Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон – бе номзади муҳоҷирон?


Ҷонӣ Сафарзода ва Иззат Амон. Аксҳо аз бойгонист.

Иззат Амон ва Ҷонӣ Сафарзода, ду нафаре, ки ба намояндагӣ аз муҳоҷирон дар интихоботи порлумонии моҳи март дар Тоҷикистон иштирок карданӣ буданд, аз тасмими худ даст кашидаанд. Онҳо мегӯянд, пеш аз он ки ба Тоҷикистон омада, барои сабтином санад пешниҳод кунанд, бо монеҳо рӯ ба рӯ шуданд. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, то ин дам ягон муҳоҷир ба ҳайси довталаби курсии вакили Маҷлиси Намояндагон муроҷиат накардааст.

Иззат Амон ва Ҷонӣ Сафарзода, ду фаъоли муҳоҷирон дар Русия, панҷ моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда буданд, ки нияти иштирок дар интихоботи порлумониро доранд. Иззат Амон гуфта буд, барои иштирок дар интихобот нияти таъсиси ҳизби наверо бо номи "Тағйирот, ислоҳот ва рушд" дорад.

“Таҳдид, меъёри қонун, гаравпулӣ”

Ба баргузории интихоботи порлумонӣ беш аз як моҳи дигар мондааст. Ин ду фаъоли муҳоҷирон мегӯянд, “бо далелҳое, ки аз онҳо вобаста нест”, аз тасмими худ даст кашиданд. Иззат Амон гуфт, пас аз эълони тасъсиси ҳизб фишор болои хонаводааш оғоз шуд ва паёмҳое дарёфт кард, ки ӯро муввақатан аз рафтан ба Тоҷикистон бозмедорад.

“Тақрибан даҳ навори видеоӣ аз номи гӯиё сокинон нашр шуд, ки агар аз фикрам пас нагардам, маро мекушанд ё зиндонӣ мекунанд. Фишорҳои дигар ҳам буд. Мо дидем, ки иқдоми қонунии моро дуруст дарк намекунанд ва аз ин ният даст кашидем,” -- гуфт ӯ.

Бино ба ҳисобҳои расмӣ камтар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд. Мавзӯи намоянда доштани муҳоҷирон дар порлумон дар ҳоле ба миён омадааст, ки онҳо аз бетаваҷҷуҳии мақомот ба мушкилашон шикоят мекунанд.

Ҷонӣ Сафарзода, фаъоли дигари тоҷик, мегӯяд, идеяи иштирок дар интихоботро ба ӯ муҳоҷирони дигари корӣ пешниҳод карданд. Ӯ гуфт, дар садади таҳияи санадҳо барояш гуфтанд, “беҳуда худашро ғам надиҳад”, чун нафаре, ки панҷ сол берун аз Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст, ҳаққи номзад шудан надорад.

Қонунҳои Тоҷикистон ширкати афродеро, ки панҷ сол дар хориҷ зиндагӣ кардааст, дар интихоботи президентӣ ва порлумонӣ маҳдуд мекунад.

Шарҳи масъули КМИР

Махфират Хидирова
Махфират Хидирова

Махфират Хидирзода, узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 16-уми январ гуфт, ҳар нафаре, ки панҷ сол дар муҳоҷират аст, вале сари чанд вақт ба кишвар омада, дар қайди маҳалли зисташ аст, ҳуқуқи пешбарии номзадиашро дорад. “Агар шаҳрвандии кишвари дигарро гирифта бошад ё душаҳрвандӣ дошта бошад, аз ин ҳақ маҳрум аст. Бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошад. То имрӯз ягон муҳоҷир ҳамчун номзад сабтином нашудааст,” -- гуфт ӯ.

Ҷонӣ Сафарзода мегӯяд, соле то ду ё се бор ба Тоҷикистон меравад, аммо мушкил сари гаравпулӣ ва сарчашмаи маблағҳо будааст. “Вақте пурсиданд, ки гаравпулиро аз кадом ҳисоб мепардозӣ, гуфтам, аз ҳисоби муҳоҷирон. Гуфтанд, интиқоли пули сарчашмааш номаълум аз хориҷи кишвар барои ширкат дар интихобот мумкин нест. Хулоса, ҳис кардам, ки монеагузорӣ аст. Дарк кардам, ки пули муҳоҷиронро ҳайф кардан ва иштирок кардан нодуруст аст," – нақл кард ӯ.

Иззат Амон ва Ҷонӣ Сафарзода солҳо боз дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди ҳодисаҳои Тоҷикистон мавқеъгирӣ мекунанд.

Тасмим “ҷиддӣ” набуд?

Шаҳбоз Халилов, муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки молики ширкати хурди сохтмонист, мегӯяд, аз ибтидо маълум буд, ин ду нафар ҷиддӣ нестанд ва тасмимашон барои амалӣ шудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаротар намеравад.

Ӯ мегӯяд, агар ҳадаф аз пешниҳоди номзад аз ҳисоби муҳоҷирон дар порлумон ба хотири ҳалли мушкили онҳо бошад, ин як андешаи иштибоҳӣ аст. Ба андешаи ӯ, мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар сиёсӣ аст.

“Бо ду ё се-чаҳор вакил аз ҳисоби муҳоҷирон чизе ҳал намешавад. То вақте порлумон мустақил нест, баранда шудан ва порлумон рафтан чизеро дигар намекунад. Агар порлумон воқеан шохаи мустақили ҳокимият бошад ва масалан ба таҳдидҳои Русия посух диҳад, ки ҳузури пойгоҳояшро бозбинӣ мекунад, он гоҳ шояд чизе тағйир ёбад,” --гуфт Халилов.

Аммо аз сӯи дигар, ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, аз талошҳои кӯчаки ҳамватанон барои тағйире дар сиёсати Тоҷикистон бояд истиқбол кард ва онҳоро барои амалӣ кардани тасмимҳояшон ташвиқ кард.

“Вакилон намояндаи муҳоҷирон ҳам ҳастанд”

Намояндагони ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мегӯянд, идеяи вакил аз ҳисоби муҳоҷирон мантиқӣ ба назар намерасад, чун ҳар вакил намояндаи мардуми минтақаи интихобшудааш ҳаст ва онҳо аз ҳаққи муҳоҷирон низ ҳимоят мекунанд.

Саидбек Мирзомуддинов, намояндаи ҳизби ҳокими Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, вакилони порлумон ҳамасола ба ин кишвар мераванд ва ба дарди дили муҳоҷирон гӯш медиҳанд.

Аммо муҳоҷирон мегӯянд, ин мулоқот дар доираи маҳдуд сурат мегирад ва арзи онҳо шунида намешавад.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, раиси созмони мухолифи “Ислоҳот ва рушд” дар Аврупо мегӯяд, дар мисоли Қирғизистон порлумон метавонад ба беҳтар шудани вазъи муҳоҷирон таъсир расонад. Ӯ мегӯяд, вақте муҳоҷирони қирғиз таҳқир ва ё ҳуқуқашон поймол мешаванд, порлумони ин кишвар зуд вокуниш мекунад.

Аз ин рӯ, ба андешаи ӯ, вакилони мустақиле, ки аз ҳаққи интихобкунандагон дифоъ карда тавонанд, бисёр муҳим аст.

“Агар як муҳоҷир панҷ нафарро дар Тоҷикистон хӯронад, пас, панҷ миллион аҳолии кишвари мо аз ҳисоби муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд. Албатта, дар чунин сурат дар як кишвари демократӣ аз ин қишри аҳолӣ ҳатман дар порлумонаш курсӣ ҷудо мекунанд. Лекин замоне, ки вакилони мо таъйинотӣ ҳастанд, онҳо чизеро тағйир намедиҳанд”, -- мегӯяд Гадоев.

“Талаб мекунем, вале хостҳоямон иҷро намешавад”

Бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон интиқодҳоеро, ки вакилон мустақил нестанд ва аз ҳаққи муҳоҷирон ҳимоя намекунанд, қабул надоранд.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, вакил аз ҳизби демократ мегӯяд: “Аз вазирону мансабдорони дигар ва аз он танқидгарон дида, сахттар талаб мекунем. Мутаассифона, хостҳои мо иҷро намешаванд. Механизми иҷрои қонунҳоро вакил дар даст надорад. Барои мисол, мо наметавонем сафири Тоҷикистонро дар Русия барои дуруст кор накардан аз вазифааш бигирем”, -- гуфт ӯ.

Рӯзи 1-уми марти имсол дар Тоҷикистон сокинон барои 63 курсии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ вакил интихоб мекунанд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, то 16-уми январ ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳафтод номзад пешниҳод кардаанд. Шумораи номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ҳанӯз эълон нашудааст.

Шумораи зиёди ройдиҳандагон дар Русия ҳастанд. Иззат Амон, фаъоли муҳоҷирон, ки аз ширкат дар интихобот даст кашидааст, мегӯяд, теъдоди хеле ками муҳоҷирон имкони ширкат дар ройдиҳиро доранд. Мақомот мегӯянд, бо ташкили 39 нуқтаҳои ройдиҳӣ дар хориҷ иштироки муҳоҷиронро дар интихобот таъмин хоҳанд кард.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (16)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG