Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро камбағалро дар болои уштур ҳам саг мегазад? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон дар бораи камбизоатӣ масал зиёд аст, вале яке аз маъруфтарини онҳо ин аст, ки "Камбағалро дар болои уштур ҳам саг газидааст".

Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, то масали мазкурро шарҳ бидиҳанд. Яке аз онҳое, ки Радиои Озодӣ бо ӯ дучор омад, файласуфи шинохта Комил Бекзода буд ва масали қадимиро чунин шарҳ дод:

"Аз он ки камбағал аст ва аз назари равонӣ, ҷисмӣ, фикрӣ, ахлоқӣ дар мавқеи бисёр маҳдуд қарор гирифтааст, дар болои шутур ҳам бошад, ҳамон ҳолат дар вуҷуди ӯ ҳаст. На ин ки саг, балки ҳар махлуқи дигар ҷасорат дорад, ба тарафи вай бо назари кам бингарад."

Як ҷавоне, ки Радиои Озодӣ аз ӯ маънии масалро пурсид, дар ҷавоб чунин гуфт: “Масалан хизмати ҳарбӣ. Ҳама бачаҳои камбағал мераванду хизмат мекунанд."

Чаро камбағалро дар болои шутур ҳам саг мегазад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Дар Тоҷикистон масали мазкурро умдатан замоне ба кор мебаранд, ки фарди камбизоате ё ба мусибат дучор шавад ва ё кораш омад накунад. Аз ин рӯ, яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфт, ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки на фақат камбизоатҳо, балки сарватмандонро ҳам дар болои уштур саг бигазад.

Вай гуфт: "Мусибат ба сари ҳама меояд, ба сари бойҳо ҳам. Агар ба сари камбағал омад, пул ки надорад, барои ҳамин мегӯянд, камбағалро дар болои шутур сагча ҳам мегазад."

Яке аз мусоҳибони дигари Радиои Озодӣ масалро ба қавли худаш мутобиқ ба замони имрӯз шарҳ дод ва гуфт: "Камбағал, ки "тағо" (воситае барои иҷрои кор) надорад, кораш барор намегирад."

Раҳгузари дигаре масали мазкурро ба онҳое рабт дод, ки ба қавли ӯ истеъдод доранд, вале бинобар надоштани имкониятҳои молӣ ба ҷое, ки мехоҳанд, намерасанд.

Мусоҳиби охирини Радиои Озодӣ дар ин назарпурсӣ баъди шунидани ин суол ба андешаи амиқ рафт ва бо сукути маънидоре ба ин суол посух надод.

Дар Тоҷикистон бино ба оморҳои расмӣ тақрибан 30 дар сади мардум камбизоат ба ё ба қавли мардум камбағал ба ҳисоб мераванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG