Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушаррафа Қосимова дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда шуд. ВИДЕО


Маросими видоъ бо Мушаррафа Қосимова.
Маросими видоъ бо Мушаррафа Қосимова.

Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик баъд аз зӯҳри 2-юми апрел дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе, ба хок супурда шуд.

Дар маросими видоъ бо Мушаррафа Қосимова, ки дар назди манзили зисташ дар шаҳри Душанбе бургузор шуд, аҳли ҳунару санъат, пайвандон ва намояндагони ҳукумат, ширкат доштанд.

Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.

​Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон даргузашти Мушаррафа Қосимоваро як талафоти бузург барои фарҳанг ва ҳунари тоҷик номид. Вай гуфт, Мушаррафа Қосимова дар театри тоҷик соҳибмактаб буд ва яке аз бунёдгузорони театр ба шумор мерафт.

Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, ки соҳибназарон аз ӯ ба унвони "модари театри тоҷик" ном мебаранд, шаби гузашта дар синни 100-солагӣ дар манзилаш дар Душанбе даргузашт. Шамсияи Қосим, журналисти тоҷик ва набераи Мушаррафа Қосимова субҳи 2-юми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки марҳум соати 12-и шаби гузашта ин ҷаҳонро падруд гуфт. Ба гуфтаи вай, ин ҳунарманди саршинос вақтҳои ахир аз беморӣ ва солхӯрдагӣ ранҷ мебурд.

Фирдавс Қосимов, набераи Мушаррафа Қосимова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, он чизе, ки дар зиндагӣ ва рӯзгори модарбузургаш дид, барояш тамоми умр дарс хоҳад буд. Ба гуфтаи Фирдавс, бо вуҷуди он, ки модарбузургаш дар зиндагӣ сахтиҳои зиёде дид, аммо ҳамеша босабру шикебо буд.

"Модарбузургам касал набуданд, замони пирӣ бигуем, дуруст аст. Модарбузург дар зиндагияшон душвориҳои зиёдро бар дӯш бардоштанд. Чун аз даст додани фарзанд мушкилтарин азобҳои зиндагӣ аст. Бузургии модарбузург дар сабру тоқаташон буд",-афзуд Фирдавс Қосимов.​

Насли "модари театри тоҷик" насли тиллоӣ аст

Ҳунармандони тоҷик аз марҳум Қосимова хотираҳои зиёд доранд ва яке ҳам ӯро аввалин устод дар кори ҳунарпешагӣ медонаду дигаре ба ҳайси фарзандаш аз муваффақиятҳои ин зани боҷасорат сӯҳбат мекунад.

Марям Исоева, ҳунарманди тоҷик.
Марям Исоева, ҳунарманди тоҷик.

Марям Исоева, ҳунарманди тоҷик, ки ба қавли худаш духтархонди Мушаррафа Қосимова аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ натавонист бидуни оби дида дар бораи ӯ ҳарф бизанад. Ӯ гуфт, насли "модари театри тоҷик" насли тиллоӣ аст, ки дар олами фарҳанг ва театру синамо мероси бузурге гузошт.

"Як хонаводаи бузургеро ба ҳайси ҳунарманди театр ба мерос гузоштанд. Ҳоло бубинед, писару келин ва набераҳояшон дар саҳнаи театр ҳастанд ва нақшҳои баландмазмун меофаранд. Ҳар чизе, ки дар олами фарҳанг ҳаст, дар ин хонавода дидан мумкин аст. Ин хонавода мисли як боғе буд, ки сабзиду гул карду мева дод, ки ба тамоми мардум дастрас аст ва он мева ҳам номаш фарҳангу имону инсоф аст",-афзуд Марям Исоева.

Марям Исоева як рози муваффақу дарозумр будани инсонҳое мисли Мушаррафа Қосимоваро дар он медонад, ки онҳо ба зиндагӣ умед доранд ва дигаронро дӯст медоранду барои дигарон зиндагӣ мекунанд.

Мушаррафа Қосимова, ки рӯзи 19-уми декабри соли гузашта садсола шуд, ба бовари санъатшиносон, тавонист бо иҷрои нақшҳои зиёде дар театр ва синамо то ба имрӯз ҳунари хонаводагии Қосимовҳоро ба мардуми тоҷик бирасонад. Дар рӯзҳои таҷлил аз садумин солгардаш Мушаррафа Қосимова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз зиндагии садсолааш изҳори шукрона кард ва гуфта буд, ки бо вуҷуди бархе аз мушкилиҳо, умри бобароре дидааст. Пайвандону дӯстон як сирри дарозумурии ин зани ҳунармандро подоши азобу заҳматҳояш дар кору зиндагӣ медонанд.

"Василае байни насли наву кӯҳна буд"

Ортиқи Қодир, ҳунарманди тоҷик.
Ортиқи Қодир, ҳунарманди тоҷик.

Ортиқи Қодир, ҳунарманди тоҷик, ки ҳадди ақал дар се намоишномаи театрӣ нақши писари Мушаррафа Қосимоваро бозидааст, марги ӯро талафоти бузурге донист. Ӯ гуфт, танҳо зиндагиномаи шахсии Мушаррафа Қосимова таърихи комили саҳнаву театри тоҷикро ба намоиш мегузорад.

"Умри пурбаракате, ки Мушаррафа Қосимова доштанд, ин ягона нафаре дар таърихи театри тоҷик буд. Ин подоши ҳама ранҷу азобҳое, ки дар рӯзгор кашидаанд ва ҳеҷ гоҳ рӯҳафтодаву дилшикста нашуданду як ашрофзода боқӣ монданд. "Агар ҷавонӣ медонист ва эй кош пирӣ метавонист". Фақат бо ин ҳарфҳо ба мо ҷавонон таъкид мекарданд, ки агар ҷавон ҳастеду нерӯ доред, онро барои кори хайру истеъдод сарф кунед",-гуфт Ортиқи Қодир.

Ортиқ Қодир аз ин ҳунарманди маъруф ба ҳайси нафаре ёд кард, ки ҳамеша як василае байни насли нав ва кӯҳансол буд ва дар ҳолатҳои ноумедӣ ба инсонҳо умед мебахшид.

Навор аз бойгонӣ:

Мушаррафа Қосимова --"модари театри тоҷик" 100-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Аз Самарқанд то Душанбе

Мушаррафа Қосимова ҳамсари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди мардумии фақиди Иттиҳоди Шӯравӣ ва модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри "Аҳорун" дар Тоҷикистон буд. Фаррух Қосимове, ки ба эътиқоди соҳибназарон бо таъсиси “Аҳорун” дар театри тоҷик инқилобе барпо кард.

Феълан Сабоҳат Қосимова, ҳамсари Фаррух Қосимов раҳбарии ин театрро ба зимма дорад. Фирдавс Қосимов, писари ин хонадон дар рӯзҳои таҷлили 100-солагии Мушаррафа Қосимова дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи вижагии модарбузургашро аз ҷумла гуфта буд, "сабурӣ хислати ҷолибу доимии бибиам мебошад. Маҳз бо ин хислати худ он кас тавонистанд душвортарин рӯзҳои зиндагии худро паси сар кунанд".

Сабоҳат Қосимова бо Мушаррафа Қосимова.
Сабоҳат Қосимова бо Мушаррафа Қосимова.

Мушаррафа Қосимова даҳаи 1930 баъд аз кӯч бастани оилааш аз Самарқанд ба Душанбе ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд дохил шуд. Аммо дертар падарашро роҳбарияти вақти истибдодии сталинӣ "душмани халқ" эълон карданд ва Мушаррафа Қосимова маҷбур шуд барои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр дохил шавад.

Мушаррафа Қосимова нахуст бо Абдулҳақ Усмонов издивоҷ кард, ки соли 1942 дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар наздикии Сталинград кушта шуд. Соли 1946 вай бо ҳунарманди маъруфи вақт Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ кард. Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо садҳо нақш иҷро кардааст.

Вай Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон мебошад ва дар намоишномаҳои "Ҳаёт ва ишқ"-и Файзулло Ансорӣ, "Гавҳари шабчароғ"-и Сотим Улуғзода, "Дохундаи"-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои "Нисо", "Вохӯрӣ дар дара" ва "Дарду алами Афғонистон" нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи "Исёни арӯсон" ва "Ҷон модаракон" нақши модарро иҷро кардааст.

Мушаррафа Қосимова - Духтари "душмани халқ" модари саҳна шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

XS
SM
MD
LG