Пайвандҳои дастрасӣ

Н.Хоркашев ба Сочи рафт ва дар қаҳрамонии ҷаҳон ширкат мекунад


Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони номдори тоҷик дар фурудгоҳи Маскав. Акс аз шабакаи Фейсбук.

Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони номдори тоҷик, субҳи панҷшанбеи 9-уми ноябр барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон ба Маскав ва аз пойтахти Русия ба Сочи парвоз кард. Шоми дирӯз ӯ ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон пайваст.

Дар ин бора муовини сардовари ин мусобиқот Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), субҳи ҷумъаи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Вай афзуд, “Фардо, 11-уми ноябр, Хоркашев дар вазнкашӣ иштирок мекунад. 12-уми ноябр ӯ дар вазни беш аз 100 кило вориди рақобат мешавад.”

Пас аз нашри матлаби «Н.Хоркашев: "Наход барои ҳимояти шарафи Тоҷикистон пул наёфтанд?"» 9-уми ноябр дар сомонаи Радиои Озодӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни алоқамандони варзиш вокуниши зиёдеро ба бор овард. Ва маҳз бо дастгирӣ ва кӯмаки молии ҳаводоронаш Набимуҳаммад Хоркашев ба ин мусобиқот сафар кардааст.

Набимуҳаммад Хоркашев беш аз даҳ сол аст, ки дар вазни сангинтарин барандаи мақоми аввали мусобиқоти самбо дар кишвар мебошад ва ҳамчунин борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё пирӯз шудааст.

Ӯ ки мебоист дар ҳайати мунтахаби самбои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Сочи ширкат кунад, бинобар камбуди маблағ натавонистааст дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Русия сафар намояд. Ин ҳайат шаби сешанбеи 7-уми ноябр аз Тоҷикистон ба Русия сафар кард. Ин дар ҳолест, ки номи Набимуҳаммад Хоркашев дар феҳристи 9-нафараи мунтахаби Тоҷикистон дар вазни беш аз 100 килограмм ҷой дода шуда буд.

Набимуҳамад Хоркашев рӯзи 8-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Федератсияи самбои Тоҷикистон ба ӯ гуфта буданд, ки ӯ Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочи дар вазни сангинтарин намояндагӣ хоҳад кард. Бинобар ин, ӯ бояд ба ин мусобиқот омодагӣ бигирад. Ин буд, ки ба гуфтаи ӯ тайи се моҳи ахир ба таври ҷиддӣ ба ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ омодагӣ медид.

Ба гуфтаи ин паҳлавони тоҷик, вай дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон чаҳор бор медали нуқра ва як маротиба медали биринҷӣ гирифтаааст ва орзуи ягона ва олиаш овардани медали тилло ба Тоҷикистон мебошад.

Набимуҳаммад Хоркашев дар шарҳи сафар накардани худ дар ҳайати мунтахаби самбои Тоҷикистон ба Сочи гуфта буд, Носир Бозоров, сардори раёсати рушди варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамзамон сармураббии дастаи мунтахаби кишвар ба варзишгарон гуфтааст, ки ҳар касе хоҳиши ширкат дар ин мусобиқаро дорад, бо сармояи худаш ба Сочи сафар намояд.

Набимуҳаммад Хоркашев мегӯяд, беш аз даҳ сол аст, ки дар вазни сангинтарин барандаи мақоми аввали мусобиқоти самбо дар кишвар мебошад ва ҳамчунин борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё пирӯз шудааст. "Наход барои ман, ки барои ҳимояти шарафи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон талош мекунам, маблағ ёфт нашавад", - афзуд Набимуҳаммад Хоркашев. Ҳол он ки ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқоти бонуфузи ҷаҳонӣ ба тақвими кумита ва федератсияи самбои кишвар ворид шудааст.

Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон рӯзҳои 10-12 ноябр дар Қасри яхини "Айсберг"-и шаҳри Сочии Русия баргузор мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) дохиланд. Танҳо дар вазни зери 100 кг Фирдавс Насимов ба иллати камбуди маблағ натавонист ба Сочи сафар намояд.

Инчунин дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро се варзишгар -- Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг) - намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии самбо (FIAS) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ширкати ҳудуди 1000 варзишгари беш аз 90 кишвар дар назар аст. Барои аввалин бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ гуштигирони 7 кишвар: Чин, Ҳонконг, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д'Ивуар иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуда буд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷомӣ Ҳасан дар вазни зери 52 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни зери 74 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Вале Раҷабов ва Устопириён ин дафъа дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон иштирок намекунанд.

Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон мушарраф нашудааст.

Барномаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардон

10-12 ноябр, Сочи, Русия

10 ноябр (ҷумъа)

12.00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон: 48, 60, 72 кг; мардон: 52, 68, 90 кг; самбои размӣ: 57, 74, 100 кг.

21.00 – Маросими кушоиши мусобиқот. Финал ва маросими ҷоизасупорӣ

11 ноябр (шанбе)

12.00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон: 52, 64, 80 кг; мардон: 57, 74, 100 кг; самбои размӣ: 62, 82, +100 кг.

20.00 – Финал ва маросими ҷоизасупорӣ.

12 ноябр (якшанбе)

12.00 – Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон: 56, 68, +80 кг; мардон: 62, 82, +100 кг; самбои размӣ: 52, 68, 90 кг

20.00 – Финал ва маросими ҷоизасупорӣ. Маросими пӯшидашавии мусобиқот.

Эзоҳ: замони оғози рақобатҳо - ба вақти Душанбе.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG