Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоираи Раҳимҷон: “Ҳаққи як овозхони маъруф бояд то 10 000 сомонӣ бошад”. ВИДЕО, САДО


Шоираи Раҳимҷон
Шоираи Раҳимҷон

Як вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳаққи иштироки овозхонҳо дар тӯйи мардум танзим карда шавад. Ҷаббор Аҳмедов рӯзи 23-юми август дар порлумон гуфт, баъзе овозхонҳои тоҷик барои иштирок дар маъракаҳои хурсандӣ аз 500 то 5 ҳазор доллар талаб мекунанд. Ин пешниҳоди вакили порлумон бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд.

Ҷузъиёти қонуни нави танзим: ​Пӯшидани либоси миллӣ ҳатмӣ шуд

Шоираи Раҳимҷон, таронасаро ва оҳангсози тоҷик, рӯзи 25-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба фикри ӯ, ҳаққи як овозхони маъруф дар маъаракаҳои мардум бояд то даҳ ҳазор сомонӣ бошад. “Аз ин зиёдаш ҷабр ба мардум аст”, - афзуд ӯ.

Бигзор овозхонҳои тоҷик дигар гурӯҳи доиранавозу дуторнавозро ҷалб накунанд ва худашон танҳо овозхонӣ намоянд. На заҳмат ба онҳо ва на зарар - ба ҷайби мардум.

Шоираи Раҳимҷон: “Ҳамеша ҷонибдори он ҳастам, ки ба ҳунармандон супориш дода шавад, то дар тӯйи мардуми ниёзманд бо нархи мувофиқ ба кисаи онҳо хидмат кунанд. Онҳое, ки дар Русия азоб мекашанду пулро бо заҳмат ба даст меоранд, мехоҳанд, ки дар тӯяшон овозхонҳои маъруфу номдор хидмат кунанд. Вақте тавонашон намерасад, худро нороҳат дар ҷомеа як инсони нокомил эҳсос мекунанд. Аз ин нигоҳ, ҷонибдори чунин пешниҳод дар танзими ҳаққи овозхонҳо дар тӯй ҳастам. Аммо аз тарафи дигар бигзор сарватмандон вобаста ба тавонашон ҳаққи хидмати овозхонҳоро пурра пардохт кунанд. Чун овозхонҳои мо, ки барои як таронаи хуб то 1000 доллар ва зиёдтар аз он сарф мекунанд, тамоми маблағи сабти сурудҳояшонро аз даромади худ аз тӯйҳо ба даст меоранд. Мушоҳида мешавад, ки вақтҳои ахир толори консертҳо низ серодам нест ё агар мухлисон ба консерт ҳам раванд, нархи чиптаҳо арзон аст. Инҷо танҳо як роҳ мемонад, ки иштирок дар тӯйҳост.”

Навори видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Шоираи Раҳимҷон: "Танзим набояд таронакуш бошад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:07 0:00

Радиои Озодӣ: Оё танзими хаққи ҳунармандон дар тӯйҳо метавонад, ба эҷоди онҳо таъсир гузорад?

Шоираи Раҳимҷон: “Табиист, ки бидуни маблағ коре карда намешавад. Дар тамоми кишварҳои дунё барои овозхонҳо продюсер сарпараст пайдо мекунанд. Мутаассифона, ин чиз дар Тоҷикистон нест. Ҳоло дар кишвари мо як ҳунарманд барои худаш ҳам овозхон, ҳам продюсер ва ҳам сармоягузор аст.”

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, имрӯз вобаста ба шароити зиндагии сокинон бояд ҳаққи хидмати як овозхон дар тӯй чӣ қадар бошад?

Ман аз ин овозхон ном намебарам. Вале як овозхоне ҳаст, ки фақат барои табрик дар тӯй то 5000 доллар (тақрибан 45 ҳазор сомонӣ) мегирад.

Шоираи Раҳимҷон: “Нархи як ҳунарманди хеле маъруф барои баргузории тӯй бигзор то 10 ҳазор сомонӣ бошад, вале аз ин зиёдаш ҷабр ба мардум аст. Вале барои ҳунармандоне, ки чандон маъруф нестанд, заҳмат намекашанд ва ба бозхонии таронаҳои тайёри овозхонҳои машғул ҳастанд, аз ҳазор то ду ҳазор сомонӣ кофӣ аст.”

Радиои Озодӣ: Чун Шумо бо овозхонҳо ҳамкорӣ мекунед, оё воқеан сарояндае ҳаст, ки барои ҳаққи хидмат дар тӯй то 30 ё 40 ҳазор сомонӣ мегирад?

Шоираи Раҳимҷон: “Албатта. Ман аз ин овозхон ном намебарам. Вале як овозхоне ҳаст, ки фақат барои табрик дар тӯй то 5000 доллар (тақрибан 45 ҳазор сомонӣ) мегирад.”

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки бигзор ҳаққи хидмати ҳунармандон дар маъракаҳои мардуми камбизот танзим шавад. Ба назари шумо, оё як овозхони маъруф дар Тоҷикистон, барои мисол овозхоне чун Садриддини Наҷмиддин ё Шабнами Сурайё, вобаста ба маблағи пардохткардаи хонаводаи нодор дар тӯяшон хизмат мекунанд?

Шоираи Раҳимҷон: “Шахсан дар ин маврид бо Шабнами Сурайё рӯбарӯ нашудам, аммо шоҳид будам, ки Садриддин дар тӯйи яке аз мухлисонаш бидуни маблағ овозхонӣ кард. Медонед, ин аз муҳаббати овозхонҳо нисбат ба мухлисонашон вобаста аст. Қадр кардани мухлису ҳаводор, воқеан, баракатро дар кори овозхон бештар мекунад. Инро онҳое медонанд, ки дар воқеъ санъат ва мухлисонашонро дӯст медоранд.”

Шоираи Раҳимҷон: “Ҳаққи як овозхони маъруф бояд то 10 000 сомонӣ бошад”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷи кишвар ҳам доред. Оё ҳаққи хидмати ҳунармандон дар кишварҳои дигар танзим мешавад?

Шоираи Раҳимҷон
Шоираи Раҳимҷон

Шоираи Раҳимҷон: “Аслан дар Узбакистони ҳамсоя тӯйҳо мисли Тоҷикистон баргузор мешаванд, вале намедонам то куҷо ҳаққи хидмати онҳо танзим мешавад, ё не. Вале ман метавонам дар бораи Амрико гӯям. Вақте ба ҳайси ровӣ дар яке аз тӯйҳо дар Амрико даъват шудам, маъракаи мисли мо бодабдаба набуд. Тахминан то 35 нафар ҷамъ омада буданд ва як овозхон буду як ноутбук. Ӯ таронаро аз компютер баланд мекард ва гоҳе худаш ҳам месуруд. Ҳаққи заҳматаш ҳам на 1000 долар буду на 2000 доллар. Пас, бигзор овозхонҳои тоҷик ҳам дигар гурӯҳи доиранавозу дуторнавозро ҷалб накунанд ва худашон танҳо овозхонӣ кунанд. На заҳмат ба ӯ ва на зарар ба ҷайби мардум. Чун ҳоло дар Тоҷикистон ҳам 90 дарсади овозхонҳои мо дар тӯйҳо фонограмма мехонанд, ки ҳеҷ заҳмат надорад. Бигзор малоли хотири ҳунармандони мо набошад. Ҳоло онҳое, ки ҳунари овозхонии зиндаро надоранд, аз бурдани гурӯҳи навозандаҳо ба тӯй даст кашанд. Чун онҳо дар аксар маврид маҳз ҷалби гурӯҳи навозандаҳоро баҳона пеш меоранд ва ҳаққи хидмати худро гарон мекунанд.”

XS
SM
MD
LG