Пайвандҳои дастрасӣ

Овозхонҳои Тоҷикистонро рӯйхат мекунанд


Овозхони ҷавон Зулайхо Маҳмадшоева

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон саргарми таҳияи феҳрасти овозхонон, гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ дар кишвар аст ва ҳадаф аз он «назорати фаъолияту барномаҳои консертӣ, сафарҳои ҳунарӣ дар дохилу хориҷи кишвар» будааст.

Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанг рӯзи 29-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «воқеан чунин рӯйхат тартиб дода мешавад, ки бояд ҳамаи сарояндагони ҷумҳуриро новобаста аз шакли фаъолияташон дар бар бигирад».

Муовини вазири фарҳанг гуфт, замоне феҳраст такмил мешавад, дар бораи он ҷузъиёт хоҳанд дод, аммо маълум аст, ки онро бо дастури ҳукумати Тоҷикистон таҳия мекунанд.

Худи вазир Шамсиддин Орумбекзода, дар ҳисоботи фаъолияти 9 моҳаи вазорат дар соли 2017 гуфтааст, ҳоло онҳо дар пайи «аниқ» кардани тамоми овозхонҳо, гурӯҳҳои эҷодӣ ба хотири назорати барномаҳои консертӣ, сафарҳои ҳунарӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ҳастанд.

Шамсиддин Орумбекзода
Шамсиддин Орумбекзода

Орумбекзода гуфтааст, яке аз ҳадафҳои иқдом «баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фарҳангӣ» ва «дастрасии онҳо ба мардум» аст. Бар замми ин ба гуфтаи вазорати фарҳанг, яке аз сабабҳои дигари тартиб додани феҳрасти овозхонҳо боло бардоштани сатҳу сифати суруду таронаҳо ва пурмазмун кардани мӯҳтавои онҳост.

Мирзоолим Саидов, роҳбари раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, ин рӯйхат то аввалҳои соли нав тартиб дода шавад. Феҳрасти овозхонҳо, ки бешак сабаби баҳси зиёд дар матбуот хоҳад шуд, зоҳиран натиҷаи интиқодҳо аз таронасароии теъдоде аз овозхонҳои ҷавон дар Тоҷикистон аст.

Дар маҳфилҳои адабӣ ва саҳифаҳои матбуот дар ин авохир салиқаи пасти бархе аз овозхонҳо ва мазмуни хароби таронаҳо пайваста танқид мешавад. Мунаққидон бештар аз мазмуни пасти матни сурудҳо ва лаҳҷавӣ будани он мегӯянд.

Ба унвони мисол таронаҳои “Чабргадӣ”- Наимҷони Сайдалӣ ва «Ма имшаб тра мехом»-и Ҷонибиеки Мурод мавриди маззамати матбуот қарор гирифта буданд. Таронаи Парвина Шукруллоева бо номи “Лалӣ Ҷалвӣ” низ яке дигар аз таронаҳоест, ки сабаби абрӯ ба ҳам кашидани мардуми зиёде шудааст.

“Ман тра мегум, банга назан пук мешавӣ сағера” – як мисрае аз таронаи Ҷамилаи Икром аст, ки видеои ӯро дар Ютюб на камтар аз 200 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.

Бобои Файз
Бобои Файз

Овозхони куҳансол, ки бо номи Бобои Файз машҳур шудааст, аз танқид бенасиб намонд, чун таронаи ӯ бо номи “Очата бугу”, ки дар баробари тарафдорони зиёд мунаққидон ҳам дорад.

Овозхонҳо ва оҳангсозон дар Тоҷикистон поин рафтани сатҳу сифати мусиқиву таронсароӣ дар кишварро эътироф мекунанд, аммо аз эҳтимоли ҷорӣ шудани як сензураи ғайрирасмӣ хавф доранд. Олим Ширинов оҳангсоз ва овозхони тоҷик мегӯяд, аз як ҷониб зарурати арзёбии олами мусиқиву овозхонӣ дар Тоҷикистон ба миён омадааст.

Ӯ гуфт: “Воқеан як бор бояд дид, ки фард чӣ суруде ва чӣ гуна мехонад. Хусусан онҳоеро, ки ба хориҷ сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳанд ва ҷумҳуриро муаррифӣ мекунанд. Чун аз сатҳи ҳунарнамоии овозхон, дар зеҳни хориҷиён дар бораи фарҳанг ва мардуми ҳамон кишвар тассавур ҳосил мешавад”.

Аммо аз сӯи дигар мегӯяд, Ширинов, ки бояд таронаву мусиқиҳои овозхонҳои навкору эътирофношударо арзёбӣ кунанд, зеро онҳое, ки таҷриба андӯхтаанд ва медоданд, чӣ мехонанд, аз дахолат ба матну шеваи сурудашон “хушҳол намешаванд.

Олим Ширинов
Олим Ширинов

“Масалан гурӯҳи мо 25 сол боз вуҷуд дорад, мо матну сурудро худамон менависем. Ва агар аз мо талаб кунанд, ки пеш аз иҷро матну сурудамонро бо касе дар ягон идора нишон бидиҳем, нарм карда гӯям, мо ҳайрон мешавем” - афзуд Ширинов.

Айни замон ӯ гуфт, худи телевизионҳои Тоҷикистон ҳам дар роҳ додани суруду таронаҳои каммазмун ба саҳна ва поин бурдани завқи мардум нақш доранд. Борҳо шудааст, ки дар баъзе аз барномаҳои идона ва бахусус солинавӣ, тамошобин касонеро мебинад, ки ба моҳе пеш “овозхон” шудаанд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон, таронаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ камтар месароянд, аммо ба гуфтаи баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, мумкин аст, мақомот бо баҳонаи “каммазмун будани матни суруд”, таронаҳоеро ба саҳна роҳ надиҳанд, ки дар он масоили иҷтимоӣ ва ё мушкилоти мардум инъикос мешавад.

Аз тарафи дигар таҷриба нишон додааст, ки овозхонҳое, ки бо сурудҳои сабук ба саҳна меоянд, дер намепоянд ва ба зудӣ аз саҳна мераванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG