Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатманди Хол: Овози тир баланд шуд, садои мусиқӣ хомӯш мешавад. ВИДЕО


Давлатманди Хол
Давлатманди Хол

Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар саҳифаи хотироти Давлатманди Хол, фалаксарои саршиноси тоҷик, чун як рӯзи муҳими зиндагиаш сабт шудааст. Ӯ дар ин рӯз аввалин бор баъди нооромиҳо рӯйи саҳна омад ва аз аввалин овозхонҳое буд, ки ҳозир шуд барои даҳҳо шаҳрванди муштоқи сулҳ консерт ва бо оҳангҳои худ паёме аз ваҳдат бидиҳад.

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад? Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад?

Дар марҳилаи охири гуфтугӯи мухолифин бо ҳукумат барои сулҳ, Давлатманди Хол ҳамроҳ бо бародарону писаронаш дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе барои нахустин консерт дар васфи Ваҳдат омодагӣ медид. Ҳарчанд вазъ бехатар набуд ва намедонист, ки онҳоро дар ин толор чӣ интизор аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Давлатманди Хол: Овози тир баланд шуд, садои мусиқӣ хомӯш мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

“Вақте чароғро дар толор рӯшан карданд, дидам, ки мухолифон бо ҳукумат паҳлӯи ҳам нишастаанд. Дар арақ тар шудем, намедонистем тақдирамон чӣ мешавад, вале мегуфтем бояд мо хидмати фарҳангӣ ва идеологии худро адо кунем”, - гуфт ӯ рӯзи 21-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Давлатманди Хол мегӯяд, рӯзи 27-уми июн дар “Кохи Борбад” шоири саршинос Лоиқ Шералӣ низ ҳамроҳаш буд ва чанд лаҳза пеш аз оғози барномаи консертӣ онҳо тариқи телефонаграмма аз имзои созишномаи сулҳ хабар ёфтанд. “Ҳамон шаби консерт созишномаи сулҳ дар Маскав имзо шуд ва ҳамон ҷо аз пушти парда, Лоиқ шеъри сулҳи деринтизори мо омадро навишту дар саҳна хонд”, - афзуд ӯ.

Давлатманди Хол
Давлатманди Хол

Баъд аз ду ҳафтаи созишномаи сулҳ, барои баргузории рӯзҳои фарҳангии Хатлон дар Бадахшон гурӯҳе аз ҳунармандон ба ин минтақа сафарбар шуданд. Давлатманди Хол аз ин феҳраст берун монд. Ба суолаш ҳам, ки чаро ӯ бояд ба Бадахшон наравад, касе посухи дақиқ надод.

Ба муроҷиаташ дар Вазорати фарҳанг гуфтаанд, “солҳои дигар, ки тинҷтар шавад баъд ӯ ҳам меравад”. Аммо овозхон солҳои дигарро интизор нашуд ва бо асбоби мусиқиаш ба танҳоӣ ба сафар баромад.

Давлатманди Хол гуфт, “ба фурудгоҳ рафта, билет харидам. Дар Бадахшон маро хеле хуш пешвоз гирифтанд. Ба Гармчашма рафтем, консерт додем, мардум ҳама хеле хуб пешвоз гирифт. Баъд аз омадани ҳайати ҳунармандон ба Душанбе, ман ду рӯзи дигар мондам. Гуфтам, ки консерт медиҳам. Дар майдони варзишии Хоруғ консерти калон шуд, маблағи он ҳам ба бародароне, ки хонаашон зери хок монда буд, дода

Давлатманди Хол бо Жак Ширак, раиси ҷумҳури собиқи Фаронса
Давлатманди Хол бо Жак Ширак, раиси ҷумҳури собиқи Фаронса

шуд. Ҳатто бачаҳои театри Хоруғ ҳам ҳамроҳам овозхонӣ карданд. Баъд Олучаро, ки хеле хуб ҳунарнамоӣ кард, ба шӯхӣ гуфтам, ки наход ҳамин мардаки хубро Олуча ном кунанд. Ягон тарбуз ё номи дигар набуд. Аҳли толор ҳама хандиду каф кӯфт.”

Баъди бозгашт аз Бадахшон Давлатманди Хол барои талошҳояш дар роҳи сулҳ ва бо ин паём ҳозир шудан назди мардум, сазовори ордени сулҳ шуд. Ин фалаксарои тоҷик мегӯяд, ҳунарманди асил дар ҳама вазъу шароит бояд ҳамроҳи мардум ва дар талоши сулҳ бошад. Вай мегӯяд, он рӯзҳо дар орзуи сулҳ буд ва дар оҳангҳояш ҳам бештар сари ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ мекард.

“Мегуфтам: Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад?

Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор,

Мағлубу фано, зулмати шаб мешуда бошад?”, - ба ёд овард ӯ.

Ӯ аз замони нооромиҳо ва таъсири он ба ҳунару зиндагии овозхонон ёдрас шуда, гуфт, аксари ҳамтоёнаш хомӯшу бекор буданд, бархе ҳам тарки кишвар намуданд.

Давлатманди Хол
Давлатманди Хол

“Мегӯянд, вақте овози тиру туфанг баланд, шуд овози мусиқӣ хомӯш мешавад. Садои тир ҳамаро хомӯш мекунад. Ҳунармандон дар таҳлукаи ҷони худашон буданд, ки чӣ мешавад, намешавад. Вале сулҳ шуд. Тоҷикистоне, ки дигар бархе умед надоштанд дубора як кишвар мешавад, аз нав сохта шуд”, - гуфт ӯ.

Аммо ин ҳунарманди шинохта мегӯяд, баъд аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ як шӯълаи умеде барои субот дар кишвар дар қалбаш пайдо шуд. Давлатманди Хол имрӯз намехоҳад, аз рӯзҳои сахти зиндагии худ дар солҳои ҷанг ёдовар шавад. Муноқишаҳо дар кишвар ин ҳунармандро аз жанри эҳёкардааш фалак ҷудо кард. Баъди расидан ба сулҳ ӯ дубора мактаби фалаки худро таъсис дод ва имрӯз бо ин навъи мусиқии таърихӣ ӯ Тоҷикистонро дар хориҷ аз он муаррифӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG