Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон ва Беҳрӯз дар "Qingdao Judo Masters 2019" ноком шуданд


Ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода - дар мусобиқаи устодони ҷудо “Qingdao Masters 2019”, ки дар шаҳри Қингдаои Чин ҷараён дорад, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Ҳарду гуштигири тоҷик имрӯз, 13-уми декабр, дар вазни то 73 кило ба рақобат пардохтанд. Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бар Ҷиованни Эспозито аз Италия ғолиб омад. Вале ӯ дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба Тоҳар Бутбул аз Исроил бохт.

Беҳрӯзи Хоҷазода бошад, дар аввалин рақобаташ бар Билол Ҷилоғлу аз Туркия дастболо шуд. Вале баъдан аз Виктор Сквортсов аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мағлуб гашт.

Дар вазни то 73 кило ҳамагӣ 30 гуштигир иштирок дорад. Ғолиб ва ҷоизадорон дар ин вазн шоми имрӯз маълум хоҳанд шуд.

Ду гуштигири дигари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – рӯзи шанбеи 14-уми декабр ба рақобат мепардозанд.

Комроншоҳ дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ мекунад. Рақиби ӯ Рафаэл Македо аз Бразилия мебошад. Дар ин вазн теъдоди варзишгарон аз ҳама бештар – 35 нафар – аст.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Стефан Ҳегйи аз Австрия вориди рақобат мешавад. Дар ин вазн теъдоди ширкаткунандагон 31 нафар мебошад.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи байналмилалии “Qingdao Masters 2019” 445 гуштигир (228 мард ва 217 зан) аз 67 кишвари панҷ қитаъи олам иштирок дорад.

Рӯзи аввали мусобиқа - 12-уми декабр - занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат карданд. Рӯзи 13-уми декабр барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи 14-уми декабр бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Беҳрӯз Хоҷазода.
Беҳрӯз Хоҷазода.


Варзишгарон дар “Qingdao Masters 2019”, ки дар мавсими имсола охирин аст, ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон 200 имтиёз мегиранд. Барои ҷойи аввал 1800 имтиёз, барои ҷойи дувум 1260 имтиёз, барои ҷойи севум 900 имтиёз, барои ҷойи панҷум 648 имтиёз, барои ҷойи ҳафтум 468 имтиёз муқаррар шудааст.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 6000 доллар ва барои ду ҷойи севум 3000-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 то 20-уми майи соли оянда имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар раддабандии инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) моҳи июни соли 2020 раддабандии ниҳоии инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио мешаванд.

Ғолибон ва ҷоизадорони рӯзи аввали "Qingdao Judo Masters 2019"

Мардон

-60 кг
1. НАГАЯМА Рюҷу (Ҷопон)
2. ГАРРИГОС Франсиско (Испания)
3. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбекистон)
3. ШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)

-66кг
1. ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
2. ГАНБОЛД Ҳерлен (Муғулистон)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
3. ЙОНДОНПЕРЕНЛЕИ Басхуу (Муғулистон)

Занон

-48 кг
1. КРАСНИКИ Дистриа (Косово)
2. ГАНБААТАР Нарансесег (Муғулистон)
3. КЛЕМЕНТ Мелани (Фаронса)
3. ДОЛГОВА Ирина (Русия)

-52 кг
1. ШИШИМ Аи (Ҷопон)
2. БУШАРД Амандин (Фаронса)
3. ГНЕТО Астрид (Фаронса)
3. КЕЛДИЁРОВА Диёра (Узбекистон)

-57 кг
1. КИМ Ҷин А (Кореяи Шимолӣ)
2. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)
3. КЛИМКАЙТ Ҷессика (Канада)
3. МОНТЕЙРО Телма (Португалия)

XS
SM
MD
LG