Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон дар Тирмиз


Як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон, озими Тирмиз шудааст. Ба ин ҳайат 40 нафар, аз ҷумла Худоёр Худоёров - вазири нақлиёт, Усмоналӣ Усмонзода - вазири энержӣ ва захираҳои об, Заробиддин Файзуллозода - вазири саноат ва технологияҳои нав ва Иззатулло Сатторӣ - вазири кишоварзии Тоҷикистон шомил мебошанд.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфтанд, ин ҷаласа рӯзи 3-юми апрел баргузор мешавад.

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон навишт, ин ҷаласа бояд авохири соли гузашта баргузор мешуд, аммо "бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳо байни давлатҳо дар ҳама самтҳо, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд".

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон, масоили рушди ҳамкориҳои башардӯстона, рушди тиҷорат, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ баҳсу баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG