Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршед Маҷидов аз Ҳонконг медали биринҷӣ меорад


Хуршед Маҷидов ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллои Латиф посух мегӯяд.
Хуршед Маҷидов ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллои Латиф посух мегӯяд.

Хуршед Маҷидов, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо (Asian Judo Open Hong Kong 2019), ки имрӯз, 1-уми декабр, дар Ҳонгконг ба поён расид, дар вазни то 100 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар вазни то 100 кило ҳамагӣ чор гуштигир ширкат дошт. Бинобар ин паҳлавонон рақобатро аз даври ниманиҳоӣ шуруъ карданд. Хуршед дар нимфинал аз Даниел Дичев (Булғористон) мағлуб шуд. Дар қувваозмоии дигари ниманиҳоӣ Хангал Одбаатар (Муғулистон) бар Радек Ҳесл (Ҷумҳурии Чех) ғолиб шуд.

Ҳамин тариқ, дар финал Дичев бар Одбаатар пирӯз гардид ва соҳиби медали тилло шуд. Маҷидов бошад, барои ҷойи севум бар Радек Ҳесл ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ сафароз гашт. Гуштигири чех мақоми панҷумро касб намуд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг 163 варзишгар (96 мард ва 67 зан) аз 30 кишвар иштирок дошт.

Тоҷикистонро ба ҷуз аз Хуршед Маҷидов боз як варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов - намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни то 73 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ намуда, баъди ду пирӯзӣ бар Чо Фунг Леунг аз Ҳонконг ва Чоиҷилсурен Ганболд аз Муғулистон, ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳмадбек Маҳмадбекови тоҷиктабори русиягӣ мағлуб шуд.

Хайёмиддин дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум аз Болор-Очир Герелтуя аз Муғулистон шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи панҷумро ишғол кард. Соли гузашта ӯ дар ин мусобиқа медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар мусобиқаи имсола дар Ҳонконг дар вазни то 73 кило, ки ҳамагӣ 20 варзишгар иштирок дошт, Маҳмадбек Маҳмадбеков ғолиб шуд. Ӯ дар финал Мадияр Сембоевро аз Қазоқистон шикаст дод ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Зимнан, Маҳмадбек писарамаки паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков мебошад, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба сар мебарад ва бо раҳбарии падараш тамрин мекунад.

Дарвоқеъ, порсол дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг дар вазни то 73 кило Сомон Маҳмадбеков, ки мақоми аввалро ишғол кард, ба дастаи Тоҷикистон медали тилло овард.

Баъди натиҷагирии рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 11 медал (7 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Муғулистон бо касби 15 медал (2 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Тайпейи Чин бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум дар байни 30 кишвар 12-ум шуд.

XS
SM
MD
LG