша сар мезанад. Моҳи апрел Абдуғаффор Ҷалолов – сокини деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки хонаи ӯро дар канори ин маҳал намояндагони мақомоти деҳаи Мақсади Қирғизистон дар ҳузури низомиҳои ноҳияи Лайлаки Қирғизистон хароб карданд.

Қабл аз он марзбонҳои қирғиз ба дастаҳои ҷавонони деҳаи Овчӣ Қалъача барои баргузор кардани мусобиқаи футбол дар майдони варзишии воқеъ дар замини баҳсноки канори ин маҳал, монеъ шуданд. Сокинони ин маҳали марзӣ мегӯянд, ин гуна баҳсҳо сари қитъаҳои замину об борҳо рух медиҳад ва умедворанд муайян ва нишонагузорӣ шудани хати марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, ба ин гуна баҳсу муноқишаҳо поён хоҳад дод.

Аломатгузорӣ нашудани садҳо километр марз

Зимнан, Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хати марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёбад.

Мушаххас набудани хати марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Масалан, дар соли 2014 дар минтақаҳои баҳсии ин марз, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG