Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони Давлатманд Холов гуфтанд, ки "вазъаш хуб аст"


Давлатманд Холов

Наздикони Давлатманд Холов, фалаксарои маъруфи тоҷик, гуфтанд, ки феълан вазъи саломаташ хуб аст. Аммо онҳо рӯзи 15 январ дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ ба бемористон интиқол ёфтанашро тасдиқ карданд. Писари Давлатманд Холов гуфт, "ба эҳтимоли зиёд даргузашти амакам ба дилу асабаш фишор овардааст, вале ҳоло вазъияташ хуб аст. Ман паёматонро мерасонам." Рӯзи 15 январ бархе аз корбарони шабакаи Фейсбук аз бистарӣ шудани Давлатманд Холов хабар дода, баъзе афрод маризии ӯро бемории қалб унвон карданд. Давлатманд Холов соли 1950 дар рустои Доғистони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар хонаводаи кишоварз ва аҳли фарҳанг ба дунё омадааст. Нахустин оҳанги худро соли 1963 дар синни 13 ва дар сӯгвории падараш хондааст. Матни бештари сурудҳои ӯ аз ашъори Мавлонои Балхист. Феълан Давлатманди Хол раҳбарии ансамбли давлатии Фалакро ба дӯш дорад. Соҳиби нӯҳ фарзанд аст ва аксарият ҳунари падарро пайравӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG