Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсор: "Ҳам ғам мехӯрам ва ҳам ғам мехӯрад маро"


Гулрухсор зимни сафараш дар шаҳри Прага
Гулрухсор зимни сафараш дар шаҳри Прага

Гулрухсор, яке аз адибаҳои тавонои тоҷик, ки имрӯз 70-сола шуд, мегӯяд, соли 2017 соли ӯ буд, чун корҳоеро, ки дилаш мехост, анҷом дод. Дар ин рӯз Радиои Озодӣ бо Гулрухсор сӯҳбате дошт ва аз шеъру зодрӯзу таҷлили зодрӯз дар замони “танзимҳо” пурсид.

Радиои Озодӣ: Ҳабдаҳсолагӣ муборак. Хуб, дар кадом ҳолу ҳаво зодрӯзатонро таҷлил доред?

Гулрухсор: “Ҳабдаҳсолагӣ? (Механдад)Ташаккур! Дар ҳолу ҳавои бисёр хуб. Соли 2017 соли ман буд. Ба ҳар ҳол он корҳои эҷодие, ки дар дилам буд, анҷом додам. Аксари дӯстҳое, ки дилам мехост, дар зодрӯзам бошанд, ин ҷо қарор доранд. Аз мамлакатҳои Арабу Аврупо ва аз дигар кишварҳои Осиё маро пайдо карда, табрик мекунанд. Мехоҳам бигӯям, ки эҷодиёти чизи хусусӣ буда наметавонад, чизи ҷамъиятӣ ҳаст.

Ҳарчанд шоир мегӯяд, ки шеърро барои худам менависам, ин гап он қадар дуруст нест. Бубинед, аввалин чизе, ки пеш аз табрик мегӯянд, як мисра шеъри ман аст. Ҳамчун одаме, ки нафси аммора надорам, яъне нафс надорам, аз ҳиҷ кас чизе тамаъ надорам. Онҳое, ки барои ман азизанду дӯстанд, ҳамааш дар гирди дастархони ман ҳастанд. Се дастархон сохтем, хона ҳам калон аст. Хонаи дуошёна, ки аз замони Шӯравӣ мондааст. Ҳама ҷамъанд ва бисёр хурсанд ҳастам.

Радиои Озодӣ: Аз се дастрахону меҳмони зиёд гуфтед, ба ёдам қонун “Дар бораи танзими расму анъанаҳои миллӣ” омад, ки таҷлили зодрӯз бо даъвати меҳмонони зиёдро манъ кардааст. Аз ин нигоҳ омадани меҳмони зиёд шуморо нигарон накард?

Гулрухсор: “Не, ҳар танзиме ҳаст, аз дари хонаи ҳар шахсият бояд берун амал кунад. Ман қонуни танзимро дар дохили хонаам роҳ намедиҳам. Ман як қонун дорам. То вақте ҳастам, мехоҳам, инсон бошам ва чун инсон зиндагӣ кунам. Ин қонун берун аз хонаи шумо низ бояд амал кунад. Манзили шахс дахлнопазир аст. Мо он қадар хонаҳои калоне надорем, ки одами бисёр даъват кунем. Дар хонаи ман сад кас меғунҷад, лекин аввал бояд дар дилам биғунҷад. Дар дилам сад кас дӯст надорам, барои ҳамин дар гирди дастрахонам ҳама меғунҷад.

Радиои Озодӣ: Кадом маҳфилу чорабиниҳои расмӣ ба муносибати зодрӯзи шумо низ дар назар аст?

Гулрухсор: "Дирӯз дар гимназияи рақами 1, гимназия барои бачаҳои боистеъдод будам. Аз он ҷо бисёр хурсанд омадам. Шеърҳои бисёр сангину ватанпарваронаю миллии маро он ҷо хонданд. Ба директори мактаб гуфтам, ки чаро ба бачаҳо ин қадар шеърҳои сангинро додед, масалан, “миллати ман миллати хуршед”. Сад қасам хурд, ки бачаҳо худашон интихоб кардаанд. Яъне, оҳиста-оҳиста мардуми мо бефармону бефармоиш ба асли худашон бармегарданд. Ҳатто бачаҳо медонанд, ки чиро интихоб кунанду чиро бихонанд. Ба гап не, ба амал.

