Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амалиёт"-и овозхонҳои тоҷик дар минтақаҳои ифротихез


Як гурӯҳ аз овозхонҳои тоҷик ҳангоми мусобиқаи варзишӣ. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Як гурӯҳ аз овозхонҳои тоҷик ҳангоми мусобиқаи варзишӣ. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки овозхонҳои эстрадаро барои коҳиш додани хатари ифротгароӣ дар минтақаҳои осебпазир ҷалб кунанд. Дар Тоҷикистон бар асоси як пажӯҳиш 21 шаҳру навоҳӣ, ки аз ҳама беш сокинонаш ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд, шомили минтақаҳои осебпазиранд.

Инҷо ҳама фарҳангро дӯст медоранд. Он чанд нафаре, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд, солҳо дар ҷамоати мо зиндагӣ намекарданд.

Аз баҳори имсол, қарор аст, сарояндаҳои эстрадаи тоҷикро барои баргузории консерт ба навоҳие мисли Нуробод дар минтақаи Рашт, Исфараву Конибодом дар вилояти Суғд, Қубодиёну Восеъ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Ванҷ дар вилояти Бадахшон сафарбар кунанд. Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ гуфт, ин иқдом дар доираи татбиқи бахши дувуми Стратегияи мубориза бо терроризм рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, харҷи баргузории консертҳоро ҳукуматҳои маҳаллӣ пардохт мекунанд.

Язғулом ба консерт омода мешавад

Дар минтақаҳое, ки ҳукумат онҳоро осебпазир унвон кардааст, маконҳои фарҳангиро низ дубора эҳё мекунанд. Аз ҷумла, дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ, ки ягона минтақи осебпазир дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аст, хонаи маданият барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиро дубора ба истифода додаанд.

Аз ҷамоати Язғулом, ки наздики 6 ҳазор аҳолӣ дорад, беш аз 40 нафар ба сафи гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд. Аз рӯи ҳисоби аҳолӣ, Язғулом аз ҳама дигар минтақаҳои Тоҷикистон осебпазиртар дониста мешавад.

Валиҷон Маҳмадуллоев, раиси ҷамоати Язғулом, рӯзи 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои баргузории консерт аз ҳоло омодагӣ мегиранд. Ӯ гуфт, ба наздикӣ раиси вилояти Бадахшон ба ҷамоати онҳо сафар кард ва гуфт, аз моҳи март дар деҳоти калони ин ҷамоат бо иштироки сарояндаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мекунанд. Ин мақомдори маҳаллӣ мегӯяд, мардуми Язғулом ташнаи шеъру суруд ҳастанд.

“Инҷо ҳама фарҳангро дӯст медоранд. Он чанд нафаре, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд, солҳо дар ҷамоати мо зиндагӣ намекарданд. Мардуми мо аз рӯи терроризму ифротиҳо безор ҳастанд, аммо аз баргузории консерт бисёр хурсанд хоҳанд шуд”, - гуфт ӯ.

Рустам Азизӣ
Рустам Азизӣ

Ин масъули ҷамоат гуфт, аз ҳоло сокинон хоҳиш мекунанд, то Шабнаму Садриддин ва Нобовар Чаноров дар маҳали онҳо консерт бидиҳанд. Аммо феълан маълум нест, ки мақомот кадом сарояндаҳоро ба онҷо хоҳанд бурд.

“Азон ба гуши фил?”

Дар Тоҷикистон “баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ”-ро як бахши аслии мубориза бо ифротгароӣ медонанд. Ҷалби беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Ироқу Сурияро мақомот чун бонги изтироб қабул карданд ва ҳоло бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки хатари ифротгароиро дар ҷомеа коҳиш диҳанд. Талошҳое, ки имсол иҷоза дод, Соли нав бо шукуҳи пештара таҷлил шавад, вале алоқаҳои телефоние мисли НҶН баста шавад.

Хуршед Наҷмиддинов, сокини ноҳияи Фархор, ки ба минтақаҳои осебпазир шомил аст, гуфт, чунин иқдом хуб аст, вале афроди дорои ақидаҳои ифротӣ аз ширкат дар консертҳо парҳез мекунанд. “Суруд хондан ба ифротиҳо мисли ба гӯши фил азон гуфтан аст. Онҳо чорабиниҳои фарҳангиро куфр хонда, иштирок намекунанд. Агар маҷбурӣ ҳам ширкат кунанд, ба онҳо таъсир намекунад”, - афзуд ӯ.

Суруд хондан ба ифротиҳо мисли ба гӯши фил азон гуфтан аст. Онҳо чорабиниҳои фарҳангиро куфр хонда, иштирок намекунанд.

Мақомот мегӯянд, тарғиби арзишҳои дунявият, яке аз роҳҳои наҷоти ҷомеа аз олудашавӣ ба хатари ифротгароӣ аст. Рустам Азизӣ, корманди Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, гуфт, баргузории консертҳо ҳамчун як унсури маҷмӯи чорабиниҳо метавонад то андозае муассир бошад, аммо дар алоҳидагӣ роҳи ҳал нест: “Чун ифротишавӣ падидаи мураккаб аз омилҳои зиёд аст ва мухотабон (аудитория)-и таблиғоти ифротӣ низ якнавохт нестанд. То ҷое, ки иттилоъ дорем, дар тамоми минтақаҳо нақшаҳои густурдаи чорабиниҳо қабул гардид, ки чорабиниҳои фарҳангӣ яке аз бандҳои он мебошад, вале дар баробари ин чораҳои бисёри дигар низ ба назар гирифта шудааст”.

"Вақте хурсандӣ кам шуд..."

Пажӯҳиши созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Институти ҷомеашиносии амрикоии Геллап (Gallup) ишора мекунанд, ки таъсири омили динӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоякишварҳо зиёд аст.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, кам кардани маросими хурсандӣ дар пайи қабули қонуни танзими расму оинҳо боис ба боло рафтани ақоиди ифротгароӣ дар ҷомеа шуд. Ӯ мегӯяд, дар баъзе деҳоти кишвар маросими тӯйи хонадоршавӣ ягона фурсати дилхушии ҷавонон буд, ки ҳоло онро маҳдуд кардаанд.

Ӯ гуфт, “мардум зиндагии мушкил дорад ва як омиле лозим аст, ки онҳоро ба дигар тараф ҷалб кунад. Баргузории консертҳо. Яъне, дилхушӣ метавонад аз ифротгароӣ ҷилавгирӣ кунад. Албатта, онҳое, ки аллакай ифротӣ шудаанд, ба онҳо таъсир расонидан мушкил аст, вале ба онҳое, ки ҳанӯз ифротӣ нашудаанд, таъсири хуб мерасонанд. Бояд маросими хурсандии мардумро зиёд кард. Вақте хурсандӣ кам шуд, мардум дар фикри ғам мешаванд. Ғам ба ифротгароӣ мебарад, чун ваъдаи зиндагии хуб дар он дунёро медиҳад.”

Ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо ифротгароиро аз соли 2015 ҷиддӣ гирифт. Дар авҷи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Ироқу Сурия дар назди Додситонии кулл Ситоди мубориза бо терроризм таъсис ёфт, ки тамоми мақомоти интизомиро барои мубориза бо тундгароӣ муттаҳид мекунад.

Дар соли 2016 Тоҷикистон Стратегияи мубориза бо терроризмро қабул кард, ки бар асоси он то соли 2020 марҳила ба марҳила ифротгароӣ дар ин кишварро бояд коҳиш бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG