Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайёмиддин Ҷабборов дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг панҷум шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хайёмиддин Ҷабборов, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо (Asian Judo Open Hong Kong 2019), ки имрӯз, 30-юми ноябр, дар Ҳонгконг баргузор шуд, дар вазни то 73 кило мақоми панҷумро касб намуд.

Хайёмиддин, ки ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард, баъди ду пирӯзӣ бар Чо Фунг Леунг аз Ҳонконг ва Чоиҷилсурен Ганболд аз Муғулистон, ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳмадбек Маҳмадбекови тоҷиктабори русиягӣ мағлуб шуд.

Хайёмиддин дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум аз Болор-Очир Герелтуя аз Муғулистон шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи панҷумро ишғол кард. Соли гузашта ӯ дар ин мусобиқа медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар мусобиқаи имсола дар Ҳонконг дар вазни то 73 кило, ки ҳамагӣ 20 варзишгар иштирок дошт, Маҳмадбек Маҳмадбеков ғолиб шуд. Ӯ дар финал Мадияр Сембоевро аз Қазоқистон шикаст дод ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Зимнан, Маҳмадбек писарамаки паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба сар мебарад ва бо раҳбарии падараш тамрин мекунад.

Дарвоқеъ, порсол дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг дар вазни то 73 кило Сомон Маҳмадбеков, ки мақоми аввалро азони худ кард, ба дастаи Тоҷикистон медали тилло овардааст.

Дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг имсол ҳам ду варзишгар аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Ба ҷуз аз Хайёмиддин Ҷабборов боз як паҳлавони ҷавону шинохтаи тоҷик - Хуршед Маҷидов – ба Ҳонконг рафтааст. Ӯ рӯзи якшанбеи 1-уми декабр дар вазни то 100 кило ба рақобат мепардозад. Рақибаш дар нимфинал Даниел Дичев аз Булғористон мебошад.

Дар вазни то 100 кило ҳамагӣ чор гуштигир ширкат меварзад. Бинобар ин паҳлавонон рақобатро аз даври ниманиҳоӣ шуруъ мекунанд. Қувваозмоии дигари ниманиҳоӣ миёни Хангал Одбаатар аз Муғулистон ва Радек Ҳесл аз Ҷумҳурии Чех доир мегардад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг 163 варзишгар (96 мард ва 67 зан) аз 30 кишвар иштирок дорад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 30-юми ноябр - мардон дар се вазн (то 60, то 66 ва то 73 кг) ва занон дар чор вазн (то 48, то 52, то 57 ва то 63 кг) рақобат карданд. Дар рӯзи дувуми мусобиқа – 1-уми декабр – мардон дар чор вазн (то 81, то 90, то 100 ва беш аз 100 кг) ва занон дар се вазн (то 70, то 78 ва беш аз 78 кг) вориди рақобат мешаванд.

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Муғулистон бо касби 9 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG