Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парасту-2019" бол кушод. Оё парвозаш баланд аст? ВИДЕО


Cаҳнае аз намоишномаи "Дили шоир"
Cаҳнае аз намоишномаи "Дили шоир"

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2019" рӯзи 15-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо намоиши “Камоли Хуҷандӣ” театре оғоз ёфт, ки номи ин шоири бузургро дорад ва бар пояи асари нависанда Раҳим Ҷалил ва бо коргардонии ҳунарпешаи маъруф Сайрам Исоева рӯйи саҳна омадааст. Қарор аст, то поёни ҷашнвора дар рӯзи 22-уми апрел ҳамарӯза се асари театрҳои гуногун намоиш дода шаванд.

Саидмурод Мардонов, аз собиқадорони театри тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ намоишномаи “Камоли Хуҷандӣ”-ро ҷолибу диданӣ номид ва ҳамзамон ишора кард, ки бо вуҷуди дастовардҳояш, дар маҷмӯъ театри тоҷик ба як ислоҳот ниёз дорад.

Ӯ бо таваҷҷӯҳ ба муҳити феълие, ки имкон намедиҳад, намоишномаҳои интиқодӣ аз ҳаёти ҷомеа ба саҳна гузошта шаванд, гуфт, “бисёр вақт спектаклҳои танқидӣ аз камбудии ҳаёти мардум аст, лекин намешавад гуфта, як сӯ мегузоранд”.

Ҳамсуҳбатамон иброз дошт, ки театрҳо бояд воқеияти рӯзро низ нишон диҳанд, аммо “ин боз вобаста ба драмматург аст, драматург нависад, маъмурияти театр онро гирифта, ба саҳна мегузорад. Ғайр аз ин боз муҳитро ҳам нигоҳ мекунанд, ки замона чӣ мехоҳад”.

"Парасту-2019" бол кушод. Оё парвозаш баланд аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Саидмурод Мардонов, ки таҷрибаи беш аз 50-солаи нақшофарӣ дорад, мегӯяд, дар замони Шӯравӣ аз тариқи театр ва телевизиону радио бечуну чаро камбудиҳои ҷомеа мавриди интиқод қарор мегирифт ва касе чизе намегуфт: “Зеро он вақт шиор буд, ки “Танқид ин меваи комунизм аст. Имрӯз танқид кунед, қабул намекунанд, ин хел намешавад охир”.

Лаҳҷа ҷойи забони адабиро дар театр мегирад?

Забони театрҳои Тоҷикистон аз камбудиҳои дигарест, ки ин ҳунарманди тоҷикро нигарон кардааст. Саидмурод Мардонов мегӯяд, ҳунармандон бояд забони адабии тоҷикиро ба хубӣ ёд гиранд, зеро театр бидуни забони ноби адабӣ вуҷуд дошта наметавонад: “Ғайр аз камбуди забон, ҳунармандон дар саҳна бисёр зинда шуданашон лозим, вақте дар саҳна пайдо шуданд, бояд даргиранд, эҳсосонок бояд бошанд ва диққати тамошобинро ҷалб карда тавонанд”.

Бархе огоҳон бар ин назаранд, ки роҳ наёфтани намоишномаҳои интиқодӣ ба саҳнаҳои театрӣ ва набуди фазо ва муҳити озод барои ҳунармандон боиси он шудааст, ки ҳунари театрӣ дар кишвар коста гардида, бархе ҳунарпешагон он чиро ки мехоҳанд, ба дӯстдорони театр намоиш дода наметавонанд. Ҳамин камбудиҳост, ки ба иддаои баъзе аз таҳлилгарон намоишҳои театрӣ тамошобини зиёд надоранд.

Рӯзноманигори тоҷик Одили Нозир, ки мавзӯъҳои фарҳангиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, норасоии коргардонҳои касбӣ, набуди осори драмматургии замони муосир ва вазъи на чандон хуби молӣ аз камбудиҳоест, ки феълан театри тоҷик ба онҳо рӯ ба рӯ шудааст ва барои наҷоташ бояд масъулин чораҷӯӣ намоянд.

Оқои Нозир таъкид намуд, ки ҳоло қисми зиёди ҳунармандон рӯ ба асарҳое меоранд, ки дар замони Шӯравӣ иншо шудааст ва дар онҳо ҳаёти имрӯзи ҷомеа дида намешавад.

Намоишномаҳои дархури замонро надорем

Вай гуфт, театр замоне дарди мардумро мегӯяд, ки драматургия ҳамнафаси замон бошад: “Мо, мутаассифона, ҳоло осори дархури замонро надорем, бинобар ин аз набудани ҳеҷ чиз осори пештараро ба такрор ба саҳна мегузоранд. Драматургияе, ки замони имрӯзро инъикос кунад, нест. Ҳоло намоишномаҳои ҷолибе нест, ки ҳунармандон бо пешниҳоди онҳо диққати тамошобинро ҷалб созанд”.

Бо вуҷуди интиқодҳо аз кори театрҳо ва ҳунарпешагон баъзе аз чеҳраҳое, ки умри худро бо кори театр паси сар намудаанд, аз пешравиҳои театри кишвар изҳори хурсандӣ мекунанд.

Тағоймурод Розиқов
Тағоймурод Розиқов

Ба назари Тағоймурод Розиқов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ҳоло ҳунари театрӣ пешрафт мекунад ва баргузории фестивалҳое ба мисли “Парасту” ба рушди истеъдоди ҳунармандон мусоидат мекунад.

Ҳамсуҳбатамон бар ин бовар аст, ки оянда кори театрҳо ва таваҷҷӯҳи тамошобинон ба театр беҳтар хоҳад шуд: “Таваҷҷӯҳи мардум ба театр ҳоло каме суст аст, вале бо баргузории озмунҳо, умедворем, театрҳои мо таваҷҷӯҳи тамошобинонро ҷалб намуда, пур аз тамошобин мешаванд. Барои беҳтар шудани кори театрҳо ба асарҳои хуб рӯ оварда шавад беҳтар аст”.

Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, пешниҳоди намоишномаҳо ба театрҳои кишвар сол то сол афзоиш ёфта, вазъи театри тоҷик рӯ ба беҳбудӣ дорад. Ба қавли онҳо, дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ ва даҳҳо театри халқӣ дар ҷамоату шаҳраку ноҳияҳо фаъолият дошта, таваҷҷӯҳи мардум ба театр нисбат ба солҳои пеш бештар гардидааст.

Рақсу бозӣ ҷойи намоишномаҳоро мегирад?

Аммо бархе аз мунтақидон мегӯянд, ҳоло дар аксари театрҳо тамошобин кам аст ва ҷои намоишномаҳои касбиро дар минбарҳои пуртамошобин аксаран рақсу овозхонӣ гирифтааст. Дар бораи фурӯши иҷбории билетҳо ва овардани хонандагони макотиби миёна ба театрҳо борҳо дар расонаҳо хабарҳо нашр шудаанд.

Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки барои беҳбуди вазъи театри тоҷик ва афзоиши муштариёни намоишномаҳо пеш аз ҳама фазои мусоиди эҷодӣ, вазъи беҳтари молӣ, дастгирӣ ва ҳамвасмандгардонии ҳунармандонро ба роҳ мондан лозим аст.

Сорбон Каримов, сокини Душанбе мегӯяд, чанд боре ба театр рафтааст, намоишномаҳои такрориро дидааст. Ӯ мегӯяд, агар хабардор шавад, ки дар ягон театри Душанбе намоишномаи наву ҷолибе пайдо шудааст, ки ҳаёти имрӯзаи ҷомеаро инъикос мекунад ва ба суолҳои имрӯзаи ӯ посух медиҳад, омодааст, равад ва ин намоишро бинад.

XS
SM
MD
LG