Рӯзи 17-уми май Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои узбеки ӯ Абдулазиз Комилов протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои “Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон”- ро ба имзо расонданд, ки санади ниҳоӣ барои ҳукми иҷро гирифтани ин аҳдномаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Созишномаро рӯзи 17 августи соли 2018 зимни сафар ба Тошканд раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Шавкат Мирзиёв раиси ҷумҳури Узбекистон имзо кард. Дар аҳднома, ки Душанбе тирамоҳ ва Тошканд зимистони соли гузашта тасвиб кард, аз ҷумла омадааст, ки Тоҷикистону Узбекистон талош мекунанд, муносибатҳои дуҷонибаро комилан нав ва дигар кунанд ва дар ҳама самтҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.
Дар он ҳамчунин омадааст, ки Тоҷикистону Узбекистон ба ҳеҷ ваҷҳ бо тарафи саввум созишномае имзо намекунанд, ки бар зиёни истиқлол, амният ва тамомияти арзии якдигар бошад.
Ба ҳеҷ кишваре ҳам иҷоза намедиҳанд, аз қаламрави онҳо барои зиён расондан ба амният ва тамомияти арзии тарафи муқобил истифода баранд.
Бар асоси созишнома, на Тоҷикистон ва на Узбекистон ҳақ надоранд, дар қаламрави худ созмоне, ё муассисаеро таъсис ва ё иҷоза бидиҳанд, ки ба манофеи ҳамдигар осеб мерасонанд. Дар сурати пеш омадани бархӯрди манофеъ бояд ду тараф аз роҳи музокира онро ҳаллу фасл кунанд.
Тоҷикистону Узбекистон дар замони раёсати Ислом Каримов, ки бештар аз 20 сол дар Узбекистон сари қудрат буд, муносибати тира ва печида доштанд.
Тақсими захираҳои об ва мухолифати Каримов ба бунёди неругоҳи Роғун аз сабабҳои аслии тирагӣ дар робитаҳо буд. Аммо ҳамкориҳо баъди даргузашти Каримов дар тирамоҳи соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев комилан дигар шуд.
Ду тараф дари марзҳои баста ба рӯи ҳамро кушоданд ва ба тадриҷ ба муомилаву додугирифти зиёд оғоз карданд. Дар муддати камтар аз 2 сол бино ба омори Сандуқи Байналмилалии Пул, Узбекистон ба бузургтарин кишвари воридкунандаи мол аз Тоҷикистон табдил ёфт ва аз ин назар аз Чин ҳам гузаштааст.
Дар соли 2018 бино ба омори Сандуқи Байналмилалии Пул, Узбекистон аз Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 283 миллион доллар молу маҳсулот ворид кардааст. Чин дар он сол аз Тоҷикистон бо арзиши 275 миллион доллар молу маҳсулот харидааст.
Зимнан, дар замони сард будани робитаҳо ва масалан, соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд. Дар соли 2017 додугирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 240 миллион доллар расид.
Зимнан ҳамин ҳафта Кристин Лагард, раиси Сандуқи Байналмилалии Пул дар як суханроние дар шаҳри Тошканд аз тақвияти ҳамкориҳо дар минтақа ситоиш кардааст. Ӯ аз ҷумла дигарбора ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ васл шудани Узбекистонро ёдовар шуда ва гуфтааст, ки байни ин кишвар ва Тоҷикистон додугирифти нерӯи барқ аз сар гирифта шуд.
Узбекистон соли 2009 аз ин ҳалқа хориҷ шуд, ки имкон медод, Тоҷикистон аз Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақа дар фасли сармо неруи барқ бихарад. Ё Узбекистон аз Тоҷикистон неруи барқ бигирад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қарор аст, имсол ба Узбекистон 800 миллион киловат неруи барқ бифурӯшанд.
Аммо айни замон минаҳое, ки дар марзи ду кишвар баъд аз оғози ҷанги дохилӣ Узбекистон «кишт кард» ҳануз ҳам барчида нашудаанд, ҳарчанд мақомот гуфтаанд, ки кор дар ин самт оғоз шудааст.
Марзи Тоҷикистону Узбекистон бахусус дар шимоли кишвар дар замони Ислом Каримов минакорӣ шуд ва дар ин минаҳо асосан мардуми рустоҳои наздик ба сарҳад, ки барои обу чарогоҳ мерафтанд кушта шудаанд.