Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Сотсиал-Демократ аз ширкат дар интихобот чӣ натиҷа гирифт?


Раҳматилло Зойиров ҳангоми раъйдиҳӣ дар рӯзи интихоботи рӯзи 1-уми март.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) – ҳизбе, ки бори дигар дар остонаи интихобот ҳамчун ягона ҳизби мухолиф мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт, муборизаҳояшро бо шикаст ба поён расонд. Роҳбарият ва ҷонибдорони ҳизб таслим шуданӣ нестанд, аммо коршиносон мегӯянд, ҳизб тамоми нерӯяшро харҷ карда ва намешавад аз он интизории дигаре дошт.

Шикасти пешгӯишаванда

София Мусофир, яке аз ҷонибдорони собиқадори ҲСДТ, сарфи назар аз шикастҳои ҳизб дар тамоми интихоботҳои гузашта, ҳамоно ба порлумонӣ шудани он бовар дорад. "Роҳбарияти ҳизб афроди зиёӣ ва ҳуқуқдон ҳастанд, ки ҳамагӣ ҷонибдори рушди тадриҷии кишваранд. Ҳукумат бояд манфиатдор мебуд, ки ин ҳизб шомили порлумон шавад. Бо ҲСДТ порлумон "зиндатар" ва "гармтар" мешуд. Ва ҳукумат дастаки дигаре медошт, ки дар порлумон мухолифини воқеӣ нишастаанд. Фикр мекунам, сиёсатгузорони ҳукумат ба иштибоҳи бузурге роҳ доданд, ки ин бор ҳам ҲСДТ-ро пушти дари порлумон гузоштанд" - мегӯяд Мусофир.

Вай аз эҳтимол дур намедонад, ки вазъи ҳизб бадтар хоҳад шуд ва фаъолону аъзои намоёни он ба далели набуди кор ва мушкилоти моддӣ кишварро тарк хоҳанд кард.

Дар интихоботи порлумонии 1-уми март аз ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон танҳо ҲСДТ шомили порлумон нашуд. Бино ба омори Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР), аз 86 дарсади аҳолии қобили раъй, ки дар интихобот ширкат варзиданд, ҳамагӣ 0,32% ба ҷонибдорӣ аз ҲСДТ овоз додаанд.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ пеш аз интихобот гуфта буд, дар сурати шаффоф баргузор шудани он, ҳизби вай ҳадди ақал соҳиби панҷ курсӣ хоҳад шуд. Аммо коршиносони мустақил аз ҳамон ибтидо гуфта буданд, ки ҳизб пирӯз нахоҳад шуд ва натиҷаи интихоботро ҳукумат муайян мекунад.

"Ҷойи афсӯс нест, ки ширкат кардем"

Баъди интихобот сотсиал-демократҳои тоҷик ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд ва ҳарчанд натиҷаи интихоботро напазируфтанд, тасмим гирифтанд, ки шикоят ҳам нахоҳанд кард.

"Мо бори дигар ба хулоса расидем, ки барои эътирофи натиҷаҳои раъйдиҳӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ҳанӯз иродаи сиёсӣ шакл нагирифтааст. Аммо бидуни ҳеч шакку шубҳае вазифадор будем, ки дар интихобот ширкат варзем ва руҳияи интихобкунандагонро бисанҷем ва стратегияву интихоби худро барои рушди кишвар пешниҳод кунем", - гуфт Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ.

Вай меафзояд, бидуни ширкат кардан имкон надошт, ки роҳҳои эҷоди монеа ва пешбарии номзадҳои наздик ба ҳизби ҳокимро аз ҳавзаҳои якмандатӣ шиносоӣ кард.

Ба гуфтаи Ҳакимов, "ҳукумат бори дигар аз усулҳои авторитарӣ истифода кард ва ба порлумон ҳизбҳои кисагиро ворид сохт ва ба ин тартиб, гуиё парламентаризмро фароҳам овард".

"Агар дар воқеъ ҳизби ҳокими халқии демократӣ ним миллион узв медошт ва таърифҳои 24-соата дар бораи дастовардҳо воқеият медоштанд, дар чунин сурат ҳеч баҳонае барои тақаллубкорӣ намемонд. ҲХДТ чизи наве наметавонад пешниҳод кунад ва ҳаққи маънавӣ надорад, ки дидгоҳҳои худро таҳмил намояд, зеро аз рӯи тамоми нишондодҳои иқтисодӣ мо аз ҳамсояҳо қафо мондаем, фасод "мешукуфад" ва бо гузашти вақт набуди тавозун дар шохаҳои ҳокимият ва набуди назорат аз болои ҳокимияти иҷроия боиси бадтар шудани сатҳу сифати зиндагӣ дар кишвар мегардад" - мегӯяд Ҳакимов.

"ҲСДТ бояд ба ҲХДТ пайвандад"

Аммо коршиносони наздик ба ҳукумат сабаби шикасти ҲСДТ-ро дар фаъолияти худи ҳизб мебинанд. "Сарфи назар аз он ки роҳбарияти ҳизб аз афроди огоҳ иборат аст, онҳо пеш аз ҳар интихобот ба иштибоҳе роҳ медиҳанд. Дар интихоботи гузашта гуфтанд, ки зарурате ба сохтмони нирӯгоҳи "Роғун" нест, дар интихоботи кунунӣ ба шомилшавии фаврӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ) даъват доранд", - мегӯяд муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров.

Ба гуфтаи вай, ҳизб ҳаққи мавзеъгирӣ дорад, аммо ин мавзеъгирӣ набояд ба манфиатҳои миллии кишвар мухолиф бошад. Сафаров меафзояд, пойгоҳи иҷтимоии ҲСДТ заиф аст, зеро идеологияи ҳизби ҳоким низ сотсиал-демократист ва ба ҳамин далел ҲСДТ, ё бояд номашро иваз кунад ва ё бо ҳизби ҳоким муттаҳид шавад.

Ҳизби дорои масуният?

Дар гузашта ҲСДТ бо изҳоротҳои тундаш дар мавриди рӯйдодҳои дохилии кишвар маъруф буд. Барои мисол, соли 2013 Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ қонунӣ будани сари қудрат боқӣ мондани Эмомалӣ Раҳмонро расман ба шубҳа кашид. Дар ҳамон сол Зойиров аз мақомот даъват кард, ки ҳаводиси соли 2012-и шаҳри Хоруғро "террори давлатӣ" эътироф кунанд.

Оҳиста-оҳиста сатҳи интиқодҳои ҳизб поин рафт ва дар интихоботи ахир ваъда кард, ки дар сурати шомил шудан ба порлумон барои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шудани Тоҷикистон, бекор кардани гарави интихоботӣ, таҳияи қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва Бонки миллӣ талош меварзад. Аммо бо назардошти таҷрибаи муборизаи ҳукумат бо рақибонаш, нозирон наметавонанд ба ин суол посух пайдо кунанд: дар чунин шароите ҲСДТ чӣ гуна тавонистааст худро ҳифз кунад?

Роҳбарияти ҳизб посухи қотеъ дорад. "Ҳизби мо баъди ҳаводиси солҳои 1990 таъсис шуд ва ширкаткунандаи низоъҳои сиёсиву низомӣ набуд. Мо ба сарнагун кардани сохти конститутсионии кишвар даъват намекунем ва танҳо хоҳони он ҳастем, ки шакли ҷумҳуриявии идораи кишвар амалӣ шавад. Роҳбарияти кишвар инро дарк кардааст", - мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Иршод Сулаймонӣ, шореҳи сиёсӣ мегӯяд, ҲСДТ панҷ соли ахир дар баробари рӯйдодҳои кишвар мавқеи қотеъи усулӣ надошт ва ҳамин боиси боқӣ монданаш дар майдони сиёсӣ гардид. "Агар ҳизб дубора ба баррасии мавзӯъҳои мамнуъ пардозад, аз эҳтимол дур нест, ҳукумат нисбаташ усулҳои муборизаи сиёсиеро истифода хоҳад кард, ки то ин дам нисбати рақибони дигараш истифода кардааст", - тахмин мезанад Иршод Сулаймонӣ.

Қобили ёдоварӣ аст, ки мухолифони расмӣ - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, "Гуруҳи 24", "Паймони миллии Тоҷикистон" аз сӯи Додгоҳи олӣ террористиву экстремистӣ эълом шудаанд ва таваҷҷуҳ ба ин ҳизбу гуруҳҳо ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай дорад.

Имкони ислоҳу тағйире фароҳам шуд?

Гуруҳҳои мазкур аз ҷонибдоронашон хостанд, ки дар интихоботи 1-уми март ба ҲСДТ раъй диҳанд. Вале худи ҳизб ҳар гуна робита доштанашро бо гуруҳҳои номбаршуда рад кард. Бо такя ба омори расмӣ, ҲСДТ 0,32% раъй ба даст овард ва имкон наёфт, ки шумори интихобкунандагонашро аз ҳисоби раъйҳои эътирозӣ афзоиш диҳад.

Аммо ҲСДТ бовар дорад, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст ва бино бар оморе, ки онҳо дар ихтиёр доранд, ҳизби сотсиал-демократӣ дар ВМКБ, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар ноҳияи Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Рӯдакӣ раъйи зиёде ба даст овардааст. "Дар 18 рӯз имкон набуд, ки тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро давр зад, аммо мо талош кардем, дар мулоқотҳо ба интихобкунандагон оқибатҳои интихоби нодуруст ва таъсири онро ба рушди кишвар шарҳ диҳем", - мегӯяд Ҳакимов.

Ояндаи норӯшан

Роҳбарияти ҳизб, сарфи назар аз вазъи душвор, тасмим дорад фаъолияти ҳизбиро идома диҳад, вале коршиносон бовар надоранд, ки ҳизб натиҷаҳои беҳтаре касб хоҳад кард. "Дар шароити кунунӣ ҳизб тавоноии лозимро барои рақобат кардан бо ҳизби ҳоким надорад, аммо агар вазъи сиёсӣ дар кишвар тағйир наёбад, имкон аст, ки ҲСДТ дар шакли кунунӣ худро ҳифз кунад", мегӯяд Иршод Сулаймонӣ.

Азиз Нуралиев, сиёсатшиноси мустақил гуфт, ҲСДТ ба унвони мухолифи воқеии ҳукумат бо иштирокаш дар интихобот онро машруият бахшид. "Инҷо, ҳарчанд аҷиб аст, вале манфиатҳои ҲСДТ бо манофеи ҳукумат мувофиқ омад. Ҳизб манфиатдор буд, ки аз худ дарак диҳад, ҳарчанд барояш гарон афтод ва ҳукумат манфиатдор буд, ки мухолифи воқеӣ дошта бошад", - гуфт коршинос.

Вай бовар надорад, ки ҲСДТ мавқеъгирии қатъӣ ба намоиш хоҳад гузошт, зеро оқибати чунин мавқеъгириҳоро дарк мекунад, аммо ҳамзамон барои боқӣ монданаш дар шакли кунунӣ ва бо умеди бозсозиҳои сиёсӣ, амсоли Ӯзбекистони баъд аз Каримов, талош меварзад.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1999 ташкил шуд, аммо фаъолияташ муваққатан қатъ гардид. Ҳизб ибтидои соли 2000-ум мавқеи расмӣ касб кард. Он замон Раҳматулло Зойиров, муассис ва роҳбари ҳизб ёвари президенти Тоҷикистон буд. Ҳизб наздики 12 ҳазор узв дорад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG