Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Душанбе ба САҲА дар мавриди ҳалли мушкили "сайтбандон"


Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури оид ба озодии баён.
Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури оид ба озодии баён.

Намояндаи САҲА мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки барои ҳалли мушкили бастани сомонаҳои интернетӣ кӯшиш хоҳанд кард.

Дар як ҳамоиши минтақавӣ, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе ташкил кард, вазъи озодии баён, шароити кори хабарнигорон дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи миёна матраҳ шуд.​

Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури оид ба озодии баён рӯзӣ 20−уми ноябр дар як суҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқоташ бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов вазъи озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Вай афзуд, ки як мавзӯи умдаи сӯҳбаташ бо Аслов пиромуни масдуд кардани торнамоҳои интернетӣ буд: "Дастрасии пурра ба иттилоот тариқи интернет ва фаъолияти озоди хабарнигорон дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи миёна бисёр мушкил шудааст. Дар ин мулоқот ҷаноби Аслов ба ман ваъда дод, ки ӯ барои ҳалли ин масъалаҳо ҷиддан кӯшиш хоҳад кард.”

Расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва байналмилалӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сари чанд вақт бидуни шарҳу тавзеҳ ба муддати гуногун баста мешаванд. Мақомот расман даст доштанашон дар масдуд кардани сомонаҳоро рад мекунанд. Аммо дар аксарияти мавридҳо расонаҳои хабарӣ дар шабу рӯзи баргузории амалиётҳои низомӣ алайҳи ин ё он гурӯҳ масдуд мешаванд ва зоҳиран мақомот ин тасмимро “ба далоили амниятӣ” рӯи даст мегиранд.

Дуня Миятович мегӯяд, воқеан масъалаи озоди баён ва ҳифзи амнияти кившар як масъалаи зиддунақиз аст, аммо ин набояд баҳонае барои масдуд кардани озодии баён гардад. Миятович мегӯяд, сомонаҳое, ки ба хушунат ва қатлу куштор даъват мекунанд бояд баста шаванд, вале: "Ин қабил сомонаҳо танҳо бо ҳукми додгоҳ баста шаванд, на бо дастурҳои худсарона. Давлати Тоҷикистонро лозим аст, ки бо САҲА дар мавриди беҳбуди вазъи озодии баён ҳамкорӣ кунад.”

Дуня Миятович ба манзури ширкат дар анҷумани 17-уми матбуоти Осиёи Марказӣ, ки САҲА ҳар сол доир мекунад, дар Душанбе қарор дорад. Ин анҷумани дурӯза, ки рӯзи 19 ноябр ба кори худ оғоз кард, инак бори шашум дар пойтахти Тоҷикистон доир мешавад. Мавзӯъи асосии баҳси нишасти Душанбе “Гузаштан ба пахши рақамӣ - ҳамчун василаи озодии баён” буд.

Анҷумани матбуоти Осиёи Марказӣ дар Душанбе имсол дар шароите доир шуд, ки бархе иқдомҳои ахири мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла пайваста маҳдуду масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва боздошти дастикам 2 хабарнигори марбут ба ҳизби наҳзати исломӣ дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябр мояи нигаронии ниҳодҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот шудааст.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш гуфт, вазъи озодии баён, расонаҳо ва хабарнигорон дар қиёс бо як соли қаблӣ бадтар шудааст.

Қаршибоев афзуд, аз як сӯ буҳрони иқтисодӣ вазъи молии расонаҳои маҳаллиро хароб кард ва аз сӯи дигар дастрасии хабарнигорон ба иттилоот пас аз ҳодисаҳои 4−уми сентябр боз ҳам маҳдудтар шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат дар ин авохир як силсила санадҳои зерқонуние қабул шуданд, ки дастовардҳои охири кишварро дар мавриди озодии баён ба сифр баробар кард: "Барои мисол, 30−уми июни соли равон дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон протоколе қабул шуд, ки мувофиқи он, тамоми иттилоот аз идораву ниҳодҳои давлатӣ танҳо ба Оҷонсии давлатии иттилоотии “Ховар” бояд фиристода шавад. Расонаҳои дигар танҳо бояд аз ин Оҷонсӣ маълумот бигиранд.”

Қаршибоев афзуд, протоколи мазкур Оҷонсии “Ховар”−ро ба монополисти бозори иттилооти кишвар табдил медиҳад, ки мухолифи қонунҳои дигари Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дастрасӣ ба иттилоот аст. Ин дар ҳолест ки мақомоти расмӣ ва масъулони “Ховар” вуҷуди чунин дастуреро рад мекунанд.

Тоҷикистон дар шохис ва ё индекси озодии баён, ки созмони Freedom House нашр мекунад, дар миёни 180 кишвар дар мақоми 116-ум қарор дорад. Қаблан намояндагони созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ва Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷаи Амрико хоста буданд, ки масъалаи озодии баён ва афзоиши сонсур длар нисбати хабарнигоронро бо роҳбарони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи миёна матраҳ созад. Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” пайваста ва ба таври муназзам баста шудани вебсайтҳои хабарие, мисли Радиои Озодӣ ва ё “Азия-Плюс” ва шабакаҳои умдаи иҷтимоиро намунае аз сонсуре меномад, ки мақомоти Тоҷикистон ба роҳ андохтаанд.

XS
SM
MD
LG