Масъулони калон шояд баҳор дар ягон ҷойи калон, ки ҳазор ду ҳазор нафар бубарад, ягон иқдом кунанд. Чун ба ҳар ҳол 50 сол дар ин мамлакат ман сақич хоида нагаштам. Тамоми зиндагиам аз он иборат аст, ки дар интернат, дар миёни чандсад бача калон шудам, бояд ин ҳаққу ҳуқуқ, ишқу муҳаббатро баргардонам. Ман хушбахттарин одамҳое ҳастам, ки то ҳамин рӯз бо неки ё бо бадӣ ҳар рӯз номамро мегиранд.

Дӯсти азизам, шодравон Лоиқ Шералӣ мегуфт, аз он метарсам, ки дар зиндагиам шеърам пеш аз худам намирад. Имрӯз бо чашми худам мебинам, ки на худам мурдааму на шеърам. Ба ҳар ҳол эҳсос мекунам, ки як қишри ҷамъият ба худаму шеърам ниёз дорад. То зиндаам дар ҳамин хидматам. Бо хоҳиши дили худам, бо ишқи худам бидуни ҳиҷ кадом молу сарват гирифтан."

Радиои Озодӣ: Аз мақомҳои расмӣ низ касе шуморо табрик кард?

Гулрухсор: “Дар сатҳи расмӣ-давлатӣ маро касе на табрик кардааст ва на худам барои баргузории кадом маҳфил муроҷиат кардаам. Рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва “Садои шарқ”, ки дӯстонам он ҷо кор мекунанд, хеле хуб табрик карданд. Ин сипос ба ҳамкории 50-солаи ман бо онҳо буд, ки ҳоло ҳам давом дорад.

Дар сатҳи давлатӣ на табрик карданд, на ба чизе пешниҳод карданд. Ин ҳам хоҳиши худи ман буд. Вақте аз ман пурсиданд, ки чӣ кор кунем, гуфтам, ҳеҷ. Барои чӣ одам вақте як касро дӯст медорад, ватанашро дӯст медорад, як корро барои дилаш мекунад, ҳукумат онро бараду дар стадион табрик кунаду телевизиону холодилник диҳад. Ман ҳамаи ин чизҳоро дар давраи кӯдакиам доштам, ниёз надорам.

Радиои Озодӣ: Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро”. Ин мисраро солҳо пеш навиштед. Аз он вақт то ҳол чизе тағйир кардааст?

Гулрухсор: "Ҳоло ҳам ғам мехӯрам ва ҳам ғам мехӯрад маро. Медонед, ин ба ягон сохту сохтору замон дахл надорад. Ду чизро ман дарк кардам. Дар сайёра вақту соату рӯзи таваллуд вуҷуд надорад. Акнун чӣ, дигарон нишинанду ҳисобу китоб кунанд, ки Гулрухсор Сафиева чанд сола шуд. Дигар кор надоранд? Инро инсонҳо барои худашон баровардаанд. Дуюм ин ки марг вуҷуд надорад, чун ки инсонро Худо худогуна офаридааст. Инсон мирад, офаридгор барош мемирад.

Офаридгор, ки намиранда ҳаст, инсон ҳам намиранда ҳаст. Дар масъалаи ғам. Ғам ин як навъи худшиносӣ ҳаст. Вақте, ки шумо поятонро дар як чуқурӣ мемонеду пешпо мехӯред, ҳолататон дигар мешавад. Зиндагӣ ҳар лаҳза пешпо хӯрдан аст. “Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро” ин гапи танҳо ман не, гапи ҳама ҳаст. Ватани мо дорулфунуни эҳсос аст. Дар ин ватан бояд мо ҳам хуб бихонем ва ҳам хуб кор кунем. Ғам дигар як ҷузъи зиндагии инсон аст. Ҳама онро дорад. Шодию ғам ба фикрам баробаранд, аммо чун ғам талх аст, бораш вазнин аст, мо бештар онро эҳсос мекунем.

Шодӣ ҳам зиёд аст. Инсони озод аз ҳар чиз метавонад, хурсанд шавад. Дирӯз вақте дар ҳамон гимназия будам, дидам, ки дар ду сол бачаҳо фарқ кардаанд, хурсанд шудам. Ду сол пеш дар ёдбуди зиндаёд Лоиқ он ҷо будам. Бачаҳо аллакай шеърро худашон интихоб мекунанд. Воқеан, Тоҷикистони мо обод мешавад, гул-гул мешукуфад. Танҳо кӯр бошӣ, ки ин чизро набинӣ. Пешравӣ дар як рӯзу ду рӯз намешавад. Ҳар касе метавонад барои ободӣ кор кунад, кор кунад. Ман шоири ишқам, шоири ишқ мемонам. Ҳофизи Шерозӣ вақте фоҷиаи Мансури Ҳалоҷро тасвир мекунад, мегӯяд:

Гуфт он ёр к-аз ӯ гашт сари дор баланд,

Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард.

Дар як ватане, ки чаҳор фасл дораду чаҳор фаслаш одамро дигар мекунад, дар як ватани нозанин, дар як ватани бисёр ва бисёр шоирона набояд ғам ба шодӣ пирӯз шавад. Аслан, дар тобистон дар мо гул мекоранд. Акнун, ман ба фасли гулкорӣ расидам ва чизҳои асосиамро бояд бигӯям.

Радиои Озодӣ: Мардум мегӯянд, Гулрухсор дар рафтору кирдор ва чеҳра тағйир накард. Нотарсу ошкоргӯ монд. Аслан, бо гузашти сол инсонҳо тағйир мекунанд, чаро шумо тағйир накардед?

Гулрухсор: Яъне, гуфтаниед, ки руйҳоям ожанг надорад? Як чиз бароятон мегӯям. Одам вақте барои дилаш кор мекунад, барои халқу ватанаш кор мекунад, барои кисааш кор намекунад, Гулрухсор мемонад. (Механдад) Аҷиб ин ки, дар рӯзи зодрӯзам ҳама аз ман узр мепурсанд, дар пеши ман худашонро гунаҳкор эҳсос мекунанд. Гуё онҳо гунаҳкор бошанд, ки ман 70 сола шудаам. Аҷиб аст. Ман баръакс, бо ифтихор мегӯям, ки 70 сола шудаам. Дар ин зиндагие, ки аз сар гузаронидаам, ҳар рӯзаш бароям 70 сол буд. Мехоҳам бигӯям, ки дигар шудани одам аз он бад аст, ки вақте дилаш як чиз мегӯяду забонаш хушомаду дигар чиз. Шукри Худо ин чизҳоро надорам.

Радиои Озодӣ: Орзуе, ки мехоҳед, амалӣ шавад, кадом ҳаст?

Гулрухсор: “Китоби асосие, ки 50 сол ба хотири он навиштаму навиштаму нанавиштамаш, мехоҳам ҳамонро навиштанашро оғоз кунам. Номаш “Зиндагии як зиндагӣ ҳаст”. Ин бо ҳамон шеърҳои давраи кӯдакии ман оғоз мешавад:

Зиндагӣ дарси саводи мактаби қишлоқ нест,

То аз ӯ бигрехта, бар кӯҳ гулчинӣ равам.

Чун гурехта наметавонам, ки ба кӯҳ гулчинӣ равам, дар ҳамин ҳамвориҳои шаҳр, дар куҷое ҳастам, мехоҳам китоби “Зиндагии як зиндагӣ”-ро нависам. Умедворам, ки офаридгор бароям умри боқӣ медиҳад. Лекин бисёриҳо интизор набошанд, ки онҳо дар ин китоб бо симои нозанин ҷилва хоҳанд кард. Ман дурӯғ намегӯям ҳеҷ вақт. Ин китоб насриву назмӣ, яъне саъдиёна таҳия хоҳад шуд.

Гулрухсор: Медонистам маро мекушанд (Қисми 7)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00

Шарҳи мухтасари ҳол: “Гулрухсор дар аҳди шӯравии собиқ ва рӯзи 17-уми декабри соли 1947 ба дунё омадааст. Гулрухсор факултаи филологияи Донишгоҳи миллиро хатм карда ва ҷавонтарин (22-сола) узви Иттиҳоди нависандагони Шӯравӣ ва вакили мардумии порлумони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Шеърҳои ӯ ба англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ, чехӣ ва забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Гулрухсори Сафӣ аз шумори адибони сахтгӯ ва ошкорбаёни тоҷик аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1990 як муддат дар хориҷ аз кишвар ба сар бурданд.

XS
SM
MD
LG