Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дигарбора кишвари худкома хонданд. Мақомот розӣ нестанд


Бинои Кохи Миллат

Таҳлилгарони мустақил ва баъзе афроди наздик ба долонҳои ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба гузориши ахири The Economist Intelligence Unit, яке аз шохаҳои пажӯҳишии маҷаллаи муътабари бритониёии "Экономист", ки Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои худкома қарор додааст, назарҳои гуногун доранд.

The Economist Intelligence Unit бо нашри Шохиси демократия дар кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистонро дар миёни 167 кишвар дар мақоми 159-ум ва дар радифи кишварҳои худкома қарор дод. Шохиси мазкур бар асоси назархоҳиву арзёбиҳои коршиносон ва бо назардошти панҷ шохис:

  • раванди интихобот ва гуногунандешӣ;
  • фаъолияти ҳукумат;
  • ширкати мардум дар равандҳои сиёсӣ;
  • фарҳанги сиёсӣ
  • озодиҳои шаҳрвандӣ

таҳия шудааст.

The Economist Intelligence Unit дар пажӯҳиши тозаи худ дар радифи Тоҷикистон, ҳамчунин Русия, Озарбойҷону Белорус, Туркманистону Узбекистон ва Қазоқистонро кишварҳои ғайридемократӣ ва худкома арзёбӣ кардааст.

Тоҷикистон бар асоси арзёбиҳои нави Шохиси демократия дар кишварҳои ҷаҳон, ки ҳамасола аз ҷониби ин созмони таҳқиқотии бритониёӣ анҷом мешавад, дар миёни 167 кишвар ду зина аз Туркманистон болотар қарор гирифтааст. Дар ин феҳрист Узбекистон дар ҷойи 157-ум, Озарбойҷон дар мақоми 147-ум, Белорус дар зинаи 141-ум ҳастанд.

Бахтовар Сафарзода
Бахтовар Сафарзода

Бахтовар Сафарзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон вазъи озодиҳои сиёсиро дар Тоҷикистон хуб арзёбӣ кард. Вай рӯзи 23-юми январ гуфт, "арзёбиҳои созмонҳое чун The Economist Intelligence Unit, ки аз дур истода гап мезананд, наметавонад ба воқеият наздик бошад".

"Бубинед, ҳафт ҳизби сиёсӣ бе маҳдудият номзадҳояшонро ба интихоботи порлумонӣ пешбарӣ намуда, вориди маъракаи интихоботӣ шуданд, ки ин аз вазъи хуби сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад," -- афзуд ӯ.

Ин узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иброз дошт, ки феълан бо арзёбиҳои The Economist Intelligence Unit пурра ошноӣ надорад ва наметавонад сари он беш аз ин суҳбат кунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба фазои сиёсии кишвар, арзёбиҳои созмонҳои хориҷӣ дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон, "вазъи бади озодиҳои сиёсӣ дар кишвар бидуни шак воқеият доранд".

Ҳамсуҳбати гуфт, дар мавриди муайян намудани вазъи озодиҳои сиёсӣ усули омӯзиши афкори ҷамъиятӣ ва баррасии он аз сӯи созмонҳое ба мисли The Economist Intelligence Unit ҷиддӣ сурат гирифта, чунин созмонҳо арзёбиҳои худро илман асоснок мекунанд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

"Бино бар ин, ягон шакку шубҳа нест, ки хулосаи онҳо дар мавриди Тоҷикистон комилан дуруст аст. Дар Тоҷикистон зоҳиран тадбирҳое андешида шудааст, ки аломатҳои режими демократиро ба вуҷуд овардаанд. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул шудаанд, таъсиси ҳизбҳову баргузории интихоботҳоро ташкил намудаанд. Вақте воқеиятҳои имрӯзро ба назар мегирем, масалан, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон, интихоботҳои ношаффоф, бадтар шудани фазои иттилоотии кишвар ва таъқиби дигарандешон, маълум мешавад, ки Тоҷикистон воқеан ҳам давлати худкома аст. Солҳои ахир аломатҳои давлати тоталитарӣ дида мешавад," -- шарҳ дод ӯ.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик ҳам мегӯяд, арзёбиҳои пажӯҳиши The Economist Intelligence Unit ба воқеияти муҳити сиёсии Тоҷикистон наздик буда, дар муқоиса ба солҳои пеш вазъи озодиҳои шаҳрвандон хеле маҳдудтар шудааст. Ӯ таъкид намуд, ки дараҷаи дақиқ будани арзёбиҳои созмонҳое, ки бар асоси матлаби расонаҳои мустақил сурат мегирад, баланд аст.

"Дар сурати вокуниш накардан ба матлаби расонаҳо дар бораи вазъи сиёсӣ ё ба додгоҳ муроҷиат накардан, ин ба он маъност, ки мақомот қабулаш кардаанд ва воқеият дорад",-афзуд Қодиров.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Бори аввал нест, ки вазъи озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Мақомоти тоҷик одатан аз вокуниши фаврӣ ба арзёбиҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон худдорӣ мекунанд ва танҳо дар бархе нишасту гуфтугӯҳои расмӣ иддаои созмонҳоро дар мавриди вазъи бади озодиҳои сиёсӣ дар кишвар рад мекунанд.

Соли гузашта ҳам як таҳқиқоти байналмилалӣ муайян карда буд, ки Тоҷикистон аз назари дастрасӣ ба илму таҳсил пешрафт карда, вале аз озодиҳои сиёсӣ маҳдуд аст. Тоҷикистон бар асоси арзёбиҳои Шохиси пешрафти иҷтимоӣ дар соли 2019 (Social Progress Index) дар миёни 149 кишвари мавриди таҳқиқ дар мақоми 107-ум қарор гирифт.

Тоҷикистон на танҳо дар Шохиси демократӣ дар кишварҳои ҷаҳон, балки дар гузоришҳои дигари созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳамчун кишвари ғайридемократӣ тавсиф мешавад.

Дар "Шохиси демократӣ 2019"-и The Economist Intelligence Unit, Норвегия, Исландия ва Швейтсия ба тартиб дар раддаҳои аввал ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ва Кореяи шимолӣ дар қаъри феҳрист қарор доранд.

Пажӯҳиши мазкур ин бор ҳам Русияро ба кишварҳои дорои низоми авторитарӣ шомил кардааст. Украина, Молдова, Гурҷистон, Арманистон ва Қирғизистон дар ин шохис байни кишварҳои низомашон омехта ва то ҷое демократӣ ҷой гирифтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG