Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз бастани масҷид то боздошти падар. Шеваҳои "муосир"-и ҷалби ҷавонон ба артиш


Ҷавононе, ки бори аввал ба хидмати сарбозӣ мераванд
Ҷавононе, ки бори аввал ба хидмати сарбозӣ мераванд

"Падарамро маҳкам карданд, ки то писарат аз муҳоҷират омада ба артиш наравад, озод намешавӣ"; "Дари масҷидро баста шарт гузоштанд, ки бачаҳоро ба хидмат фиристед" -- инҳо чанд "намуна"-и нави ҷалби ҷавонон ба артиши Тоҷикистон аст, ки дар се ҳафтаи гузашта расонаӣ шуданд.

  • Мавридҳое, ки дар гузашта назир надошт ва, ба гуфтаи коршиносон, аз печидатар шудани масъалаи даъвати ҷавонон ба артиш гувоҳӣ медиҳад. Вале мақомот вуҷуди чунин ҳолатҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, "баръакс, сафи ихтиёриёни хидмат дар артиш афзудааст".
Дар даврони Шӯравӣ хидмат дар артиш "престиж" буд, иззати нафс буд. Дар он вақт духтарон одамеро, ки хидмат накардааст, ба ҳамсарӣ намегирифтанд

"Агар ба хидмат равам..."

Салимҷон Ҳамидов, сокини 26-солаи вилояти Суғд, ҳашт соли охири умрро дар муҳоҷират дар Русия гузарондааст. Ҳар сол дар айми баҳору тирамоҳ ба хонаи онҳо даъватнома меояд, то ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Ҷавоби волидонаш ҳамеша як аст: "ӯ дар муҳоҷират аст".

Ҳамидов шояд аз қабили садҳо ҷавони тоҷик аст, ки ба ҷойи хидмат дар артиш ба муҳоҷират бартарӣ медиҳанд. Ин гуруҳи ҷавонон мегӯянд, барои чунин рафтори худ далел ҳам доранд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Салимҷон Ҳамидов, таъмини бародари донишҷӯ ва оилаи иборат аз даҳнафариашон аз ӯ вобаста аст.

"Падарам деҳқон аст ва имкони таъмини пурраи оиларо надорад. Маҷбур ҳастам, ки ҳамчун писари калонӣ ба муҳоҷират равам. Худамро бо ҳамин тасаллӣ медиҳам, ки дар артиш ҳам набошам, барои падару модар хидмат мекунам", -- афзуд мусоҳиби мо.

Илова ба мушкили иқтисодӣ, ин гуруҳи ҷавонон азияту озори сарбозон ва камбуди ғизоро аз далелҳои дигари худдорӣ аз пайвастан ба артиш медонанд.

Вазорати дифоъ: "Сафи ихтиёриён меафзояд"

Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш рӯзи 1-уми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад. Ин мавсими даъват бо фарқ аз мавсимҳои қаблӣ танҳо бо "облава" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш маҳдуд нашуд. Ду ҳафта пеш як гуруҳ аз сокинони шаҳри Исфара шикоят карданд, ки волидони онҳоро мақомоти қудратӣ бо худ бурда ва шарт гузоштаанд, ки танҳо баъди аз муҳоҷират баргаштани фарзандон озод мешаванд.

Инчунин, як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Нуробод мегӯянд, рӯзи 26-уми апрел мақомот дари масҷидҳоро ба рӯяшон баста ва гуфтаанд, ки аввал ҷавононро ба артиш фиристед, баъд барои намозхонӣ иҷозат аст. Ҳарчанд мақомоти ноҳияи Нуробод инро рад карданд, аммо чандин тан аз сокинони ин ноҳия ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки рӯзи ҷумъаи гузашта ҳадди ақал дари ду масҷиди ҷомеъ ба рӯяшон баста буд".

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯянд, "сафи ихтиёриён барои хидмат дар артиш афзудааст ва ҳоҷате ба ин амалҳо нест".

Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифоъ рӯзи 29-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ вуҷуди "ҳама гуна ҳолатҳои ғайриқонунии даъвати ҷавононро" рад кард. Нозимиён гуфт, "довталабон барои хидмати ҳарбӣ нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд аст" ва "нақшаи даъвати баҳорӣ ҳудуди 70 дарсад иҷро шудааст".

"Қатъи интиқоли нерӯи барқ, бастари дари масҷидҳо ва боздошти падару модарон ягон асос надорад. Чунин ҳолат ҳам нашудааст", -- посух дод Ориф Нозимиён.

“Шарт нест, ки ҳама ба хидмат равад”

Даъвати ҷавонон ба сарбозӣ яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Коршиносон мегӯянд, агар хидмат дар артиш барои ҷавонони даврони Шӯравӣ "муд" буд, ҳоло ба як дардисар табдил ёфтааст.

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

Сайёфи Мизроб, рӯзноманигори тоҷик, сарбози артиши Шӯравӣ аст. Ӯ ва дигар ҳамсолонаш замоне ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд, ки артиши Шӯравӣ дар Афғонистон меҷангид. "Дар даврони Шӯравӣ хидмат дар артиш "престиж" буд, иззати нафс буд. Дар он вақт духтарон одамеро, ки хидмат накардааст, ба ҳамсарӣ намегирифтанд", -- гуфт ӯ.

Ба бовари ин рӯзноманигори тоҷик, мушкили аслӣ дар ин самт ҳамон "облава" аст, ки ҷавононро тарсу кардааст. Аммо Сайёфи Мизроб мегӯяд, ҳатмӣ будани хидмат дар артиш бояд бознигарӣ шавад ва бигзор сарбозон ба ивази маош адои хидмат кунанд.

"Артиш бояд касбӣ бошад, чун дар тамоми дунё армия касбӣ аст. Дар мо бо зӯрӣ одамонро шикор карда, ба армия мебаранд. Бачаҳои мо пеш аз онки ба Русия рафта, мардикорӣ мекунанд оё беҳтар нест, ки ватану падару модари худро ҳифз кунанд ва барояшон маош ҷудо шавад?" – суол гузошт ӯ.

Тарс аз "гурусна мондан" ва "дедовшина"

Одили Нозир
Одили Нозир

Бархе аз коршиносон маъракаи таблиғи даъвати ҷавонон ба сафи артишро суст медонанд. Одили Нозир, таҳлилгари ҷавони тоҷик, гуфт, "дастгоҳи таблиғотӣ то ҳол натавонистааст хотираҳои талхи артиш дар солҳои 90-ум ва оғози солҳои 2000-умро аз ёди ҷавонон зудуда кунад."

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ таъкид мекунад, ки усули аз кӯча дошта ба артиш бурдан ё “облава” бояд пурра аз байн бурда шавад. Чун ба бовари ӯ, "ин кор ғурури ҷавононро мешиканад ва ин муҳитро ба вуҷуд меорад: артиши миллӣ ҷоест, ки одамро зада-зада мебаранд."

Мушкили дигари артиши Тоҷикистон, ки пайваста ба он таъкид мешавад, ҷалби фарзандони қишри миёнҳол аст. Коршиносон низ мегӯянд, вақти он расидааст, ки тамғаи "артиши камбағалон" дар Тоҷикистон аз байн равад, то ҳама бидонанд, ки "адои қарзи ватан барои ҳама якхела аст, чӣ шоҳу чӣ гадо."

XS
SM
MD
LG