Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи Озодӣ: Тоҷикистон шабеҳи кишвари яккаҳизбист. САДО


Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузориши "Давлатҳои дар ҳоли гузариш-2017" аз вазъи рӯ ба поини демократия дар Тоҷикистон интиқод карда, низоми ҳоким дар кишварро "худкома" хондааст. Ин гузориш, ки рӯзи 5 апрел нашр шуд, бар асоси арзёбиҳои озодиҳои сиёсӣ, вазъи матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба чунин хулоса омадааст. Мақомоти Тоҷикистон, ки бо интиқоди созмони байналмилалӣ розӣ нестанд, ин арзёбиҳоро ғайримунсифона меноманд.

Freedom House: Тоҷикистон шабеҳи кишвари яккаҳизбист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
Линки мустақим

Эдвард Лемон, пажуҳишгари Донишгоҳи Колумбия ва аз муаллифони ин гузориш гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 ҳамаи мухолифинро ба ҳошия ронда ва мавқеи яккатозиро тақвият бахшид. Ӯ ба унвони мисол аз ислоҳи Қонуни асосӣ, боздошту зиндонӣ шудани вакилони дифоъ ва таъқиби хонаводаи мухолифини тоҷик ном бурда, таъкид кардааст, ки “ҷомеаи шаҳрвандӣ низ кори худро таҳти фишори ҳукумат идома медиҳад”.

“Баъд аз тазоҳуроти ороми фаъолони мухолифин дар нишасти ченакҳои инсонӣ дар Варшава тазоҳуроти ҷавобӣ алайҳи онҳо дар саросари Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд. Мақомот ҳудуди 50 тан аз наздикони мухолифинро боздошт карда, ба аъзои оилаашон ҳамла оварданд. Ду вакили мудофеъ ба унвони “ифротгаро” муттаҳам шуда, аз тарафи Додгоҳи олӣ ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуданд”, - таъкид гардидааст дар гузориш.

Муаллифони гузориш рӯзи 5 апрел гуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ҳамаи мухолифинро ба ҳошия ронда ва мавқеи яккатозиро тақвият бахшид.

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, “ба хотири идомаи маърака алайҳи вакилони дифоъ дараҷаи системаи додгоҳии Тоҷикистон аз 6.75 ба 7 балл расидааст”, ки аз рӯи ҷадвали Хонаи Озодӣ нишондиҳандаи бад шудани вазъият аст. Ба ин тартиб, вазъи расонаҳои мустақил ҳам аз назари озодиҳои сиёсӣ рукуд кардааст.

Муаллифон дар бахши дурнамои ин гузориш барои соли 2017 навиштаанд, “интизор меравад, ҳамагуна норозиён ва оилаҳои онҳое, ки дар табъид ба сар мебаранд, саркӯб шаванд. Бо давом ёфтани рукуди иқтисодӣ дар Русия, пулҳои фиристодаи 1 миллион муҳоҷир ҳам дар сатҳи поин боқӣ мемонад.”

Ба қавли муаллифон, ҳокимияти миллии демократии Тоҷикистон дар соли 2016-2017 дар дараҷаи 7, яъне поинтарин нуқтаи ҷадвали ин гузориш ҷой гирифтааст. Гуфта шудааст, ки “Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон фазои сиёсиро дар тасаллути худ нигоҳ медорад. Тоҷикистон дар асл шабеҳи як кишвари яккаҳизбӣ аст.”

Мақомоти тоҷик бо ин арзёбиҳо розӣ нестанд

Зариф Ализода.
Зариф Ализода.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки зоҳиран чунин гузоришҳо дар солҳои охир "боғараз" таҳия мешаванд. Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик, рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин фикри онҳост. Вале шахсоне, ки ба ҷиноятҳое чун терроризм ва экстремизм даст мезананд, инҳо мухолифини сиёсӣ нестанд. Онҳо шахсонеанд, ки кирдорҳои мушаххаси ҷиноятиро содир мекунанд. Мухолифи сиёсӣ бояд дар доираи талаботи қонуну Конститутсия фаъолият кунад, на инки даст ба кирдорҳои ҷиноятӣ бизанад. Ин кор дар тамоми ҷаҳон қобили қабул нест.”

Ализода дар робита ба баҳои бади Хонаи Озодӣ ба вазъи матбуоти Тоҷикистон гуфт, “мушкили бисёре аз расонаҳои мо иқтисодианд. Дар инҷо ягон фишороварӣ нест. Онҳо танҳо аз нуқтаи назари худашон баҳо медиҳанд”.

Мушкили матбуоти тоҷик: иқтисодӣ ё сиёсӣ?

Дар ду соли охир дасти кам ду расонаи фаъол ва хабарсоз - ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва оҷонсии хабарии "Тоҷнюс" бо ишора ба вуҷуди мушкил дар нашри матолиби мавриди назар баста шуданд. Афзун бар ин расонаҳо, инчунин дар соли 2016 нашрияҳои "Вечерний Душанбе" ва нашрияи "Дам" дар Хуҷанд, баста шуданд.

Нашрияҳои дигар аз дучори мушкили молӣ шудани худ, маҳдудият дар имкони нашри матолиби танқидӣ дар ҳаққи мақомот ва сохторҳои давлатӣ, вуҷуди сензураи давлатӣ, бахшиши ҳаққи пештозӣ дар пахши иттилои расмӣ ба Оҷонсии расмии "Ховар" ҳамчун мушкили пешбурди тиҷорату анҷоми рисолати касбии худ шикоят карданд. Инчунин хабарҳо дар бораи тарки Тоҷикистон кардани на танҳо фаъолони сиёсӣ, балки журналистон ҳам пахш мешавад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, вазъи расонаҳои мустақил дар кишвар хеле нигаронкунанда аст ва сабаби баста шудани баъзе расонаҳо на фақат молӣ, балки фишори мақомот низ ҳаст.

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

“Бештари расонаҳои мустақил мушкили иқтисодӣ доранд ва ҳамзамон ҳукумат бо баҳонаи мубориза алайҳи терроризм ва экстермизм озодиҳоро хеле маҳдуд кардааст. Руҳияи рӯзноманигорони Тоҷикистон хеле поин рафтааст ва худсонсурӣ миёни онҳо хеле авҷ гирифтааст”, - мегӯяд Нуриддин Қаршибоев.

Ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон хостаанд, ки саркӯби ҷомеаи маданиро хотима дода, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром бигузоранд. Баёнияи муштараки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказиро созмони байналмилалии Ҳамкорӣ ба хотири ҳуқуқи инсон нашр кард. Ин созмон дар шаҳри Брюссел ҷой гирифтааст.

Дар муроҷиатнома ҳомиёни ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ хостанд, аз ин ба баъд ҳам ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар минтақа ва дигар кишварҳои шӯравии собиқ кӯмак кунанд ва кӯшиш намоянд, то онҳое, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, озод карда шаванд. Аз ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчунин хоста шудааст, ки мусоидат намояд, то қонунҳои маҳдудкунандаи озодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беэътибор карда шавад ва барои беҳтар шудани вазъи озодии баён ва фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа ислоҳоти фарогир анҷом бигирад.

XS
SM
MD
LG