Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ киро? "Ҷанг"-и Русияву Ғарб дар "ҷабҳа"-и Украина


Сӯҳробшо Давлатшоев
Сӯҳробшо Давлатшоев

Ин матлабро дар бораи решаҳои аслии нооромиҳои сиёсии Украина муҳаққиқи тоҷик Сӯҳробшо Давлатшоев ба Озодӣ фиристодааст. Ба ақидаи ӯ, беҳтар ин аст, ки дар "набард"-и Русияву Ғарб дар ин "ҷабҳа" на Русия ва на Ғарб, балки худи Украина баранда шавад.

Мубориза барои Украина

Ин рӯзхо мо шоҳиди ҷанги информатсионии миёни васоити ахбори оммаи (ВАО) давлатҳои ғарб ва Русия оид ба кашмакашиҳои байни ҳукумати кунунии Украина ва мухолифини он перомуни муттаҳид (association) шудани ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо (ИА) шудаем. Таҳлилгарон дар бораи бурду бохти иқтисодии Украина аз муттаҳидшавӣ ба ин иттиҳод афкори мухталиф иброз карданд. Бархе аз ин таҳлилгарон дар он ақидаанд, ки дар мавриди рӯй ба сӯи ғарб гардонидан, ҳамгироии иқтисодӣ ва амиқтар шудани ҳамкории сиёсӣ байни Украина ва ИА ба тадриҷ ҷойи худро мегирад. Мунаққидони рус бошанд иддао мекунанд, ки муттаҳидшавии Украина бо ИА алайҳи манфиатҳои худи ин кишвар мебошад, чун моли ин давлат бо моли давлатҳои аврупоӣ қобили рақобат нест ва дар бозори Аврупо ҷой пайдо карданаш амри маҳол аст.

Лекин муноқиша дар мавриди бурду бохти иқтисодии ин ё он кишвар ин танҳо қисми ба чашм намоёни яхкӯҳ (айсберг) аст, чун тарафайн аз мавқеи геостратегии Украина хуб огоҳ ҳастанд ва ба ин ё он тараф гузаштани ин кишвар чигуна ба мувозинати геополитикӣ, геостратегӣ ва геоиқтисодии Россия таъсир расонданашро хуб дарк мекунанд.

Киев
Киев
​Барои дарки сабаби сафарбар шудани Русия дар ин мубориза ба омилҳои гуногун назар афкандан зурур аст. Русияро бо Украина ба ҷуз аз риштаи таърихӣ инчунин риштаҳои этникӣ, динӣ, иктисодӣ ва ҳарбӣ мепайванданд. Дар Украинаи аҳолиаш тақрибан 50-миллиона зиёда аз 17% аҳолӣ рустаборанд ва қисми калони насрониён ба шохаи православӣ мансуб буда[1], бештари онҳо дар шарқи ин кишвар маскунанд, дар ҳоле ки аҳолии католикӣ дар манотиқи ғарби ин кишвар зиндагӣ мекунанд. Шояд мансубият ба шохаи динӣ низ дар ихтилофи ду қутб, яъне ғарб ва шарқ, нақши муҳим мебозад. Ҳангоме ки бисёре аз сокинони манотиқи ғарб дар сафи мухолифонанд, шарқиён бошанд, тарафдори Янукович ва ҷонибдори наздикшавӣ бо Русия мебошанд.

Ҳам дар содирот ва ҳам дар воридот бо Украина Русия ҷои аввалро мегирад (дар соли 2013, 25,6% содирот аз ҳаҷми умумӣ ба Русия ва 32,4% воридот аз Россия шудааст)[2]. Инчунин Русия қисми зиёди ба Аврупо гази содиркардаро тариқи Украина интиқол мекунад.


Харитаи Украина аз: http://www.kiev-ukraine-information.com/img/Kiev/maps/ukraine.gif
Харитаи Украина аз: http://www.kiev-ukraine-information.com/img/Kiev/maps/ukraine.gif
Сипас аз таърих маълум аст, ки аз асри 18 инҷониб Русия барои дастрасӣ ба баҳрҳои гарм ва амиқтар намудани нуфузи худ дар манотиқи Қафқози ҷанубӣ, Балканҳо ва шарқи наздик чолишҳои бисёре ба харҷ додааст ва барои ҳамин ҳам алайҳи империяву давлатҳои ғарбӣ ҷангидааст.

Ҳарчанд Русия ба баҳрҳои гарм дастрасӣ пайдо накунад ҳам, аз ин маромаш нагаштааст. Ҳангоми кашмакашиҳои хунини солҳои 90 дар Балкан такрори ибораи «Русия мӯзаҳояшро дар Уқёнуси Ҳинд мешӯяд» ва нақшаи вазорати дифои Русия ҳануз соли 2010 дар мавриди кушодани нуқтаҳои ҷойгиршавӣ дар оянда дар Тартус (Сурия), ҷазираи Сокотра (Яман) ва бандари Триполи (Либия), муҳимияти ин орзуи Русияро тайъид мекунад. Лекин Баҳори Араб, ки ба дигаргунии сиёсӣ дар ин манотиқ овард, ин нақшаҳоро зери шубҳа монд[3].

Як флоти ҳарбӣ-баҳрии Русия (дар умум Русия чор флот ва як флотилия дорад) дар Баҳри сиёҳ ҷойгир аст ва тақрибан 70% инфраструктураи ин флот дар нимҷазираи Крим мавқеъ дорад ва шумораи ҳайати он аз 25 ҳазор нафар иборат мебошад[4] (дар миқёс пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки калонтарин пойгоҳи Русия дар хориҷи кишвар мебошад, тақрибан аз 7,5 ҳазор нафар иборат аст)[5].

Гарчанд Русия бо Украина соли 1997 дар мавриди ҷойгиршавии флоти ҳарбии худ дар Крим ба муҳлати 20 сол муоҳида имзо карда бошад хам, Виктор Юшенко, баъд аз интихоб шудан ба мақоми президентӣ соли 2004, аз ҳузури пойгоҳи ҳарбии давлати хориҷӣ дар Украина изҳори нигаронӣ кард, ки ин масъала ба низои сиёсӣ миёни ду кишвар табдил ёфт.[6] Наздик шудани санаи анҷоми ин муоҳидаи 20 сола, ки то 28-ӯми майи соли 2017 эътибор дорад, шояд яке аз сабабҳои нимниҳонии гирдиҳамоиҳои Украина бошад.

Ҳенри Киссинҷер
Ҳенри Киссинҷер
Ҳенри Киссинҷер, мутахассиси машҳур дар соҳаи робитаҳои байналмиллалӣ ва собиқ мушовир оид ба амнияти миллии ИМА, 1-уми феврали ҳамин сол ҳангоми баҳсу мулоҳиза дар шабакаи CNN оид ба Украина иброз дошт, ки «Путин гирдиҳамоиҳои Украинаро чун машқи хотимавии (генеральная репетиция) ИМА пеш аз баромадан ба саҳнаи Маскав мебинад. Инчунин ба ақидаи Путин ин ҳаводис нияти амрикоиҳо дар иваз намудани сохти давлатӣ дар Русия аст. Азбаски гирдиҳамоиҳо ба бозиҳои Сочи наздиканд, ин воқеият ӯро бештар ба шубҳа меоварад. Ба фикри Путин, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ як бадбахтии бузурги таърихӣ мебошад. Бинобарин, бузургтарин бахш аз ин истиқлолият ин Украина бо аҳолии 50 миллионааш аст ва аз ҳамин сабаб ӯ наметавонад ба ин масъала бепарво бошад.»[7]

Збигнев Бжезинский, мутахассиси варзидаи соҳаи сиёсат дар асари «Тахтаи бузурги шохмот» кайд мекунад, ки Русия бидуни Украина империя Авросиёӣ шудан наметавонад, дар ҳоле, ки бо Украинаи ромшуда Русия ба империя табдил мешавад. Ба фикри ӯ, Украинаи мустақил чун пойгоҳи марзии ғарбӣ буда, барои аз нав барқароркунии СССР монеъа мешавад.[8]

Ҷордж Фридман, мутахассиси фанни лашкаркашӣ ва тадобири ҷангии амрикоӣ дар асари «Садсолаи оянда» дар хусуси Украина таъкид мекунад, ки «агар Ғарб ҳукмфармои Украина шавад, пас Русия қобили дифои марзҳояш дар ин минтақа намешавад… Бояд интизор шуд, ки дар ин шароит Русия тавоноии идоракунии Қавқозро аз даст медиҳад ва маҷбур мешавад, ки марзҳояшро аз Чеченистон ба шимолтар кашад.»[9]

Русия аз даст додани Украинаро на танҳо чун зарба ба манфиятҳои миллиаш мебинад, ҳамзамон, чуноне, ки дар боло зикр шуда буд, ба тарафи ғарб гузаштани Украина, чун ба ақидаи баъзе таҳлилгарон, ин қадами аввали пош хурдани Русия мебошад ва аз ин лиҳоз Русия тадобири гуногун аз қабили қарздиҳӣ, газ бо нархи арзон ва имтиёзҳои иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Киев
Киев
Имтиёзу таклифҳои Русия дар мавриди ҳозира дар миқёс бо таклифи ИА ва Сандуки Байналмиллалии Пул (IMF) барои ҳукумати ҳозираи Украина ҷолибтар шудаанд. Дар тӯли даҳ соли охир Украина миёни ғарбу Русия чун ба бозии арғамчин гоҳе ба як тараф ва гоҳе ба дигар тараф кашида мешавад. Бе шубҳа Русия нозукиҳо ва хатароти тазоҳуротҳои дар Украина бударо хуб дарк мекунад ва барои аз даст надодани мевқеи геостратегӣ, геополитикӣ ва геоиқтисодиаш тамоми қувваашро сафарбар мекунад.

Чуноне, ки Киссинҷер мегӯяд, «…Россияро зери ҳисси муҳосират мондан ба манфияти ИМА намебошад, акси ҳол онҳо маҷбур мешаванд ба чи қодир буданашонро нишон диханд.» Умедворем, ки дар ин мубориза дипломатия миёни тарафхо пируз мешавад ва Русия бо Ғарб ба қарори солим меоянд, акси ҳол ҷанги шаҳрвандӣ аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG