Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи устодони ҷудо “Qingdao Masters 2019”, ки рӯзҳои 12-14-уми декабр дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор шуд, мақоми панҷумро касб намуд. Ин натиҷаи бадастовардаи Комроншоҳ дар миёни чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар ин мусобиқа иштирок дошт, беҳтар аст.
Комроншоҳ имрӯз, 14-уми декабр, дар вазни то 90 кило бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ пас аз ду пирӯзӣ бар Рафаэл Македо аз Бразилия ва Абдураҳмон Бинамадӣ аз Алҷазоир, дар даври баъдӣ аз Микаил Озерлер аз Туркия мағлуб шуд.
Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Мурао Санширои ҷопониро шикаст дод ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Вале Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи севум ба Неманҷа Маҷдов аз Сербия бохт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро соҳиб гашт.
Дар ин вазн теъдоди варзишгарон аз ҳама бештар – 35 нафар – буд. Лаша Бекаури аз Гурҷистон, ки дар финал бар Николоз Шеразадишвили аз Испания ғолиб омад, бо медали тилло мукофотонида шуд. Шеразадишвили медали нуқра гирифт. Микаил Озерлери турк ва Неманҷа Маҷдови серб бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дар рӯзи охирини мусобиқа боз як гуштигири шинохтаи тоҷик - Темур Раҳимов – рақобат кард. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бар Стефан Ҳегйи аз Австрия дастболо шуд, вале баъдан аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода - 13-уми декабр дар вазни то 73 кило рақобат карда, ноком шуданд.
Сомон дар даври аввал бар Ҷиованни Эспозито аз Италия ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Тоҳар Бутбул аз Исроил бохт. Беҳрӯз бошад, дар аввалин рақобаташ бар Билол Ҷилоғлу аз Туркия пирӯз шуд, вале баъдан аз Виктор Сквортсов аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мағлуб гашт.
Ҳамин тариқ, ҳарчор паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи устодони ҷудо “Qingdao Masters 2019” бе медал монданд. Паҳлавонони тоҷик соли оянда муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио идома хоҳанд дод.
Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар “Qingdao Masters 2019” 445 гуштигир (228 мард ва 217 зан) аз 67 кишвари панҷ қитаъи олам иштирок дошт.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар мавсими имсола охирин буд, ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон 200 имтиёз гирифтанд. Барои ҷойи аввал 1800 имтиёз, барои ҷойи дувум 1260 имтиёз, барои ҷойи севум 900 имтиёз, барои ҷойи панҷум 648 имтиёз, барои ҷойи ҳафтум 468 имтиёз дода шуд.
Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим гардид. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 6000 доллар ва барои ҷойҳои севум 3000-долларӣ супурда шуд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 12 медал (5 тилло, 2 нуқра, 5 биринҷӣ) ҷойи аввалро ишғол кард. Мунтахаби Нидерланд бо касби 5 медал (3 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Фаронса бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ) ҷойи севумро соҳиб шуданд.
Дастаи Тоҷикистон бо як мақоми панҷум дар байни 67 кишвар ҳамроҳи Австрия, Тайпейи Чин ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҷойи 27-ум қарор гирифт.
Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 то 20-уми майи соли оянда имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар раддабандии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.
Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) моҳи июни соли 2020 раддабандии ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио мешаванд.
Ғолибон ва ҷоизадорони "Qingdao Judo Masters 2019"
Мардон
-60 кг
1. НАГАЯМА Рюҷу (Ҷопон)
2. ГАРРИГОС Франсиско (Испания)
3. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбекистон)
3. ШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
-66кг
1. ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
2. ГАНБОЛД Ҳерлен (Муғулистон)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
3. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Басхуу (Муғулистон)
-73 кг
1. ҲАШИМОТА Соичи (Ҷопон)
2. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
3. ЕБИНУМА Масаши (Ҷопон)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбйҷон)
-81 кг
1. КАССЕ Маттиас (Белгия)
2. МУКИ Саҷи (Исроил)
3. ХУБЕТСОВ Алан (Русия)
3. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)
-90 кг
1. БЕКАУРИ Лаша (Гурҷистон)
2. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)
3. МАҶДОВ Неманҷа (Сербия)
3. ОЗЕРЛЕР Микаил (Туркия)
-100 кг
1. КОРРЕЛ Мишел (Нидерланд)
2. ВОЛФ Аарон (Ҷопон)
3. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)
3. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
+100 кг
1. ҲАРАСАВА Ҳисаёши (Ҷопон)
2. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
3. КАГЕУРА Кокоро (Ҷопон)
3. ГРОЛ Ҳенк (Нидерланд)
Занон
-48 кг
1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ГАНБААТАР Нарансесег (Муғулистон)
3. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)
3. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
-52 кг
1. ШИШИМ Аи (Ҷопон)
2. БУШАРД Амандин (Фаронса)
3. ГНЕТО Астрид (Фаронса)
3. КЕЛДИЁРОВА Диёра (Узбекистон)
-57 кг
1. КИМ Ҷин А (Кореяи Шимолӣ)
2. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)
3. КЛИМКАЙТ Ҷессика (Канада)
3. МОНТЕЙРО Телма (Португалия)
-63 кг
1. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)
2. АГБЕГНЕНУ Кларисс (Фаронса)
3. ДОИ Масако (Ҷопон)
3. ТАШИРО Мику (Ҷопон)
-70 кг
1. ПОЛЛИНГ Ким (Нидерланд)
2. ВАН ДИЖКЕ Санн (Нидерланд)
3. АРАИ Чизуру (Ҷопон)
3. ГАИЕ Мари Ив (Фаронса)
78 кг
1. ПОСВАИТЕ Фанни Эстелле (Фаронса)
2. ТЧЕУМЕО Аудрей (Фаронса)
3. ЧЕН Феи (Чин)
3. ВАГНЕР Анна Мария (Олмон)
+78 кг
1. САВЕЛКОУЛС Тессие (Нидерланд)
2. КИНДЗЕРСКА Ирина (Озарбойҷон)
3. КИМ Ҳаюн (Кореяи Ҷанубӣ)
3. СЛУТСКАЯ Марина (Беларус)