Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгор, иқтисоддон ва ҳуқуқшинос. Таркиби порлумони оянда чӣ гуна хоҳад буд?


Порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонии Радои Озодӣ
Порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонии Радои Озодӣ

Интизор меравад, ҳайати нави порлумони Тоҷикистон лабрез аз намояндаҳои соҳаҳои гуногун ва мансабдорони пешин шавад. Бархе аз коршиносон инро барои таҳияи лоиҳаи қонунҳо беҳтар медонанд. Бархеи дигар мегӯянд, дар ҳоле ки порлумон амалан як ниҳоди вобаста аз ҳокимияти иҷроия аст, сатҳу сифати ҳайат чизеро тағйир нахоҳад дод.

Рӯйхатҳои ҳизбӣ - кӣ ва чикора?

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯйхати беш аз 70 номзади пешниҳодкардаи ҳафт ҳизби сиёсиро барои иштирок дар интихобот аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ тасдиқ кард. Инҳо ҳанӯз сабтином нашудаанд ва маълум нест чӣ қадарашон вориди сабқати интихоботӣ мешаванд. Аз рӯйхатҳои ҳизбӣ бояд 22 нафар вориди порлумон шаванд. 41 вакили дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ба порлумон роҳ хоҳанд ёфт.

Рӯйхатҳои ҳизбӣ дар сатҳҳои гуногун фарогири тавозуни ҷинсиятӣ (гендерӣ) аст ва дар баробари насли бузургсол талош шуда, ки ҷавононро ҳам ҷалб кунанд. Шумораи бештари мансабдоронро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ пешниҳод намудааст. Дар рӯйхатҳои аҳзоб аз ҳама бештар намояндаҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, иқтисод ва ҳуқуқшиносҳо мебошанд.

Ҳизби аграрӣ

Мувофиқи маълумоти Кумисюни марказии интихобот аз Ҳизби аграрӣ номзадии 13 нафар: ду зан ва 11 мард пешниҳод шудааст. Дар рӯйхат раиси ҳизб Рустам Латифзода, вакили ҳозираи порлумон бо тахассуси муҳандиси об, Икром Фазлиддинов – муҳандисии бахши ҳайвонот, Зайниддин Сафаров – сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Мирзоанвар Аҳмадов – иқтисоддон, Бахтиёр Аҳмадзода – ҳуқуқдон, Ҷонона Ҳайдарзода – омӯзгор, Нуралӣ Ниёзов – муҳандисии об ва иқтисоддон, Рупия Сафарова – муҳандисии об ва Зиё Раҳмон – заминшинос қарор доранд.

Ҳизби демократ

Аз Ҳизби демократи Тоҷикистон барои вакилӣ номзадии чор нафар: се марду як зан таъйид шудааст: раиси ҳизб Саидҷаъфр Усмонзода ва муовини аввалаш Диловар Холов бо тахассуси иқтисод, омӯзгор Таваралӣ Зиёзода ва вакили мудофеъ Зуҳро Мирзоева.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон номзадии 7 мардро пешниҳод кардааст, ки аксаран иқтисоддон ҳастанд: Раиси ҳизб Рустам Қудратов – иқтисоддон ва зироатшинос (агроном), Машраб Файзуллоеву Ғиёсиддин Ашуров – иқтисоддон, Ҷаҳонафрӯз Қурбонзода – иқтисоддон, Зафар Ализода – технолог, Абдулатиф Раҳимов – иқтисоддон ва ҳамчунин ҳуқуқдон Баҳодур Раззоқов.

Ҳизби коммунист

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 6 номзадро пешниҳод кардааст, ки ду зан ва чаҳор мард ҳастанд. Дар ин рӯйхат нақши асосиро намояндаҳои бахши омӯзгорӣ доранд. Дар рӯйхат раиси Меъроҷ Абдуллоев бо тахассуси муаллими забон ва адабиёти рус қарор дорад ва баъдан Заррагул Мирасанова – омӯзгори риштаи физика, Қурбонҷон Мирзоев – омӯзгори риёзӣ, Ҳабибулло Ёров – рӯзноманигор, Ҳикматулло Ҳамидов – омӯзгор ва ҳамчунин Азизҷон Раҳмонов – устоди риштаи таърихи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҷой гирифтаанд.

Ҳизби сотсиалист

Аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 8 нафар пешбарӣ шуда буд, ки се нафар номзадии худро пас гирифтанд ва панҷ нафар – се марду ду зан – монд.

Дар рӯйхат нахуст номи раиси ҳизб ва вакили маҷлис Абдуҳалим Ғаффоров, баъдан Маъруфхуҷа Юсуфов – иқтисоддон ва корманди Оҷонсии омор дар вилояти Суғд, омӯзгор Зариф Наимов, муаллими риштаи забони англисӣ Давлатхоним Саидошурова, корманди ҳизбӣ Наргиза Бобоҷонова ва омӯзгор Уғул Қобилова ҷой доранд.

Ҳизби сотсиал-демократ

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон номзадии 8 нафарро пешбарӣ намуда буд, вале тавре дар ҳизб гуфтанд се номзад ба далели гаравпулии интихобот маҷбур шудаанд аз он даст бикашанд. Дар натиҷа номзадии 5 нафар – як зан ва чаҳор мард пешниҳод шуд.

Дар рӯйхати ин ҳизб аввал номи раиси ҳизб Раҳматилло Зоиров, сипас Шокирҷон Ҳакимов – доктори илми ҳуқуқ, ҳуқуқдон Маҳмурод Одинаев, муаллими забони англисӣ Қиёмиддин Авазов ва омӯзгори забони русӣ Нигина Шоназарова қарор доранд.

Ҳизби халқии демократӣ

Тибқи анъана шумораи бештари номзадҳоро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешниҳод кардааст – 27 номзад, 13 зан ва 14 мард. Зоҳиран ҳизб талош дорад на танҳо тавозуни ҷинсиятиро риоят кунад, балки фаълона талош дорад ба мақоми қонунгузорӣ намояндаҳои ҳокимияти иҷроияро низ бифристад.

Дар садри рӯйхати ҳизб муовини аввали раиси ҳизб Саймурод Фаттоҳзода қарор дорад. Ҳамчунин дар ин рӯйхат дабири Шӯрои амният Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини дувуми ҳизб Раънохон Бобоҷониён, вакилони порлумон Насиба Содиқӣ ва Дилрабо Мансурӣ, вазири пешини меҳнат ва муҳоҷират Сумангул Тағойзода, раиси пешини Кумитаи занон Идигул Қосимзода, муовини раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло, муовини раиси Кумитаи забону истилоҳот Саодатшо Матробиён ва ҳамчунин мансабдорони мансабдорон низ мебошанд.

Ба ҷуз аз рӯйхати ҳизбӣ, ҳамаи ҳизбҳо тасмим доранд номзадҳои худро аз ҳавзаҳои якмандатӣ низ пешбарӣ кунанд.

Фоидааш кадом аст?

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён мегӯяд, ҳузури намояндаҳои бахшҳои гуногун дар раванди кори порлумони оянда, ҳам дар бахши сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, таъсири мусбат хоҳад гузошт. “Вақте дар бораи таҳавуллоти ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ суҳбат мекунем, пас, бешубҳа ба ин назарем, ки агар дипломатияи порлумонии мо ба ҳайси абзори татбиқи манфиатҳои миллӣ баромад кунад, он метавонад барои ҳал ё дарёфти роҳи ҳалли силсилаи масъалаҳо низ мусоидат кунад”, -- таъкид мекунад коршинос.

Дар ҳоли ҳозир аз 7 ҳизби расман номнависшуда, 6 ҳизб намояндаҳои худро дар порлумон доранд. Аз 63 вакил 51 нафар аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошанд. Занҳо 12 ҷой ё 17,5 %-ро дар порлумони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо узви ҳизби ҳоким ҳастанд.

“Ҳайат аҳамият надорад”

Мунтақидони ниҳоди қонунгузорӣ ҳамеша ба набуди мубоҳисаҳо бар сари масоили муҳим дар он таъкид мекунанд. Вале, тавре дар яке аз мусоҳибаҳояш вакили порлумон Абдуҳалим Ғаффоров гуфта буд, баҳсҳо замоне сар мезананд, ки агар дар қонун кадом мавридҳои номуайяне вуҷуд дошта бошад. “Аз он ҷо ки ин нуқсҳо дар марҳилаҳои ибтидоӣ бартараф мешаванд, зарурат ба баҳсҳо намемонад,” – гуфта буд ӯ.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Хабарнигор ва шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов ба ин назар аст, ки “дар низоми ҳозир бартарӣ на ба тавонмандӣ, балки ба вафодории чеҳраҳо дода мешавад.”

“Ин тахассусҳо ҳеч аҳамият надоранд, зеро вакилон мисли пештара талаботи вазорату идораҳоро иҷро хоҳанд карду бас. Вале агар дар воқеъ ин як порлумони мардум мебуд, пас, дар он ҷо ба ҳузури иқтисоддон ва ҳуқуқшиносҳои варзида ниёз буд”, -- мегӯяд Мирсаидов.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад. Ҳоло марҳилаи сабтиноми номзадҳо ба интихобот аст ва то 9-уми феврал идома хоҳад кард.

То кунун ҳеч интихоботе дар кишвар аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ шаффоф ва демократӣ эътироф нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Чин интихоботҳои гузашта дар кишварро озоду демократӣ арзёбӣ кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG