Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ: "Тағйироти иқлимӣ муҳимтарин мушкил дар пешорӯи ҷаҳон аст"


Антонио Гутерриш, дабири куллии СММ рӯзи душанбеи 3-декабр дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид барои муқобила бо тағйироти иқлимӣ дар Лаҳистон аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки масъалаи гарм шудани курраи заминро ҷиддӣ бигиранд ва дар ин замина чораҷӯӣ кунанд. Тибқи гузоришҳо, дабири куллии СММ гуфт, "тағйироти обу ҳаво муҳимтарин мавзӯе аст, ки мо бо он рӯбарӯ ҳастем."

Намояндагони бархе аз қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ки мизони олудагии ҳаво дар он кишварҳо аз ҳама бештар аст, дар нишасти Лаҳистон ҳузур надоранд ва ҳукумати Амрико қасд дорад аз аҳдномаи иқлимии Порис хориҷ шавад.

Вай дар идома гуфтааст, "бо вуҷуди инки, шоҳиди таъсироти вайронкунандаи тағйироти обу ҳаво ҳастем, ки боиси ҳараҷ ва мараҷ дар саросар шудааст, аммо ба андозаи кофӣ кор намекунем ва ба андозаи кофӣ зуд ҳаракат намекунем, то монеи рух додани тағйироти фоҷеабор

шавем."

Конфронси Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо тағйироти иқлимӣ, ки ду ҳафта тӯл хоҳад кашид, рӯзи душанбеи 3-юми декабр ва бо ширкати даҳҳо тан аз раҳбарони ҷаҳон дар шаҳри Катовисеи Лаҳистон оғоз шуд.

Тағйироти иқлимӣ "бузургтарин хатар дар ҳазорон сол" аст

Дар ҳамин замина Девид Аттенборо, мустанадсози маъруф ва фаъоли муҳити зисти бритониёӣ аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки бо "бузургтарин хатар дар ҳазорон сол", мубориза кунанд.

Давид Аттенборо, ки ба хотири таҳияи мустанадҳои фаровоне дар мавриди табиат ва ҳаёти ҳайвонот шӯҳрат дорад, ахиран дар филми ҳуҷҷатие бо унвони "Сайёрае обӣ -- қисмати дувум", таъсироти вайронгари олудагии муҳити зист ба уқёнусҳоро баррасӣ кардааст.

Вай, ки ба унвони яке аз "намояндагони мардум" дар ин конфронс ширкат дорад, гуфт "раҳбарони ҷаҳон, шумо бояд раҳбарӣ кунед. Бақои тамаддунҳои мо ва табиате, ки ба он вобастаем, дар дасти шумост."

Конфронси Лаҳистони идомаи ҳамоиши Порис

Пажӯҳишҳои ахир нишон медиҳанд, ки мизони гармоиши замин аз он чӣ дар аҳдномми иқлимии Порис дар соли 2015 зикр шуда буд, бештар аст. Конфронси Лаҳистон муҳимтарин нишасти СММ дар заминаи тағйироти иқлимӣ аз он замон мебошад ва ҳадафи он, муайян кардани муқаррарот барои иҷрои аҳдномаи иқлимии Порис аст.

Аммо ба назар мерасад, ки Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз натавонистаанд дар ин замина ба тавофуқ бирасанд. Намояндагони бархе аз қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ки мизони олудагии ҳаво дар онҳо аз ҳама бештар аст, дар нишасти Лаҳистон ҳузур надоранд ва ҳукумати Амрико қасд дорад аз аҳдномаи иқлимии Порис хориҷ шавад.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, музокироти фаннии ҳайатҳои намояндагии ҳудуди 200 кишвари ҷаҳон ба ҳадафи даст ёфтан ба тавофуқ, аз рӯзи якшанбе оғоз шуд. Муовини вазири муҳити зисти Лаҳистони ва раиси ин конфронс гуфт, бидуни муваффақият дар конфронси Катовисе аҳдномаи иқлимии Порис комёб нахоҳад шуд, чун дар он аҳднома фақат ҳадафҳо ва на равишҳои дастёбӣ ба он, мушаххас шудааст.

XS
SM
MD
LG