Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Шаҳбози 13-сола ва Муҳаммади 32-сола худкушӣ карданд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

“Медонам, ки худкушӣ гуноҳи азим аст,  ҳаром аст, вале ман бе модарам зиндагӣ карда наметавонам”, ин порчае аз хатти Муҳаммад Муродови 32-сола аст, ки қабл аз марг навиштааст.

Ин ҷавон, ки рӯзи 18-уми май дар дохили манзили зисташон худро ба дор овехта, куштааст, ҳамсоягонашонро дар маҳаллаи Истиқол-3 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳайрат гузоштааст. Онҳо мегӯянд, ҳеҷ бовар надоштаанд, ки ӯ даст ба чунин амале мезанад.

Дар додситонии ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Наздикони марҳум мегӯянд, Муҳаммад 5 рӯз баъд аз марги модари 62-солааш, ки аз бемории қанд ранҷ мекашид, худкушӣ кардааст.

Саёҳат хоҳари калонии Муҳаммад рӯзи 19-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш модарашро хеле сахт дӯст медошт. Баъди марги модар сабаби худкушии худро дар номае шарҳ додааст.

Саёҳат афзуд: “Дар нома, ки дар девори хона насб кардааст, навиштааст: “Медонам, ки худкушӣ гуноҳи азим аст, ҳаром аст, вале ман бе модарам зиндагӣ карда наметавонам, хона ба номи апаам гузошта шавад. Ҳар касе, ки дар будани модарам ва баъди вафоташ кӯмак кард, ба онҳо раҳмат. Ман аз ҳама розиям, ман рӯзи 18-май-2019, соати 05:05 аз дунё меравам”. Ин нома ҳоло дар дасти прокуратура аст.»

Ҳамсӯҳбати мо иброз дошт, ки Муҳаммад то ҳол хонадор нашуда буд. Ба қавли наздикони ҷавон, ӯ дар гузашта ду мартаба Русия рафта, бе модараш истода натавонисту зуд баргашт ва аксар вақти худро бо модараш мегузаронидааст. Пайвандони Муҳаммад мегӯянд, ӯ гоҳ-гоҳ таксӣ меронд ва чанде пеш мошинашро фурӯхт.

Муҳаммадро ҳамсоягонашон писари хоксору боадаб номида, гуфтанд, аз ӯ хотироти нек доранд. Пайвандонаш гуфтанд, Муҳаммад шеър менавишт, дониши хуб дошт, вале баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳ дохил нашуда, аз пай таъмини рӯзгори хонавода шудааст.

Марги ин ҷавон дар ҳолест, ки рӯзи 18-уми май сомонаи "Ахбор.ком" аз худкушии як ноболиғи 13-сола дар ноҳияи Деваштич хабар дод. Ноболиғ Шаҳбози Шараф дар маҳаллаи Гузари Мазори ин ноҳия дар дохили оғил худро ба дор овехтааст.

Гуфта мешавад, Шаҳбоз баъди он ки хоҳишаш аз сӯи бобояш дар мавриди он ки ҳамроҳи модараш ӯро ҳам барои харид ба бозори Истаравшан барад, ба эътибор гирифта намешавад ва ӯ дилсард шуда, даст ба худкушӣ мезанад.

Сарнавишти ин ду нафаре, ки дар як рӯз даст ба худкушӣ мезананд аз ҳам мутафовит аст. Агар Муҳаммади 32-сола ба қавли наздиконаш лаҳзае бе модараш буда наметавонистааст, падару модари Шаҳбоз солҳо боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштаанду ин ноболиғ дар тарбияи бибиву бобояш будааст. Модари Шаҳбоз наздики ду моҳ пеш аз Русия баргаштааст ва падараш баъди шунидани хабари марги писар ба Тоҷикистон омадааст.

Равоншиносон мегӯянд, ҳар худкушии ҷавонону ноболиғон ба ҳолати рӯҳиву равонии онҳо вобаста аст.

Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик мушаххасан дар мисоли худкушии Муҳаммад Муродов гуфт, ин ҷавон баъди он ки модари худро аз даст медиҳад, ба афсурдагии сахт гирифтор шуда, ниҳоятан даст ба худкушӣ задааст.

Оқои Кабиров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои афсурдагӣ аз даст додани ягон чизи муқаддас ва ё каси бисёр азиз аст. Ҳамсӯҳбатамон гуфт, вақте афроди ба мисли Муҳаммад бо гирифтор шудан ба афсурдагӣ кӯмак намебинанд, мумкин аст худкушӣ кунанд: “ Бояд духтурони оилавӣ ба чунин хонаводаҳо равуо дошта бошанд, ҳолати рӯҳии онҳоро дарк кунанд ва вақти пайдо кардани ниятҳои ниҳонӣ пинҳонии онҳо ба мутаххасисон муроҷиат кунанд. Ин худкушии эҳсосӣ аст”.

Равоншиноси тоҷик дар робита ба худкуш Шаҳбоз гуфт, дурудароз дар оила фишор дидан, эътибор нагирифтани хоҳиш ва эҳтироми надидан аз сабабҳое буда метавонад, ки ноболиғоне мисли Шаҳбоз бо эътироз даст ба худкушӣ мезананд: “Барои расидан ба орзуию ҳавасҳояшон кӯмакашон намекунанд, то ин вақт шояд чандин бор эҳсосои он ноболиғро харошидаанд, ки ниҳоят даст ба чунин кор задааст”.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки бо вуҷуди тарғибу ташвиқи зиёд ва андешидани тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз худкушӣ, ин зуҳуроти манфӣ дар кишвар ҳамчунон зиёд ва нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Худкушӣ ё қасди худкушӣ дар Тоҷикистон тамоюли нав нест ва сол ба сол шеваҳои такондиҳандаро касб мекунад. Худкушӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳо боз ба як масъалаи доғ табдил шудааст.

Бо вуҷуди онки мақомот ва руҳониён чунин амалро ба шиддат маҳкум кардаанд, ҳар сол даҳҳо нафар ба ҳаёти худ нуқта мегузоранд. Равоншиносон мегӯянд, ноболиғон ва баъзан ҷавонон пеш аз худкушӣ ишораҳое мекунанд, вале наздикон ба он диққат намедиҳанд.

Бино ба иттилои расмӣ танҳо дар нуҳ моҳи соли 2018 беш аз 440 нафар дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз дусад нафари онҳо зан ва тақрибан чиҳил тани дигар духтарони ноболиғ ҳастанд. Манобеи расмӣ мегӯянд, аксари ин афрод бино ба мушкили хонаводагӣ, бемории равонӣ ва вазнинии ҳаёт ба зиндагии худ нуқта гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG