Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Алло, ман аз Кундуз". ​​​Зангҳои нороҳаткунанда аз он сӯи Омӯ


Симкортҳои тоҷикиро дар навоҳии наздимарзӣ бо Афғонистон бархе ҷавони ин кишвар бо ҳадафи пайдо кардани ҳамсар ё дӯстдухтар дар Тоҷикистон истифода мекунанд. Зоҳиран, гоҳе ба ҳадафи худ мерасанд, вале то расидан ба он бархе муштариёни телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистонро асабонӣ ва нороҳат мекунанд.

Занги тақдирсози Амонулло

Пул фиристод, ҳуҷҷатҳоямро дуруст кардам ва рӯзи 2-уми ноябри соли 2016 ба Афғонистон рафтам. Гуфта буд, ки ӯ зан надорад, аммо маро ҳамсари дуюм кард.

Амонулло Ҳусайнии 35-сола, сокини ноҳияи Имомсоҳиби вилояти Кундуз ду соли пеш тариқи истифодаи симкорти тоҷикӣ бо ҳамсари ояндаи худ ошно шуд. Дар Имомсоҳиб, ки наздик ба марзи Тоҷикистон аст, мавҷи ширкатҳои мобилии бархе ширкатҳои Тоҷикистон пахш мешавад ва гоҳо ин симкортҳо аз ҷониби сокинони кишвари ҳамсоя ҳам истифода мешаванд. Ҳусайнӣ дар як рӯзе пас аз тавкалл занг заданаш ба даҳҳо рақами мобилӣ, ҳамсари ояндаи худро аз Тоҷикистон пайдо кард. Ҳамсари ӯ низ 35 сол дорад ва сокини ноҳияи Фархори Тоҷикистон аст. Амонулло Ҳусайнӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 16 январ аз манзили худ гуфт:

"Аввал ҳамсарам фикр кард, ки аз Тоҷикистон занг мезанам ва бо ӯ шухӣ мекунам. Баъдан, тариқи “Viber” сӯҳбат кардем. Хонаводаҳоямон шинос шуданд ва мо пас аз чанд моҳ издивоҷамонро расмӣ кардем", - гуфт ӯ.

Амонулло мегӯяд, издивоҷ дар Афғонистон хеле гарон аст: “Ин ҷо 10-15 ҳазор доллар сарф мекунӣ, вале ман бо панҷ ҳазор доллар дар деҳа барои ҳамсарам хона харидам ва издивоҷамонро расмӣ кардем”.

Тибқи иттилои расмӣ соли 2016 мисли Амонулло беш аз 30 шаҳрванди Афғонистон бо шаҳрвандони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд, ки аксарашон сокинони навоҳии наздимарзӣ буда, тахминан даҳ нафарашон тариқи телефонҳои мобилӣ шинос шудаанд. Бархе сокинони Тоҷикистон мегӯянд, гоҳҳо зангҳои ҷавонони афғон ба телефонҳои мобилиашон онҳоро асабӣ мекунад.

Насиба Ғуломова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, чанде пеш ҷавоне, ки аз гуфтораш дарӣ буд, занг зада ӯро асабонӣ кард. Ӯ гуфт: “Бо рақами тоҷикӣ занг зад. Гуфт, “биё, шинос шавем”. Гуфтам, “шавҳар дорам, занг назан”, аммо ин корашро давом дод. Бо шавҳарам ҷанг кард. Ба милиса додем, гуфтанд, ки ин кас аз Афғонистон занг задааст. Дигар бо ҳамон гум шуд”.

Аз тарафи дигар мо дар истифодаи симкортҳои тоҷикӣ ҳеҷ ҷойи бадӣ намебинем, ба ҷуз ин ки пули мардуми Афғонистон ба буҷаи Тоҷикистон ворид мешавад.

Мавлуда чӣ тавр то Кундуз рафт?

Дар миёни онҳое, ки аз он сӯи марз дар Тоҷикистон барои худ ҷуфт ҷустуҷӯ мекунанд, метавон бузургсолонро низ мушоҳида кард.

Мавлудаи 57-сола, сокини вилояти Суғд ба чунин як занг посух дод ва се моҳи пеш ба Имомсоҳиби Афғонистон рафт. Аммо аз шиносоии телефонӣ ҳоло сахт пушаймон аст. Мавлуда рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, чун аз шавҳараш ҷудо шуда буд, тариқи телефон бо марди афғон шинос шуд.

“Пул фиристод, ҳуҷҷатҳоямро дуруст кардам ва рӯзи 2-уми ноябри соли 2016 ба Афғонистон рафтам. Гуфта буд, ки ӯ зан надорад, аммо маро ҳамсари дуюм кард. Ҳоло вазъи саломатиам хуб нест. Мехоҳам баргардам, аммо намедонам чӣ тавр. Дар телефон овозаш тамоман дигар буд, лекин худаш тамоман дигар аст”, - гуфт ӯ. Пайвандони Мавлуда низ талош доранд, ӯро ба Тоҷикистон баргардонанд.

55 ҳазор симкортҳои тоҷикӣ дар Афғонистон?

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар вилояти Бадахшон, Тахор ва Кундуз, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд, аз 10 то 50 километр дохили Афғонистон мавҷҳои ширкатҳои мобилии тоҷикӣ дастрас ҳастанд. Дар навоҳии наздмиразӣ дар ҳоле симкортҳои тоҷикӣ фаъол ҳастанд, ки он ҷо мавҷи ширкатҳои мухобиротии Афғонистон дастрас нест.

Некмаҳмад Назарӣ, сухангӯи волии вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан сокинони шаш улусволии ин вилоят аз хидматрасонии ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода мекунанд.

Ӯ гуфт: “Дар сатҳи расмӣ ин мавзуъ низ матраҳ ҳаст ва ҳоло ҳукумат барномаеро рӯи даст гирифтааст, ки дар ин минтақаҳо антеннаҳои ширкатҳои мухобиротии Афғонистонро насб кунанд. Аз тарафи дигар мо дар истифодаи симкортҳои тоҷикӣ ҳеҷ ҷойи бадӣ намебинем, ба ҷуз ин ки пули мардуми Афғонистон ба буҷаи Тоҷикистон ворид мешавад. Ҳоло корҳо шурӯъ шудаанд ва фикр мекунам, ки ин мушкил дар минтақаҳои марзӣ ҳал мешаванд”.

Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Бритониё дар матлабе моҳи декабри соли 2017 навишт, ки танҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон наздики 55 ҳазор сокин аз симкортҳои тоҷикӣ истифода мекунанд. Оморе, ки санҷидани он амри маҳол аст.

Агар пеши роҳи мавҷ ба Афғонистонро гирем...

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ дархост карда буданд, ки антеннаҳои маҷпахшкунандаи худро тағйир диҳанд, то симкортҳо дар Афғонистон истифода нашаванд. Онҳо гуфтанд, далелҳое низ вуҷуд дорад, ки симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро дар он сӯи марз террористон истифода кардаанд.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон расман пахши маҷҳои мухобиротӣ дар хоки Афғонистонро рад мекунанд.

Намояндаи як тан аз ширкатҳои мобилӣ бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “ки шояд ҷое мавҷҳо пахш шаванд, вале он тасодуфӣ ҳаст”.

Ҳамсӯҳбати дигар мо гуфт, воқеан, мавҷи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар Афғонистон пахш мешавад, вале дорандагони симкортҳои тоҷикӣ дар ин кишвар хеле коҳиш ёфтааст.

“Пеши роҳи мавҷро гирифта намешавад. Агар талош кунем, ки мавҷи мо то Афғонистон нарасад, он гоҳ бисёре аз навоҳии наздимарзии Тоҷикистон аз мавҷи телефонҳои мобилӣ маҳрум мешаванд. Пештар симкортҳои тоҷикӣ зиёд истифода мешуд, вале пас аз навбақайдгирӣ аксари онҳо аз кор баромаданд ва ҳоло хеле коҳиш ёфтааст”, -гуфт ин мусоҳиби мо.

Онҳое, ки дар Афғонистон истода аз симкортҳои тоҷикӣ кор мебаранд, мегӯянд, то як моҳи пеш – замони баста шудани бозорҳои наздимарзӣ барои пур кардани ҳисоби рақамҳои телефонҳои худ ба бозори ҳудуди Тоҷикистон меомаданд. Аксари онҳо симкортҳои худро дар солҳои пеш харидорӣ кардаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр хати марз дорад. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар аксари навоҳии наздимарзӣ антенҳои пахши мавҷ насб кардаанд, ки он дар баъзе маҳал то Афғонистон мерасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG