Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Хоркашев: "Наход барои ҳимояти шарафи Тоҷикистон пул наёфтанд?". САДО


Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони номдори тоҷик.
Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони номдори тоҷик.

Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони номдори тоҷик, ки мебоист дар ҳайати мунтахаби самбои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Сочи ширкат кунад, бинобар камбуди маблағ натавонистааст ба Русия сафар намояд. Ин мусобиқот рӯзҳои 10-12 ноябр дар шаҳри Сочи баргузор мешавад. Ин дар ҳолест, ки номи Набимуҳаммад Хоркашев дар феҳристи 9-нафараи мунтахаби Тоҷикистон дар вазни беш аз 100 килограмм ҷой дода шуда буд. Ин ҳайат шаби сешанбеи 7-уми ноябр аз Тоҷикистон ба Русия сафар кардааст.

Набимуҳамад Хоркашев рӯзи 8-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Федератсияи самбои Тоҷикистон ба ӯ гуфта буданд, ки ӯ Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочӣ дар вазни сангинтарин намояндагӣ хоҳад кард. Бинобар ин, ӯ бояд ба ин мусобиқот омодагӣ бигирад. Ин буд, ки ба гуфтаи ӯ тайи се моҳи ахир ба таври ҷиддӣ ба ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ омодагӣ медид.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи ин паҳлавони тоҷик, вай дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон чаҳор бор медали нуқра ва як маротиба медали биринҷӣ гирифтаааст ва орзуи ягона ва олиаш овардани медали тилло ба Тоҷикистон мебошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, баъд аз пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар соли 1975 дар мусобиқоти шаҳри Мински Белорус, дигар касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ мушарраф нашудааст.

Набимуҳаммад Хоркашев дар шарҳи сафар накардани худ дар ҳайати мунтахаби самбои Тоҷикистон ба Сочӣ гуфт, ки Носир Бозоров, сардори раёсати рушди варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон сармураббии дастаи мунтахаби кишвар ба варзишгарон гуфтааст, ки ҳар касе хоҳиши ширкат дар ин мусобиқаро дорад, бо сармояи худаш ба Сочи сафар намояд.

Ӯ мегӯяд, беш аз даҳ сол аст, ки дар вазни сангинтарин барандаи мақоми аввали мусобиқоти самбо дар кишвар мебошад ва ҳамчунин борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё пирӯз шудааст. "Наход барои ман, ки барои ҳимояти шарафи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон талош мекунам, маблағ ёфт нашавад",-афзуд Набимуҳаммад Хоркашев. Ҳол он ки ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ ба тақвими кумита ва федератсияи самбои кишвар ворид шудааст.

Талоши мо барои дарёфти назари Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахиби самбои Тоҷикистон, натиҷа надод. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаби гузашта ба Сочӣ сафар кардааст.

Аммо як манбаъ дар Федератсияи самбои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Набимуҳаммад Хоркашев дар тамринҳои дастаҷамъии мунтахаби Тоҷикистон ширкат надошт ва бинобар ҳамин, дар бораи то чӣ андоза омода будани вай ба ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, бехабар буданд. Аз ин рӯ, аз ширкати вай дар ин мусобиқа, сарфи назар карда шудааст.

Аммо худи Набимуҳаммад Хоркашев мегӯяд, ки дар тамринҳои дастаҷамъӣ ҳарифи баробарвазн барои ӯ вуҷуд надошт ва бинобар ҳамин, дар толори варзишии худ дар Қӯрғонтеппа бо шогидонаш, ки аслан сангинвазн ҳастанд, машқ мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон рӯзҳои 10-12 ноябр дар Қасри яхини "Айсберг"-и шаҳри Сочии Русия баргузор мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг) ва Умед Ҳасанбеков (90) дохиланд. Инчунин дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро чаҳор варзишгар -- Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг), Бахтовар Замиров (82 кг) ва Фирдавс Фозилбеков (90 кг) -- намояндагӣ мекунанд.

Довари дараҷаи байналмилалӣ мутахассиси тоҷик Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Сочӣ муовини сардовар таъйин шудааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ширкати ҳудуди 1000 варзишгари беш аз 90 кишвар дар назар аст. Барои аввалин бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ гуштигирони 7 кишвар: Чин, Ҳонконг, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д'Ивуар иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG