Пайвандҳои дастрасӣ

Набимуҳаммад аз набард бо "абарқудратҳо" нуқра гирифт


Набимуҳаммад Хоркашев

Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони номдори тоҷик, рӯзи 12-уми ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни беш аз 100 кило барои панҷумин бор барои мақоми дувум бо медали нуқра сарфароз шуд.

Набимуҳаммад рӯзи якшанбе дар намуди самбои варзишӣ пас се пирӯзӣ бар рақибонаш Александр Фисчетти (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Ҳакимҷон Исмоилов (Узбакистон) ва Клауди Коумен (Камерун) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ҳалкунанда аз паҳлавони Русия Артём Осипенко, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон, аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.

Рӯзи охирини мусобиқот - 12-уми ноябр, инчунин паҳлавони тоҷик Зафар Олимшоев дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни зери 82 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Вале намояндаи дигари Тоҷикистон Нозимҷон Охиров дар вазни зери 62 кило бе медал монд.

Дар ин бора довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, шаби якшанбеи 12-уми ноябр аз шаҳри Сочи ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ёдовар мешавем, Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочи дар вазни зери 74 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва медали тилло гирифт. Ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Степан Попов, қаҳрамони ҷаҳону Аврупо аз Беларус, пирӯз шуд.

Беҳрӯзи 22-сола, ки зодаи ноҳияи Варзоб аст, аз синни 11-солагӣ ба гуштӣ машғул аст ва зери раҳбарии мураббиаш Садриддин Обидов тамрин мекунад. Ӯ ҳоло дар Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов таҳсил менамояд.

Бояд тазаккур дод, пас аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар вазни зери 100 кило дар Мински Беларус ба гуштигири тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода муяссар шуд, ки медали тиллоро ба даст орад.

Зимнан, Беҳрӯзи Хоҷазода дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод - баргузор шуда буд, дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило медали тилло ба даст овардааст.

Ба ҷуз Беҳрӯзи Хоҷазода, рӯзи шанбе Акмалиддин Каримов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило мақоми дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ Саян Хертек мағлуб шуд. Инчунин 11-уми ноябр дар риштаи самбои размӣ Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ҳамагӣ панҷ медал - як медали тилло, ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ - ба даст оварданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Қасри яхини "Айсберг"-и шаҳри Сочи бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, шоми якшанбеи 12-уми ноябр ба поён расид. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои варзишӣ Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) дохил буданд. Инчунин, дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро се варзишгар -- Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг) - намояндагӣ карданд.

Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Софияи Булғористон се медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Ҷомӣ Ҳасан дар вазни зери 52 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни зери 74 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Вале Раҷабов ва Устопириён дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочи иштирок надоштанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2017 дар Сочи (10-12 ноябр)

Мардон

52 кг

1. КИРАКОСЯН Tигран (Aрманистон)
2. ЧИМЕДДОРҶ Маралердан (Mуғулистон)
3. СОРОНОКОВ Валерий (Русия)
3. КАНЖАНОВ Беимбет (Қазоқистон)

57 кг

1. ХЕРТЕК Саян (Русия)

2. КАРИМОВ Акмалиддин (Tоҷикистон)

3. МАНУКЯН Максим (Aрманистон)

3. MAMMAДОВ Фуад (Озарбойҷон)

62 кг

1. КУАНОВ Ессет (Қазоқистон)

2. MУДРАНОВ Аслан (Русия)

3. ТШОВЕЛИДЗЕ Tорнике (Гурҷистон)

3. ТУТХАЛЯН Вае (Булғористон)

68 кг

1. БАЛИКОВ Владимир (Русия)
2. СЗОКЕ Ласзло (Руминия)
3. КОКША Александр (Беларус)
3. ИВАНОВ Мартин (Булғористон)

74 кг

1. ХОҶАЗОДА Беҳрӯз (Tоҷикистон)

2. ПОПОВ Степан (Беларус)

3. ЛЕБЕДЕВ Иля (Русия)

3. НАХУТСРИШВИЛИ (Гурҷистон)

82 кг

1. КИРЯХИН Сергей (Русия)

2. НТАНАДСИДИС Алексиос (Юнон)

3. ОЛИМШОЕВ Зафар (Tоҷикистон)

3. ЕМЕЛЯНОВ Т. (Булғористон)

90 кг

1. РЯБОВ Сергей (Русия)
2. ЁҚУБОВ Неъмат (Узбакистон)
3. МОЛТ Ҳелге (Олмон)
3. ЗЕКЕНОВ Алибек (Қазоқистон)

100 кг

1. ЧЕРНОСКУЛОВ Алсим (Русия)

2. ЛОРИАШВИЛИ Давид (Гурҷистон)

3. ХАНҶИЯН Арсен (Aрманистон)

3. РЕСКО Викторс (Латвия)

+100 кг

1. ОСИПОВ Артём (Русия)

2. ХОРКАШЕВ Набимуҳаммад (Тоҷикистон)

3. БОНДАРЕНКО Станислав (Украина).

3. КОАМЕН Клауди (Камерун)

Самбои размӣ

52 кг

1. МХИТАРЯН Григорий (Aрманистон)

2. ЭРГАШЕВ Муҳаммадалӣ (Қирғизистон)

3. РАИМҚУЛОВ Болатбек (Қазоқистон)

3. ТУКЛИЕВ Toлмас (Узбакистон)

57 кг

1. ҒАМЗАЕВ Мухтор (Русия)
2. KУЧЕРЕНКО Андрей (Украина)
3. ОЛТИНБЕК Уулу Амонат (Қирғизистон)
3. ГАНТУМУР Баян дуурен (Mуғулистон)

62 кг

1. ТАЛДИЕВ Рустам (Русия)

2. АВТАНДИЛУУЛУ Оразбек (Қирғизистон)

3. ЛАТИФОВ Сорбон (Tоҷикистон)

3. АССАУУЛУ Амондик (Қазоқистон)

68 кг

1. ВОЕВОДИН Даниил (Русия)

2. ВАРДАНЯН Вачик (Aрманистон)

3. КИЯЛБЕКОВ Нургелдӣ (Қазоқистон)

3. ЛЕФЕВРЕ Антоин (Фаронса)

74 кг

1. РАИМКУ Бекназар (Қирғизистон)
2. ХОТХОХУ Байзет (Русия)
3. РУДНЕВ Владислав (Украина)
3. ҚУДРАТОВ Истам (Узбакистон)

82 кг

1. КО Сео Ҳён (Kореяи Ҷанубӣ)

2. АЛЕКСЕЕВИЧ Евгений (Беларус)

3. ИКСАНГАЛИЕВ Темирлан (Қазоқистон)

3. РИНДОВСКИЙ Максим (Украина)

90 кг

1. ВАСИЛЕВСКИЙ Вячеслав (Русия)

2. ЛАУРЕНТИ Луис (Фаронса)

3. ТУРЕЧЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)

3. ДИМИТРОВ Мариян (Булғористон)

100 кг

1. НЕМКОВ Вадим (Русия)
2. АУКШТУОЛИС Теодорас (Латвия)
3. МАДӢ Райҳон (Қазоқистон)
3. ПОТИЕРИЯ Игор (Украина)

+100 кг

1. ГОЛТСОВ ДЕНИС (Русия)

2. ЛИ Сангсу (Kореяи Ҷанубӣ)

3. АБДИМАМАТ Улан (Қирғизистон)

3. ИСМОИЛОВ Ҳакимҷон (Узбакистон)

Ҳисоби дастаӣ

Занон

1. Русия (5 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ; ҳамагӣ - 8 медал)

2. Беларус (2 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ; ҳамагӣ- 7 медал)

3. Украина (1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ; ҳамагӣ - 4 медал)

Мардон

1. Русия (6 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ; ҳамагӣ - 9 медал)

2. Тоҷикистон (1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ; ҳамагӣ - 4 медал)

3. Арманистон (1 тилло, 2 биринҷӣ; ҳамагӣ - 3 медал)

3. Қазоқистон (1 тилло, 2 биринҷӣ; ҳамагӣ - 3 медал)

Самбои размӣ

1. Русия (6 тилло, 1 нуқра; ҳамагӣ - 7 медал)

2. Қирғизистон (1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ; ҳамагӣ - 5 медал)

3. Ҷумҳурии Корея (1 тилло, 1 нуқра; ҳамагӣ - 2 медал)

3. Арманистон (1 тилло, 1 нуқра; ҳамагӣ - 2 медал)

Умуман, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочи аз 93 кишвари ширкаткунандаи рақобатҳо варзишгарони 27 кишвар медал гирифтанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG