Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз чархҳои куҳна майдони футбол месозанд. ВИДЕО


Табдили партоб ба маҳсулоти нав

Бо истифода аз чархҳои корношоям як ҷавони тоҷик тиҷорате ба роҳ мондааст, ки ба гуфтаи ӯ, муҳити зистро аз олудашавӣ ҳифз ва хатари гирифторӣ ба бемориҳоро кам мекунад.

Қисме аз роҳравҳои рангоранг, ки майдончаҳои хурду бузурги бозии кӯдакон ва майдонҳои варзишии Душанберо оро медиҳанд, натиҷаи кори корхонаи “Муросо ЭКО” аст.

Дар ин корхона аз балонҳои корношоям барои обод кардани шаҳр ва бозии бехатари кӯдакон васоили зарурӣ месозанд. Раҳбари корхона Акобири Содиқҷон 28 сол дорад. Соли гузашта қабл аз таъсиси корхона, таҳқиқе анҷом дод, ки натиҷааш нигаронкунанда буд.

Таҳқиқи ӯ муайян кардааст, ки 70 дар сади балонҳои корношоям ба ҷойи ангишт дар корхонаҳои оҳакпазӣ сӯзонида мешаванд. Аз дуди ғализи чархҳои резинӣ сокинони атрофи корхонаҳо нафас мекашанд, ки ба сиҳатии онҳо зарар мерасонад.

Акобири Содиқҷон
Акобири Содиқҷон

“Балони мошин аслан дар корхонаҳои бузурги оҳакбарорӣ истифода мешаванд. Мо бе сӯзонидан аз як маҳсулот як маводи куллан дигар мебарорем, ки безарар аст. Аввал мо балонро гирифта коркард мекунем аз он хока месозем. Мо резинро коркард карда,0 ба дигар корхонаҳо месупорем” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Аз хокаи резин, майдонҳои варзишӣ ва дигар васоил месозанд. Дар як майдончаи варзишӣ то 6 тонна хокаи резин сарф мешаванд. Қаблан ин маҳсулотро ширкатҳои дохилӣ аз хориҷ ва бо пули зиёде мехариданд. Акобир мегӯяд, бо таъсиси корхона, талош кард, на танҳо аз олудагии муҳити зист ҳифз, балки аз берун рафтани асъори хориҷӣ пешгирӣ шавад.

“Кӯшиш дорем пуле, ки барои харидории резин ба хориҷ меравад, дар дохил бимонад. Мехоҳем, барои сохтани майдончаҳо аз маҳсулоти ватанӣ истифода шавад” , мегӯяд, ӯ.

Дар Тоҷикистон аз чархи мошин майдони футбол месозанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Тиҷорати нав ва орӣ аз "олудагӣ"

Акобири Содиқҷон, чанд соли ахир дар Амрикову Русия ва Туркия кору таҳсил кардааст. Идеяи ба роҳ мондани тиҷорат бо истифода аз партобу балонҳои корношоямро аз ин кишварҳо овардааст. Қабл аз оғози кор фикр кард, ки кадом роҳеро пеш бигирад, то наву сердаромад ва дар айни замон безарар бошад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар дигар кишварҳо тиҷорат бо истифода аз партобу чархҳои корношоям пеш рафтааст. Мардум кӯшиш мекарданд, ки барои ҳифзи муҳити зист ба ин корхонаҳо кӯмак кунанд ва партобу чархҳои корношоямро оварда месупориданд. Ман ҳам фикр кардам, ки чаро мо чунин корхона надошта бошем ва фикри экологияро накунем?”

Ҳосили кори "Муросо ЭКО"
Ҳосили кори "Муросо ЭКО"

Дар оғози кор як дона балонро аз 8 то 10 сомонӣ мехариданд. Ҳоло нархи балонро рақибонашон, корхонаҳои оҳакпазӣ боло бурдаанд ва нархи як чархи куҳнаи мошин ба 18 сомонӣ сомонӣ расидааст.

Ба қавли Акобир корхонаи “Муросо ЭКО” қодир аст, дар як сол ҳазор тонна чархи корношоямро коркард кунад. Аммо ба далели ин, ки чархҳои фарсуда ба ҷойи ангишт истифода мешаванд, онҳо дар дастрасии чархҳои куҳна мушкил доранд.

Афзоиши талабот ба маҳсулоти корхона

Талабот ба маҳсулоти корхонаи “Муросо ЭКО” зиёдтар мешавад, чун солҳои дар Душанбе сохтмони майдонҳои хурду бузургӣ варзишӣ ва фароғатӣ зиёд шудааст.

Файз Давлатов, корманди корхонаи “Муросо Эко” мегӯяд, масъулияти ороиш ва рӯйпуш кардани фарши аксари ин майдонҳо ба дӯши онҳо аст. Майдончаи боғи Алишери Навоӣ яке аз намунаҳои кори корхонаи тозатаъсиси Акобир аст.

Назаралӣ Исоев, як сокини Душанбе, ки фарзандони худро барои бозӣ ба боғ оварда буд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ҳама муҳим роҳравҳои резинӣ барои кӯдакон бехатаранд. Мо ҳам метавонем, як кунҷи боғ нишаста онҳоро тамошо кунем.”

Дар Тоҷикистон саноати коркарди партоб ва ё истеҳсоли мол он рушд наёфта аст. Чархҳои резиниро маъмулан корхонаҳои оҳакпазӣ истифода мекунанд, ки дуди сиёҳу ғализи нафасгиркунанда дорад.

Соли 2017 пас аз шикояти мардум аз дуди ғализ, дар ноҳияи Хуросон оҳакпазиро дар як корхона манъ карданд. Идораи ҳифзи муҳити зисти Хатлон соҳибони хумдонҳо ва корхонаи оҳакпазиҳо барои зарар ба муҳити зист 700 сомонӣ ҷарима ҳам кард.

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG